Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:43

Гуфта ва ногуфтаҳои Сӯҳроб Шарипов

14 июл 2011, 11:40

Ҳадафи онҳо шиддат гирифтани муносибатҳо, аз ҷумла сар задани инқилобу низоъҳо дар Тоҷикистон аст. Ман мегӯям, ки интизориҳои онҳо ҳеч вақт бароварда намешавад…

Раҳбари маркази тадқиқоти стретегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, созмонҳои таҳлиливу пажӯҳишии Ғарб дар гузоришҳои солонаи худ танҳо ҷиҳатҳои манфии кишварҳои Осиёи Миёнаро пешниҳод карда, тарафҳои мусбиро нодида мегиранд. Ба қавли Сӯҳроб Шарипов бо ҳамтоёни дигараш аз Осиёи Марказӣ зимни нишасти вижае тасмим гирифтаанд, ки минбаъд ба ҳар нуқтаи назари манфии чӣ ҳукумат ва чӣ созмонҳои таҳлилии ғарбӣ посух гӯянд.

Ноадолатӣ аз нигоҳи стратег

Сӯҳроб Шарипов, раиси маркази тадқиқоти стратегӣ ( МТС) мегӯяд, аксари гузоришҳои гурӯҳҳои пажӯҳишии ғарбӣ, ба вижа сохторҳои давлатии Амрико дар нисбати Осиёи Миёна ба куллӣ аз нуқтаи назари манфӣ таҳия мешаванд. Дар ягон ҳолат аз дигаргуниҳои мусбӣ наменависанд. Ба иддаои номбурда: «Ин тамоман нодуруст аст. Ҳам аз ҷиҳати илмӣ-тадқиқотӣ ва ҳам аз нигоҳи сиёсӣ-амалӣ. Ин баҳодиҳиҳо тамоман ноадолатона мебошанд».

Гуфтан ба маврид аст, дар бештари пажӯҳишҳои созмонҳои ғарбӣ Тоҷикистон зинаҳои нокомро муаррифӣ мекунад. Раҳбари маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо нигаронӣ аз хулосаи ин гузоришҳо гуфт, ки онҳо на воқеӣ, балки ҳадафмандона таҳия мешаванд. «Ҳадафи онҳо шиддат гирифтани муносибатҳо, аз ҷумла сар задании инқилобу низоъҳо дар Тоҷикистон аст. Ман мегӯям, ки интизориҳои онҳо ҳеч вақт бароварда намешавад».

Ёдрас мекунем, чанде қабл Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои осебпазир шомил карда буд. Аммо Сӯҳроб Шарипов мегӯяд, соли равон аз ҷиҳати низоми рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Тоҷикистон соли хубу бобароре хоҳад шуд.

Раҳбари МТС, ки ба манзури натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи ниҳодаш дар ҳузури хабарнигорон нишаст, афзуд, пешгӯиву гузоришҳои ҳар гуна созмонҳои пажӯҳишии байналмилалӣ ҳамасола пешниҳод мекунанд, асоси воқеӣ надоранд. Ӯ гуфт, ин гузоришҳо аз рӯи як қолаб омода шуда, якрангу якнавохтанд ва ҳар сол бидуни иловае аз нав нашр мегарданд: «Масалан, агар ба таҳлилҳои се соли охири «Интернешнл кризис групп» назар андозед, онҷо ягон дигаргунии назарасеро намебинед. Онҳо аз рӯи қолабҳо кор мекунанд. Асоси ҷараёнҳои объективии рушди минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро ба назар намегиранд».

Ба қавли Шарипов дар мулоқот бо чанд сафир ва намояндаи мақомоти байналмилалӣ, ки соли равон ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, ҳамаи онҳо гуфтаанд, ки ин пажўҳишҳо таҳлилҳои соддае беш нестанд ва набояд ҷиддӣ гирифта шаванд.

«Гузоришҳоро беҷавоб намемонем»

Сӯҳроб Шарипов гуфт аввалҳои моҳи май раҳбарони марказҳои тадқиқоти стретегии кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамоиши вижае (бидуни ширкати ҷониби Ӯзбакистон ва Туркманистон) дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо ҳам овард. Дар ин нишаст тасмим шудааст, ки бояд ба гузоришҳои яктарафаи Ғарб вобаста ба давлатҳои Осиёи Миёна посух гуфта шавад. «Ба гузоришҳое, ки ҳам сохторҳои давлатӣ ва ҳам созмонҳои ғайриҳукуматии онҳо нисбат ба Осиёи Миёна хунукназарона таҳия карда, баҳои манфӣ дода мешавад, ҳаматарафа, ҷавобҳои худро хоҳем дод»,-илова намуд Шарипов. Маврид ба тазаккур аст, ки то имрӯз мақомоти расмӣ ба ҳеч як гузориши созмон ва давлатҳои ғарбӣ расман посух надодаанд.

Ба иддаои раҳбари МТС даҳ соли охир Тоҷикистон тибқи низоми давлати демократӣ рушд мекунад ва дар ин муддат дигаргуниҳои зиёди мусбӣ ба вуҷуд омаданд. Аз соли 2000-ум то ин ҷониб мутобиқи принсипҳои демократӣ ҳазорҳо қонунун қабул карда шуд, дигаргуниҳои ҷиддӣ дар системаи сиёсӣ ба миён омад, рушди системаи иқтисодӣ шакл гирифт, вале дар гузоришҳои давлатҳои ғарбӣ ҳамаи инро нодида мегиранд, мегӯяд Сӯҳроб Шарипов. Дар нишасти Алмаато ҳамчунин, зикр шудааст, ки марказҳои тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд, худашон ба вазъи минтақа ва бахшҳои мухталифи он баҳои сазовор бидиҳанд ва муносибати худро бо бозингарони геополитикӣ то соли 2015 муайян намоянд. Тоҷикистон то имрӯз дар рейтинги баробарҳуқуқии зану мард, радаи давлатҳои сулҳпарвар, рейтинги озодии баён, шохиси давлати рақобатпазир дар бахши туризму ҷаҳонгардӣ дар зинаҳои нигаронкунанда қарор гирифтааст. Ҳамчунин, ҷумҳурии моро дар қатори давлатҳои «осебпазир», «худкома», «ноозод» мавқеи «ифтихорӣ» дода, дар радифи 20 кишвари нодор ворид карданд.

Абдулазизи Восеъ{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!