Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:18

Суқути тавтиъагарон алайҳи Асад, хонашинии Амири Қатар ва муҳосираи Урдуғон

1 июл 2013, 10:23

Ғарб, ки мехост намоиши шикасти Асад ва нобудии меҳвари муқовиматро коргардонӣ кунад, акнун ба вузуҳ мебинад, ки намоиш аз дасти коргардонон хориҷ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории «Форс» , Амири Қатар ба шакли ногаҳонӣ аз қудрат канора гирифт. Ин рузҳо ҳама мунтазир буданд, ки хабари тағйир ва таҳаввул дар раъси қудрат аз Риёз бирасад, аммо дар шароите, ки подшоҳи Арабистон сахт ба худ часпидааст, Амири Қатар сариреро, ки дар соли 1995 бо кудитои сафед аз падари худ гирифта буд, ба писари 33 солаи худ таҳвил дод ва рафт.

Барои ин тағйиру таҳаввул илали мутааддиде зикр шуда, ки ҳамагӣ мубҳам ба назар мерасанд. Бархе мегуянд, ки Амири Қатар дучори мушкили ҷисмонӣ будааст ва бархе дигар лузуми ҷавонгироӣ ва беҳбуди чеҳраи системи ҳокими назди ҷавонони қатариро матраҳ мекунанд. Ҳафтаномаи «Таймз» ҳам шикастҳои ахир дар Сурия ва лузуми беҳбуди чеҳраи Қатар дар афкори умумии ҷаҳонро иллати ин тағйир дониста ва бархе низ Иёлоти Муттаҳида ва Исроилро пушти пардаи ин тағйир медонанд.

Ҳар кадом аз ин маворид ё чанд марврид аз онҳо метавонад иллати тағйири мазкур бошад, аммо ин ёддошт қасд дорад аз манзаре мутафовит ба моҷаро нигоҳ кунад: муқоисаи соли 2011 бо шароити феълии минтақа, ғарбиҳо дар соли 2011 ва бо фурсате, ки инқилобҳои арабӣ дар ихтиёри онҳо ниҳода буд, талош карданд бо кумаки мутаҳиддини минтақа тағйир диҳанд ва ба коргардонии намоише пардохтанд, ки пардаҳои мухталифе дошт, акнун таваҷҷуҳи мухотабони гиромиро ба бархе аз пардаҳои намоиш ҷалб мекунем:

Пардаи аввал, ба ҳам рехтани қуво дар соли 2011 аст. Кори Зайнулобидин Бин Алӣ ва Ҳусни Муборак тамом шуда ва исломи сиёсӣ дар ҳоли соя афкандан бар минтақа аст. Кор бар Қаззофӣ низ сахт шудааст . Вашингтон худро таҳти таҳдид мебинад, аммо ба фикри ин аст, ки аз таҳдид фурсате барсозад. Агар Муборак ва Қаззофӣ ва Бин Алӣ ба дарди сар биафтанд, чаро Башор Асад бояд истисно шавад? Фурсати ҳамла ба ҳукумати Сурия ва дар натиҷа шикастани пайкараи меҳвари муқовимат фурсати хубе аст, ки мувозинаи қуворо алайҳи Эрон ва муттаҳидонаш тағйир медиҳад.

Ошубе Сурияро фаро мегирад ва хеле зуд ба даргирии мусаллаҳона табдил мешавад. Шиор ин аст, ки Асад бояд биравад, чун ба заъми онҳо у ҳам диктотуре ҳамчун Муборак аст. Аммо Асад ба ин роҳатиҳо таслим шуданӣ нест. У дар баробари хостаи Ғарб ва муттаҳидини арабаш меистад ва хеле зуд неруҳои мухолифи Асад ба анвоъи таслиҳот муҷаҳҳаз мешаванд. Кумакҳои молӣ ва таслиҳотӣ ба шуришиёнро Қатар, Туркия ва Арабистони саъудӣ бар уҳда мегиранд.

