Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:26

Раҳматулло Зоиров: “Ҳафтод пуштам тоҷиканд, на узбак!”

28 июн 2013, 17:37

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва мудаии курсии президентӣ, дар ҷавоб ба изҳороти бархе аз корбарони шабакаи Фейсбук, ки ӯро узбак номидаанд, шаҷараашро нашр кардааст, ки ба Хоҷа Аҳрори Валӣ рабт дода мешавад.

Зоиров мақсад аз нашри шаҷараи гузаштагонашро хотима бахшидан ба гуфтугузорҳо дар бораи аҷдодаш унвон карда, илова намудааст, ки “авлодамон шаҷараашонро аз асри 4-и мелодӣ оғоз кардаанд, ки ин ҳудуди 68-70 пуштро дар бар мегирад. Аммо ман танҳо 25 насламонро меорам, ки аз Шайх Умари Боғистонӣ оғоз мешавад ва дар асри 13 таваллуд шудааст. Писараш Шайх ан-Таҳур аст, ки ба номаш дар Тошканд яке аз кӯчаҳо гузошта шудааст. Яке аз писарони Шайх ан-Таҳур Ҳазрати Довуди машҳур ва духтараш, модари Хоҷа Убайдуллоҳ Аҳрор (1404 – 1490) будааст. Падари Хоҷа Аҳрор -- Саид Убайдуллоҳ, зодаи Хоразм буд, ки шаҷараи худро ба авлоди пайғамбар рабт медод.”

Дар идома Зоиров меафзояд, даъвои хешӣ бо паёмбарро надорад ва марбут ба авлоди Хоҷа Аҳрори Валӣ аст: “Хоҷа Аҳрори Валӣ ду фарзанд дошт, ки шаҷараи авлодам аз писари калонияш, Хоҷа Калон оғоз мешавад.”

Раиси ҲСДТ мегӯяд, хулоса решаи аҷдодаш аз Ҳафтрӯд, Зарафшон, Бухоро, Самарқанд, Истаравшан, Хуҷанд, Ашт, Шуғнон, Рашт ва ғайра сар мезананд.

Раиси ҲСДТ меафзояд, худаш чун бобояш Хоҷа Аҳрори Валӣ дар деҳаи Боғистон таваллуд шудааст, ки бошандагони он то имрӯз сад дарсад тоҷиконанд: “Ҳамин тариқ, 70 пушти ман тоҷиканд!”

Раҳматулло Зоиров дар сурати шубҳа аз таърихшиносону муҳаққиқон даъват кардааст, ки дар мавриди шаҷарааш ибрози назар кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон, охиран пас аз сафарҳои пай дар пай ба Россияву Ӯзбекистон эълон дошт, ки номзадии худро барои ширкат дар интихоботи президентии соли ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад гузошт. Рафтори ӯро дар ҷомеа ба таври ҷиддӣ қабул накарданд, аммо Зойиров бо як пофишории хос дар воситаҳои ахбори омма тасмимашро қатъӣ гуфта, идома медиҳад: «Бале ширкат хоҳам кард, аммо на танҳо аз сӯи неруҳои мухолиф, балки аз тамоми нерӯҳои демократӣ. Ин посухи ман ҷиддӣ буд».
Гуфтори Зойиров дар ҳоле садо дод, ки ӯ қаблан номзадиаш ба мансаби президентӣ ва иштирок дар интихоботро номуайян номида буд. Баъди сафар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар оҳанги гуфтори ӯ ҷиддият пайдо шуд. Ҳатто замоне ки созмони Ҷунбиши миллӣ аз номи ӯ дар интихобот дастгирӣ кард, Зойиров ягон баромади махсус надошт ва иқдоми Ҷунбиши миллиро сад дарсад ҷонибдорӣ накард. Гӯё оташе буд, ки як афрӯхта шуду хокистар гашт, яъне ғайр аз ҳамон ҳафта, касе ба ин сухан мутаваҷҷеҳ нашуд. Аммо ин тасмими кунуниаш хеле бодиққат ва ҳассос менамояд. Масалан, мегӯяд: «Бидуни хоксории дурӯғин мехоҳам бигӯям, ки номзади ягона дар интихоботи президентӣ на танҳо аз ҷониби ҳизбҳо ва гурӯҳҳои мухолиф, балки аз тарафи гурӯҳҳои демократӣ низ бошам. На барои он ки ман беҳтаринам. Ман ҳокимиятро дӯст намедорам. Ман шаҳрванди оддӣ, ростқавл, ба қадри кофӣ таҳсилдида ва масъулиятшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам. Ҳоло бошад, номзадии худро пешбарӣ мекунам ва эълон медорам, ки ин масъулиятро барои Ватан ва халқи он ба ӯҳда мегирам».
Чуноне ки дар суханҳои боло намудор мегардад, Зойиров худро шахси беҳтарин ва ҳукуматбезор номидааст. Агар ҳақиқатан ҳам Зойиров аз ҳукумат безор мебуд, ҳеҷ гоҳ номзадиашро дар интихобот намегузошт ва худро шаҳрванди оддӣ ва таҳсилдида ном намебурд. Ҳаминро бояд гуфт, аксари кулли шаҳрвандони дар сохторҳои қудративу низомӣ кору фаъолиятдошта таҳсилкарда ҳастанд. Аммо дар назари Зойиров танҳо шахсияти ӯ ба қадри кофӣ таҳсилдида менамояду халос. Гӯё дигарон ба қадри кофӣ таҳсил надидаанд ва масъулиятшинос нестанд.
Бояд гуфт, ки то лаҳзаи сафар ба Ӯзбекистон Зойиров дар ҳеҷ куҷо дар хусуси гузоштани номаш ба интихобот ҷиддӣ тасмим нагирифтаву нагуфта буд, вале баъди бозгаштан аз Ӯзбекистон вай эълом кард, ки инштирок хоҳад кард. Метавон ба хулосае омад, ки Зойиров дастандаркори Ӯзбекистон аст ва дар ин сафар роҳи ояндаашро муайян карда. Агар ӯ аз одамони давлати ҳамсоя нест, пас чаро пештар ин тасмимро нагирифт. Ҳадс задан мумкин аст, ки роҳбарони воломақоми кишвари ҳамсоя ӯро бовар кунонидаанд, то дар интихоботи дарпешистода номзадиашро гузорад ва эҳтимоли ғолиб омадан бо дастгирии онҳо вуҷуд дорад. Аммо бидонанд, ки ҳамон каму беш боварии доштаи баъзе тоҷикон пас аз сафар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз байн рафт ва барои ҳамагон маълум гардид, ки Зойиров кист ва барои кӣ хизмат мекунад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОООбоо и Рахматулло Зоировам одами бузург будааст, ку абача овозат дар худуди чумхури пахн шуд и баъзе занако фахмад дуохони миёяд и ту авлиё будаи Зоиров гаштаи хизб гуфа рав эмом хатиби ягон масчид товба дигар гап наёфти кариб худашро авлоди пайгамбар эътироф карда буд. Гумуш кун Зоиров аврохои чунин бузургонро норохат накун ту ба Худову бандаш маълум хасти чи гуна одам хасти. Худтаърифкуни кори хуб нест хазрати домулло Зоиров.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!