Бахшҳо

Хабарҳои зиддунақиз дар бораи марги Нелсон Мандела

Дар як рӯзи ахир расонаҳои ҷаҳон хабарҳои зиддунақизеро дар бораи марги Нелсон Манделаи 94-сола, нахустин раисиҷумҳури сиёҳпӯсти ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, нашр карданд. Агар баъзе аз расонаҳо аз марги ӯ хабар дода бошанд, баъзеи дигар ҳам навиштанд, агарчӣ вазъи сиҳҳати Нелсон Мандела вахим аст, аммо ӯ дар бемористон асту нафас мекашад.

Нелсон Мандела аз моҳи декабри соли 2012 мариз буд ва чор бор бистарӣ гардид.

Давоми чанд рӯзи ахир вазъи саломатии ӯ ба якборагӣ бад шуд ва табибон ӯро ба дастгоҳи нафаси сунъӣ пайваст карданд. Рӯзҳои ахир ҳазорон сокини пойтахти Африқои Ҷанубӣ назди беморхона ҷамъ шуда буданд ва барои саломатии Нелсон Мандела дуо мекарданд.

Нелсон Мандела, яке аз муборизони ҳифзи ҳуқуқи мардуми сиёҳпӯст 26 соли умрашро дар маҳбас гузарондааст. Гуфта мешавад, ба маризии сил дар зиндон гирифтор шуд ва ҳамин беморӣ ӯро зиёд азият медод.

Нелсон Мандела 18-уми июли соли 1918 таваллуд шудааст. Баъд аз хатми колеҷ бо истибдод дар Африқои Ҷанубӣ муборизаи шадидро оғоз кард. Соли 1950 Мандела президенти лигаи ҷавонони Конгресси миллии Африқо таъин шуд. Соли 1964 аз сӯи ҷонибдорони истибдод боздошт ва барои 26 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Соли 1990 аз маҳбас раҳо гардида, соли 1994 дар интихоботи президентӣ пирӯз ва аввалин раисиҷумҳури сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ гардид. Соли 1999 Нелсон Мандела ба истеъфо рафт.

Барои талошҳояш барои сулҳ, баробарҳуқуқии сиёҳпӯстон дар кишвараш ва сайёра Нелсон Мандела бо бисёр ҷоизаҳо қадр шудааст, ки маъруфтаринаш ҷоизаи сулҳи Нобел мебошад. Вай узви фахрии беш аз 50 донишгоҳи ҷаҳон буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)