Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:52

"Воқеан, мағзи миллат гуфтани Шумо душвор шудааст"

28 июн 2013, 14:55

Сайф САФАР, барои “Озодагон”

Зиёӣ кист? Ин савол солҳои ахир зиёд шунида мешавад ва дар ҷавоб чунон таърифҳои мухталиф дода мешаванд, ки кас дар кӣ ва чӣ будани рисолати зиёӣ дар мемонад.

Яке онро “шахси соҳиби ақида ва тафаккури барҷаста”, қаламдод мекунад, дигарӣ бар ин аст, ки он “шахсест, ки тамоми атрофро, мавриди шубҳа қарор медиҳад”, савумӣ гуфта ки “онҳо дорои вижагиҳои сутудаи ахлоқӣ ва фарҳангианд.”

Инҳо муште аз хирворанд, ки бо гуглидани (дар Google ҷустан)“Зиёӣ кист?” ба чашм мерасанд. Дар кишвари мо зиёиро, илова бар таърифҳои боло, чизи дигаре мушаххастар мекунад ва он ҳам вохурии ҳарсолаи раисиҷумҳур бо зиёиён. Яъне, онеро ки дар ин чорабинӣ ҳузур пайдо кард, метавон зиёӣ гуфт.

Иддае аз соҳибназарон иштирокчиёни ин рухдодро зиёӣ намешуморанд ба ин далел, ки онҳо ба ситоиш ва тамаллуқи шахси аввали кишвар мепардозанд ва бештар мушкилоти хусусии худро дар миён мегузоранд, ки ин хоси зиёӣ нест. Бигзор дар ин маврид чашм пӯшему гӯем, ки ин эроди шахсонест, ки номашон дар рӯзи вохурӣ бо раисиҷумҳур аз қалам меуфтад ва ин далели интиқодашон аст. Аммо яқин медонам, ки ширкаткунандагон ё ҳамон зиёиёни ҳамешадаъват бо ин таъриф аз зиёӣ “шахсест, ки тамоми атрофро, мавриди шубҳа қарор медиҳад”, дар таззоданд. Фарзи мисол, ин ашхос ба ҳеҷ ваҷҳ тавони онро надоранд, ки суханронии як мансабдорро мавриди шубҳа қарор бидиҳанд, чӣ расад ба раисиҷумҳур. Танҳо ду ҷумла, яке “Хуб шудаст, ҷаноби олӣ” дар ҷараёни вохӯрӣ ва дигарӣ “Ман ин вохӯриро мусбат арзёбӣ мекунам” пас аз анҷоми мулоқот дар пеши дурбинҳои телевизионҳои давлатӣ садо медиҳанд. Ҳол, онҳоеро ба далели бенасиб мондан аз ширкат дар мулоқот бо раисиҷумҳур зиёӣ ном нагирем ва дигаронро ба иллати ситоишу тамаллуқашон, пас мо зиёӣ надорем.

Ахиран, рӯзноманигори маъруф Олга Тутубалина бо изҳори андешааш дар як сутун, ангор чӯб бар хонаи занбӯр зад ва барои ман, ки то ин дам, дар шинохти зиёӣ андармон будам, рӯшан кард. Ӯ аз қавли доҳии пролетариат зиёиёни кишварро “наҷосати миллат” хондааст ва онҳо, қарор аст, алайҳи ӯ ба додгоҳ шикоят кунанд. Дар воқеъ, ҷолиб аст, ки касе худро мухотаби зиёӣ қарор диҳад, ҷуръат мехоҳад. Меҳмон Бахтӣ буд, ки дар саргаҳи ин ибтикор қад алам карду даҳ иттиҳодияву созмонро ҳам фаро хонад. Аз ин ба баъд, дигар худамро заҳмат намедиҳам ва зиёӣ намеҷӯям. Сипос аз Олга Тутубалина, ки ошкорашон карду барои як лаҳза ҳам бошад, бо ҳам бар сари миз шинонд.

Хуб, қабул дорем, шумо зиёиед. Яъне, нухбагонед, мумтозед. Пас шуморо мебояд дар баробари дифоъ аз шаъни худ ба мушкилоти мардуми оддӣ низ расидагӣ кунед. Кореро, ки кам мекунед. Чандеро ин ҷо ном мебарам , ки минҳайси як зиёӣ дар муқобили онҳо хамӯш будани шумо зиёиён гуноҳест бузург.

Муҳтарам Меҳмон Бахтӣ, хабар доред чанде қабл раиси Донишгоҳи омӯзгорӣ (шояд ӯ ҳам шомили он 10 иттиҳодия бошад)аз донишҷӯёни ин даргоҳ даъват кард, ки аз пойафзолҳои пошнадор истифода баранд. Дуруст, 5 сантиметр! Даст рӯи сина гузореду қазоват кунед. Кор то куҷо расидааст. Як академик бо пошнаи донишҷӯ сар ба сар мешавад. Пошнаи 5 сантиметрӣ дониши касеро афзун кардааст, магар? Шармандагие беш нест ин тасмим! Чаро хомӯшед дар ин маврид? Ё ҳамназаред?

Ҷаноби Меҳмон Бахтӣ, шумо мегӯед Ленин дар ҳоле аз калимаи “наҷосат” кор гирифт, ки шуморе аз ҳамсафонаш аз чаповул кардани калисоҳо худдорӣ карданду канор рафтанд. Нусхаи ҳамин амалкарди Ленину ҳаммаслаконаш, алъон дар кишварамон дар ҳоли рушд аст. Бастани дари масоҷид, ҷилавгирии наврасон аз рафтан ба он ва ҳатто ҷарима кардан барои адои намоз, дуруст такрори ҳамон амали болшевикон аст. Боз ҳам мӯҳри хамӯшӣ бар лаби зиёиён. Воқеан мағзи миллат гуфтани шумо як андоза душвор шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!