Коргардоне, ки муваффақ шуда оромишро аз Сурия бигирад, бо истифода аз Шурои амнияти созмони милали муттаҳид кори Қаззофиро дар Либия яксара мекунад. Фурсати хубест, то ҳамин сенория дар хусуси Сурия ҳам такрор шавад, аммо дар ҳамин пардаи аввал кор аз дасти коргардон дар меравад. Русҳо ва дустони чашмбодомияшон дар шурои амният, бо тамоми тавон дар баробари ин хостаи Ғарб меистад.

Пардаи дуюм: ҷанги шаҳрӣ

Бо омадани соли 2012 ва иртиҷоъи арабӣ ба ин натиҷа мерасанд, ки Асад ба ин роҳатиҳо рафтанӣ нест чун билахасс дар манотиқи шаҳрии дорои пуштвонаи мардум ҷиддӣ аст, бинобарин оромиши шаҳрҳо бояд ҳадаф қарор гирифта шавад. Бадеҳист, ки шуришиёни сурӣ онқадар ҳам тавон надоранд, ки ҷангро то Димишқ ва Ҳалаб пеш баранд; ҳамон Ҳамсва Ҳимоҳ барои онҳо кофӣ аст.

Коргардон ба як бозигари ҷадид ниёз дорад то мисли суперман вориди бозӣ шавад, аммо чӣ касе? қатариҳо ва саъудиҳо суперманро мешиносанд : қувои салафӣ! муҳим нест, ки Амрико аз соли 2001 ба исми мубориза бо террорисм дар ҳоли набард бо онҳост, муҳим ин аст, ки Мокиёвулисми ғарбӣ- арабӣ, имруз онҳоро муфид мепиндоранд. Қувои салафӣ аз Покистон гирифта то Чечен, барои вуруд ба Сурия басиҷ мешаванд ва шаҳрҳои Сурияро ба селе аз оташ ва ғубор бадал мекунанд.Онҳо корашонро хуб медонанд: мекушанд ва тахриб мекунанд, Орзуи Иморати исломӣ дар сари онҳост.
Бархе дар Ғарб ва ҳатто миёни шуришиёни Сурия нигаронанд, ки ин салафиҳо дигар ба ин роҳатӣ рафтанӣ нестанд. Садои гулула то наздикии маҳали истиқрори Асад ҳам шунида мешавад, аммо Асад таслим намешавад. Ҳомиёни минтақаӣ ва байналмилалии у ҳам муҳкам канораш истодаанд. Коргардон то инҷо муваффақ шуда аст, аммо ҳамчунон наметавонад қатъномаи минтақаи парвоз мамнуъро дар шурои амният ба тасвиб бирасонад. Бинобарин иҷоза медиҳад неруҳои салафӣ алайҳи Асад биҷанганд ва ҳам кушта шаванд ва ҳам бикушанд. Ба ин тартиб ду душмани Амрико тазъиф мешаванд.
Коргардон хушҳол аст; Сурия аз иттиҳодияи араб ихроҷ шуда , Мурси ва Урдуғон ҳам тамом қад пушти сенорияи у ҳастанд. Кори Сурия ба бунбаст расида аст, аммо ин бунбаст барои коргардон чандон ҳам бад нест. Хулоса бад ҳам намегузарад!

Пардаи сеюм: Кор аз дасти коргардон хориҷ мешавад

Соли 2013 фаро мерасад ва дар ҳамон авоили он, артиши Сурия контроли худро ба Димишқ муҳакам мекунад. Андаке мегузарад ва як бозигари ҷадид, бидуни иҷозаи коргардон вориди бозӣ мешавад: Ҳизбуллоҳи Лубнон ва раҳбарии коризмотики он. Иҳонати салафиҳо ба муқаддасоти исломӣ ваҷҳаи хабисе аз онҳо боқӣ гузошта аст ва сабр аз кафи неруҳои шиъаи минтақа рафтааст. Ҳизбуллоҳ ба ёрии артиши Сурия меояд ва ҳар рузи соли 2013 ҳамроҳ бо шикасте барои сенориянавис ва бозигаронаш рақам мехурад. Кор то онҷо пеш меравад, ки бо фатҳи шаҳри стротегии Ал-қейсар, иртиботи террористҳо бо Лубнон қатъ мешавад ва артиш ва Ҳизбуллоҳ ба суи Ҳалаб даст ба пеши руй мезананд.

Аз суи дигар, Туркия дучори нооромӣ мешавад. Милигароёни турк аз канор гузошта шудани фарҳанги ототуркӣ нороҳатанд ва майдони Тақсим-и Истанбулро ба саҳнаи задухурд табдил мекунанд. Сиёсатмадорон ва расонаҳои ғарбӣ ҳам ба ёрии муътаризон мераванд ва Урдуғон, ки аз назари муҳити равонӣ, ба шиддат оташинмизоҷ ва баъзан ғайри қобили пешбинӣ аст. Тамосе бо Обама барқарор мекунаду мегуяд ба хотири инкони иқдомоти танбиҳие тавассути Маскав, душмани деринаи туркҳо аз замони Усмонӣ то кунун, наметавонад коридури интиқоли силоҳ ба шуришиёнро боз нигаҳ дорад, акнун фақат марзи Урдун монда ба Ҳалаб фосила дорад.

Аз суи дигар, русҳо тасмим доранд ба Сурия С-300 таҳвил диҳанд, то руъёй минтақаи парвоз мамнуъ барои ҳамеша ба дасти фаромушӣ супурда шавад. Ҳоло кадом ҳавопаймо ҷуръати бархостан бар фарози Сурияро дорад, то ҷулуи парвози ҳавопаймоҳои суриро бигирад? Албатта коргардон дастбаста ҳам нест. Ба баҳонаи истифода аз силоҳи шимиёӣ дастури ирсоли силоҳ ба Сурияро медиҳад, аммо на чандон зиёд, чун намехоҳад силоҳҳои қудратманд дар ихтиёри салафиҳо қарор гирад. Коргардон медонад агар яке аз ин силоҳҳо дар Афғонистон яке аз неруҳояшро бикушад, дигар қодир ба ҷамъуҷур кардани афкори умумии Амрико нест!

Дар ҳамин кашокаш, саранҷом бузургтарин пуштибони молии террористҳо ва миёнҷии байни онҳо ва Амрико, яъне Амири Қатар ҳам аз қудрат канор меравад ва умурро ба писари ҷавон ва камтаҷрибаи худ месупорад. Албатта эҳтимолан у ҳам ба роҳи падар меравад, аммо оё бо ҳамон маҳорат ва ҳамон шиддат? Хулоса инки поқадами бозгушойии дафтари толибон дар Дуҳа, барои Амири Қатар, ки худ набуд.

Пардаи чаҳорум чигуна рақам хоҳад хурд?

Бадеҳист, ки дар чунин шароите, коргардон танҳо касе нахоҳад буд, ки суккони пардаи чаҳорумро дар даст хоҳад дошт. У ҳамин алон ҳам бозиро аз каф додааст ва бозигарон барои худ бозӣ мекунанд. Қарор буд Асад биравад, Асад, ки нарафт, Амири Қатар рафт , Урдуғон бо мушкилоти мухталиф мувоҷеҳ шуд ва Ҳизбуллоҳи Лубнон як пирузии дигар бар пирузиҳояш афзуд.

Шояд Обама бихоҳад бо кашондани фитна ба фирқае ба Лубнон Ҳизбуллоҳро танбеҳ кунад, аммо худаш ҳам медонад, ки террористҳои салафӣ дар Лубноне, ки ду сеюми ҷамъияташро шиъаён ва масеҳиён ташкил медиҳад, коре аз пеш нахоҳад бурд ва фарзандони Абузари Ғафорӣ, аз паси онҳо бархоҳанд омад. Коргардон фақат як чизро медонад, агар Ҳалаб аз даст биравад, намоиш ҳам аз даст рафтааст; пас ҳар коре мекунанд, то пардаи чаҳорум чунин рақам нахурад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!