Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:19

Грозин: “Дар Кремл ҳомиёни Эмомалӣ Раҳмон намондааст...”

1 июл 2013, 12:39

Бархе аз коршиносони рус бар инанд, ки дар Кремл дигар мансабдорони ҳомӣ ё пуштибони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, боқӣ намондаанд.

Андрей Грозин, раҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Пажуҳишгоҳи умури кишварҳои узви ИДМ (СНГ) дар Маскав, гуфтааст, “ҳоло метавон ба таври ошкоро ҳарф зад, дар ҳукумати Русия мансабдорони воломақоме, ки аз Эмомалӣ Раҳмон ва командаи ӯ ба хотири анҷоми вазифаҳои бузург дар Тоҷикистон ва мардумаш ҳимоят мекарданд, боқӣ намондааст.”

Оқои Грозин, ки ин ҳарфҳоро дар суҳбат бо Оҷонси иттилоотии “REX” баён доштааст, афзуда, ки “маҳз аз ҳамин ҷо решаи аксарияти воҳимаҳои раҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон тақвият меёбад.”

Ба гуфтаи ин коршиноси рус, вақт вазъияти элитаи тоҷику русро тамоман тағйир додааст. “Дар ҳар сурат, дарк кардаанд, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон амну субот дар Тоҷикистонро яксон таъмин карда наметавонад. Илова бар ин, ҳукумати Тоҷикистон барои ҷомеаи тоҷику давлати ин кишвар якранг муносибат намекунад”,-афзудааст ӯ.

Андрей Грозин дар идома гуфтааст, мақомоти тоҷик новобаста аз он ки шартнома оиди будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро ба тасвиб мерасонанд ё на, ё суол дар мавриди нерӯгоҳи Роғун, дигар ба мисли пештара ба ҷониби Русия ҳамчун шарики стратегӣ наметавонад эътимод кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!