Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:12

Ба фурӯш баромадани тақвими Рамазон ва бехабарии Шӯрои уламо

1 июл 2013, 09:55

Дар ҳоле ки Шӯрои уламои Маркази исломӣ мегӯяд, ҳанӯз замони фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистонро дақиқ нашудааст, аммо дар бозор ва кӯчаҳои шаҳри Душанбе тақвими ин моҳ ба фурӯш баромадааст.

Бино бар ин тақвимҳо, моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон субҳи нуҳуми июл оғоз ёфта, то ҳаштуми август идома хоҳад кард. Рӯзи аввали ин моҳ 16 соату 25 дақиқа тӯл доштааст.

Ин дар ҳолест, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, аз чунин тақвим хабар надорад ва намедонад, кӣ онро нашру паҳн кардааст. Ба гуфтаи як намояндаи Шӯрои уламо, онҳо 2-юми июл рӯзи аввали моҳи Рамазон дар Тоҷикистонро дақиқ хоҳанд кард.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамар ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Соли гузашта дар Тоҷикистон моҳи Рамазон 20-уми июл оғоз гардида, иди Фитр 19-уми август таҷлил шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!