Интиқоди вазир аз таъминкунандагони амнияти президент
Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар ҷаласаи фаврӣ аз фаъолияти Воҳиди махсуси ВКД, ки амниятро дар хатти ҳаракати президенти Тоҷикистон ва меҳмонони баландпоя таъмин мекунанд, интиқод намуд.
Тибқи иттилои ВКД, Раҳимов дар ҷаласаи рӯзи 29-уми июн бо зикри шикояти шаҳрвандон ва нашри мақолаҳои танқидӣ таъкид кардааст, ки “дар фаъолияти БДА ва Воҳиди махсуси ВКД ҳолатҳои вайрон кардани интизоми хизматӣ ва муносибати дағалона бо шаҳрвандон ба назар мерасад.” Вазир зикр намудааст, ки худи сарвари давлат борҳо дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ нисбат ба фаъолияти кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ сарзанишу эродҳо гирифтааст, ки ин обрӯи макомоти корҳои дохилиро дар назди ҷомеа коста мегардонад.
Рамазон Раҳимов барои гузаронидани ротатсия ва бартараф намудани камбудҳои ҷойдошта ба кормандони БДА-и шаҳри Душанбе ва Воҳиди махсус се моҳ мӯҳлат муайян карда, ҳушдор додааст, ки дар сурати ислоҳ нашудан нисбати масъулин чораҳои қатъӣ, аз ҷазои интизомӣ то озод намудан аз вазифа, андешида мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар шаҳри Душанбе шикояти шаҳрвандон аз роҳбандиҳо ва муносибати маъмурони пулис зимни ҳаракати президент ва меҳмонони баландпоя дар пойтахт афзоиш ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |