Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:55

"Ба мо гуфтанд, ки то омадани президент планшет харем"

28 июн 2013, 18:46

Як корманди созмони ғайриҳукуматӣ дар вилояти Хатлон, ки нахост номаш ифшо шавад, дар сӯҳбат ба мо гуфт, онҳоро барои харидории планшетҳо маҷбур кардаанд.

Ба қавли мусоҳиби мо, рӯзи 26-уми июни соли ҷорӣ Ҷумъахон Сафаров, раиси ноҳияи Шаҳртус, ӯ ва дигар намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бонкҳо ва тоҷиронро ҷамъ карда, дар ин бора сӯҳбат кардааст. “Ҳоким ҳамаро вазифадор кард, ки яктогӣ планшет бихаранд. Ин планшетҳоро президент ҳангоми сафараш ба ятимон дар Қӯрғонтеппа тақдим мекардааст”,-афзуд мусоҳиби мо.

Ба гуфтаи ӯ, аз онҳо барои харидории ин планшетҳо тақрибан дусад долларӣ талаб кардаанд. “Аз мо хостанд, ки ҳар кадомамон то якуми июл 850 сомонӣ бипардозем. Имрӯз ҳам занг зада ва ёдрас карданд, ки вақт наздик омадааст”,-илова кард ӯ.

Ин корманди яке аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Хатлон мегӯяд, раиси ноҳияи Шаҳристус дар сӯҳбат ба онҳо гуфтааст, “ин фармон аз болост.” Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, “ман ҳамагӣ 500 сомонӣ маош дорам. Аз куҷо бояд дар чаҳор рӯз 200 доллар пайдо намоям?” Вай афзуд, “бовар надорам, ки ин амри раисиҷумҳури Тоҷикистон бошад, то аз пули мо барои ятимон планшет ҳадя кунад.”

Қарор аст, рӯзҳои наздик Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба вилояти Хатлон рафта, аз шаҳри Қӯрғонтеппа, навоҳии Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ боздид намояд.

Пештар аз ин, рӯзи 23-юми май, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба бештар аз 2 ҳазор ҷавони тоҷик планшет тақдим карда буд, ки боиси вокунишҳои зиёде гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!