Бахшҳо

Тоҷик ё узбак? Баҳси гарм дар пайи “чак-чак”-и кӯдаки 4-сола

Дар интернет наворе ба сайр даромадааст, ки таронасароии як тифлро ба намоиш мегузорад. Дар шарҳи ин видео гуфта мешавад, тифл чор сол дошта ва аз хонаводаи узбак мебошад.

Ин кӯдак таронаи маъруфи «Чак-чаки борон»-и Далер Назаров, номовартарин хонандаи тоҷикро иҷро мекунад. Бештари шарҳнависон дар шабакаи Ютуб ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳунари ин хонандаи кӯчак баҳои баланд додаанд. Аммо нафароне ҳам ба ҳақиқӣ будани ин видео шубҳа доранд. Барои мисол як нафар дар Ютуб навишта, ки «ҳанӯз даҳонашро боз накарда, садо баланд шуд. Намедонам чӣ фикр кунам. Аммо ба ҳар сурат хондани хеле олӣ!»

Аммо бештари назарнависон дар бораи тоҷик ва ё узбак будани ин кӯдаки чаҳорсола баҳс кардаанд. Иддае аз онҳо навиштаанд, танҳо тоҷик метавонад бо чунин шеваи ноб таронаи тоҷикиро бисарояд. Вале сафи онҳое, ки бовар доранд, ин кӯдак узбак аст, кам нестанд.

Ин видео ду рӯз қабл, 27-уми июн, дар Ютуб гузошта шуда ва то лаҳзаи навиштани ин хабар онро 8 320 бор дидаанд.

«Чак-чаки борон» аз маъруфтарин таронаҳои Далер Назаров мебошад. Ин таронаро Юлдуз Усмонова, овозхони шинохтаи Узбакистон низ зиёд дӯст медорад ва дар яке аз ҳунарнамоиҳояш дар Душанбе ҳамроҳ бо Далер Назаров онро иҷро карда буд.


Мӯҳр
Салом ба хама!
Хар касе бошад ё набошад (точик ё узбак) таронаро бенихоят бо як забони ширини кудаконаи ба худ хос сурудааст. Ахсан ба хамон падару модаре, ки тарбияи ин кудакро ба ухда доранд. Шояд дар оянда яке аз хунарманди асоли санъати точик шавад. Тарона хам таронаи ноб аст, ки Далер Назар ичро кардааст!
Саломат бошед.

Агар сурудро дар хакикат худи кудак сароида бошад оли аст ва дар оянда ситораи точик хохад шуд.

sohib
ана инро хунар мегуянд, муъчиза

Раҳмат ба падарат бениҳоят оли хондай. Мо тоҷикҳо фақат мекобем ку аз куҷо бошад. Фарқаш чи аз куҷо вай. Муҳимаш ки суруди тоҷикиро бо санъати балнд хонадай. мо тоҷикион бояд фахр кунем.
Ба номи худо ки аз далер назарда хубтар хондай.
чоп кун озодагон илтимос

бояд кайд кард,ки чаро узбек?агар забони точики ширину бомаза намебуд намехонд ва хатто дар ин кудак ягон "аксент"хам надорада-коила чи ин аз зоти Темуру Улугбек ми?ку ба чои ин бихонад сурудаи Улдузу Шералиро охи вай точик аст точик буданаш охир дар хамин суруд мана ман мегуд ку-ия

Дар инчо на факат гап дар забони ширини точики аст, инчуни дар эчодиети мисики ва овозхонии ширини овозхони машхури эстрадаи точик Далер Назаров мебошад. Далер Назаров бо эчодиети бехамтои худ дар тамоми чахон машхур хаст. На факат узбек, балки тамоми халкхои дуне сурудхои уро дуст медоранд ва месароянд.

Гули
Ахсан ба ту ширинак

Сохибназар
Хамин узбако кай таърих доранд таърихро хонед хамаи онхо решаашон аз форс омадаги... Ин кудакча аз вилояти Сугд аст ё агар бошад аз Самарканд ё Бухоро аст. Узбак ки бошад аз кучо точики хонадги. Баъдан садои ун танзим кардаги аст ва зебоаш карданд.

Гули
Хамаи мо инсон хастем ва парвардигори бузур хар яки моро офаридай. Мо бояд махалгаро набошем.

Дар хакикатам мо мардум хамавакт аз пушти махал мегардем ,ки ин бисёр кори баъд аст ,дар хотир дошта бошед чанги шахрванданиро ,аз кучо сар зад аз пушти махалгароии мо точикон ва дар бораи ин тифлак гуфтаниям сурудро ба дарачаи оли сароидааст ,аммо Далер Назаров устоди санъат аст тифлро ба ин устод баробар кардан ба фикри манкори хуб нест ва хар сарояндаи мо мисли Далем хунар надорад .Далер имруз дар тамоми чахон машхур аст гуемам хатто намепкунем .

Салом хамватанон ин хофизи чавони 5 сола Журабек ном дорад. ва ин аз Андижон мебошад,ман бо падари Журабек дар сайти одноклассник шиноси мебошам ! инчо махалачиги лозим нет.хох узбек хох точик мо хамсояи наздиктаринем.

Мухимхам нест, ки точикаст е узбак!!!! Мухим он аст, ки бо забони ширини точики месарояд!!!). Урааааааа

точик
кудак хеле ширин аст мисли кудакони дигар вале метарсам ки бузург шавад моро лаънат хохад кард

Точик
Бародарон то ба кай мо оби дари хонаро хира мегуем. Далер Назаров хакикатан хофизи мумтоз буда ба хама унвонхо лоик аст. Аммо ягон унвон надорад, вале барои мардум писандидатарин сароянда мебошад. Чунки овози асил дораду шеъри асилро мехонад. Суруди чак-чаки борони далер ,шеъри Лоик буда, Ман бо духтаре вохурдам, ки Филип Киркоров " Я встретил девочку"-и Турсунзода хонд,ки дар яке аз барномахои ТВ РОССИЯ онро моли мардуми Кавкоз эълон карда буданд. То ба кай молимо ва худи моро эътироф намекунанд. Мо ки ба кадри худ намерасем, дигарон хам ба кадри мо намерасанд. Ин кудаки чорсолаи узбак ин суруди чаззобро ба руссия бурда моли узбак эълон кард ва миллати худро тавонист муарифи кунад. Чаро мо наметавонем моли худро сохиби кардан. Чи даъвои Самарканду Бухороро кардан.

Агар миллаташ исбот шуд, хатман махаллашро чуед. Кай аз ин махалгарои халос мешуда бошем?! Вой бар ин миллати Шариф!! дар паи як тарона ин кадар гавго.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)