Бонки ҷаҳонӣ: Бори беҳдошт дар Тоҷикистон ба дӯши мардум аст
Бонки ҷаҳонӣ бо нашри як гузориш дар мавриди вазъи беҳдошт дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфтааст, бори соҳаи тандурустиро дар Тоҷикистон асосан мардуми оддӣ мекашанд.
Ин ниҳоди молиявӣ Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳое шомил кардааст, ки хароҷот барои беҳдошт аз ҳисоби аҳолӣ аз 40 то 70 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки ин нишондод дар бисёре аз кишварҳо ҳудуди 15-18 дарсадро ташкил додааст.
Бонки ҷаҳонӣ таъкид мекунад, ки хароҷоти зиёди давлатӣ низ барои тандурустӣ буҷетро осебпазир мекунад. Бино бар ин, Бонки ҷаҳонӣ маҷмӯи чорабиниҳо барои ҳимояи қишри осебпазири ҷомеа ва самаранокии хароҷоти давлатиро зарур медонад: “Бояд кафолати давлатӣ барои расондани хидмати тиббии ройгон бештар шавад ва маҳз қишри осебпазир аз он бархӯрдор гардад. Хароҷоту пардохтҳои ғайрирасмӣ коҳиш дода шаванд.”
Бонки ҷаҳонӣ барои ҳимояи буҷаи давлатӣ кам хардани хароҷот аз ҳисоби ихтисори инфрасохтори зиёдатии статсионарӣ, вуруди технология ва таблиғи пешниҳодкунандагони хадамоти тиббиро муҳим мешуморад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |