Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:28

Искандаров: Ҳалли масоили марзӣ омӯзиши асноди таърихӣ мехоҳад

1 июл 2013, 14:20

Қурбонбой Искандаров, раҳбари гуруҳи корӣ оид ба аломатгузориҳои марзи Қирғизистон, имрӯз, 1-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ изҳор доштааст, ки санаи дақиқи мушаххас шудани марзҳо бо Тоҷикистону Узбакистонро касе гуфта наметавонад.

Искандаров афзудааст, ки созишнома дар бораи аломатгузории марз бо Қазоқистон соли 2014-ум ба имзо мерасад: “Аммо дар мавриди Узбакистону Тоҷикистон масъалаи тақсимбандию аломатгузории марз омӯзиши бештари санадҳои таърихиро металабад. Айни ҳол мо тақсимбандии марзро дар қисматҳое амалӣ карда истодаем, ки ҷонибҳо ба созиш омадаанд.”

Ин масъули қирғиз масофаи марзи муштараки Қирғизистону Тоҷикистонро 970 киллометр гуфта, таъкид намудааст, ки айни ҳол танҳо 519 киллометраш мушаххас шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!