Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:38

Амиршоева: “Мехоҳам пеши роҳи никоҳи духтарони тоҷик бо ғайримусалмонҳоро бигирам"

1 июл 2013, 14:37

Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси Намояндагон, ба суоли хонандагони “Озодагон” посух дод. Аксари саволҳо дар бораи пешниҳоди хонум Амиршоева дар бораи манъи никоҳи хешутбаорӣ буд. Инак, саволу ҷавоби хонандагон бо хонум Амиршоева:


Саволи Илёсиддин:
Салом Саодат Амиршоева, ман табиби ҷавон ва номзади илми тиб мебошам. Дар шаҳри Пскови Федератсияи Русия кор ва фаъолият дорам. Ба шумо гуфтаниям, ки ман бисёри тадқиқоти тиббиро медонам, ки то ҳол исбот накардаанд, никоҳи хешутаборӣ ба нуқси модарзодӣ оварда расонад. Ҳаст теорияҳое, ки асоси дақиқ надорад. Баръакс, дигар омилҳое ҳаст, ки дақиқ шудаанд ва ниҳоят хавфнок ҳам мебошанд, ба мисли майнӯшӣ, сигоркашӣ, истеъмоли нодурусти ғизо, камбизоатӣ, омили рӯҳию писихологӣ ва нашъамандӣ. Вале никоҳи хешутаборӣ то ҳол пурра муайян нашудааст. Шуморо чӣ водор сохт, ки ин гуна қонунро ба Кодекси оила ҷорӣ намоед ва тадқиқотро аз куҷо гирифтед, ҳол он ки Шумо саводи тибби татқиқотӣ надоред? Саволи дуюм ин аст, ки дар Тоҷикистон геноинженерия яъне ташхисгоҳи тадқиқотии генетикӣ вуҷуд надорад ва мутахассис дар ин соҳа надорем, ки муйаян созанд, то ирсияту тайғирпазирии хромасомаҳои шахсро ва пешгирӣ созанд аз бемориҳои ирсӣ ё бо нуқс таваллудшаванда намешуд инро ба роҳ монед? Оё комисияҳо ё тадқиқоти тиббӣ гузарондаанд дар Тоҷикистон ва чӣ гуна ва бо кадом донишмандон ва таҳлилӣ аниқро бигӯед? Бо эҳтиром, Илёсиддин аз шаҳри Псков.

Ҷавоб ба Илёсиддин
Мӯҳтарам Илёсиддин, ташаккури зиёд барои савол. Шумо худ, ки корманди тибб ҳастед, то чи андоза зараровар будани издивоҷи хешу табориро хуб медонед. Дар тамоми дунё физиалогияи инсон як аст. Агар чи ман саводи тибби ҳам надошта бошам, қариб дар тамоми ҷаҳон қонунгузории давлатҳо издивоҷи хешу табориро манъ кардаанд. Дар Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои мутахассисони соҳаи тиб бештари сабабҳои маъюбии кӯдакон 30-35 % - ро ташкил мекунад, ки дар ҳолатҳои никоҳи хешу табори ба дунё омадаанд. Хусусан, ин нишондод аз рӯи тадқиқоти гузаронидашуда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд - 64,2%, Айнӣ 44,6%, Ғончӣ 41%, Кӯҳистони Мастчоҳ 44,2%, Исфара 32%, ноҳияҳои вилояти Хатлон -- Ҷалолиддини Рӯмӣ 50%, Қубодиён 33,4%, Абдураҳмони Ҷомӣ 23 %, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Файзобод 33% ва Ҳисор 22 %-ро ташкил менамояд. Ҳамаи ин маълумотро Шӯъбаи машваратии тиббию генетики Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ-генекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон маълум гардидааст, ки фоизи бемориҳоим ирсии вобаста ба никоҳи хешутаборӣ баланд гардидааст. Мӯҳтарам Илёсиддин, ин ҳоло як пешниҳод аст. Гурӯҳи корие, ки Шӯрои Маҷлиси намояндагон таъсис додааст, амал карда истодааст ва ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти генетика барои тадқиқоти иловагӣ муроҷиат намудеам. Ҳамзамон аз давраи кӯдакиям медонам, ки издивоҷи хешутаборӣ фарзандони носолимро ба дунё меорад ва барои ҳамин дидаву дониста чашм пӯшида наметавонам ва ба саволи Шумо шахсе бо номи Саид бисёр ҷавоби дурусту саҳеҳ додаст. Ташаккур!

Саволи Исфандиёр:
Муҳтарам Амиршоева
1. Ҷаро маҳз ба ин мавзуъ даст задед? Кадом мисолҳои мушаххас Шуморо водор ба ин пешниҳод кард?
2. Пешниҳоди Шумо агар ҷанбаи қонунӣ касб кунад, хилофи ошкорои Қуръон ва амри Худованд дар ин маврид аст, оё ба Қуръон итминон доред?
3. Бар асоси кадом ва бо такя ба кадом тадқиқоти маркази омӯзишии муътабар ба ин бовар расидед, ки издивоҷи хешутаборӣ ин ҳама бемориҳоро ба вуҷуд меорад?
4. Дар мо марказҳои тадқиқии муътабар дар ин соҳа вуҷуд надорад, Шумо чӣ мегӯед?
5. Фикр намекунед, ки танҳо таблиғ дар ин замина кофист, аммо интихоби ҳамсар барои инсонҳо ихтиёрист ва шумо бо пешниҳоди ин тарҳ озодиҳои Шахсро зери суол мебаред ва ин амали Шумо идома ҳамон қарорҳои қаблии накзкунандаи ҳуқуқҳо дар мавриди иҷборан тарошидани риши мардон, манъи масҷидравии то 16 солаҳо ва амсоли инҳост?
6. Дар сурате, ки шахс мехоҳад духтари хола, амма, тағои ва амакашро ё набераҳои ин афродро ба зани бигирад Шумо чи ҳак доред, ки онҳоро қонунан манъ кунед?
7. Фикр намекунед, ки баъди қабули ин тарҳи шумо роҳҳои дигар вуҷуд доранд, масалан шахс духтари хешовандашро дар Русия ба зани мегирад ё кишвари дигар?
8. Шумо бо қонуният бахшидани ин тарҳ кадом ҷазоро дар қонунгузорӣ пешниҳод менамоед: ҳабс, ҷарима, ҷудо кардани навхонадорон...?
Сипосгузорам.

Ҷавоб ба Исфандиёр:
Исфандиёри азиз, ман ҳамчун зан модар ҳамеша орзӯи онро дорам, ки насли миллати тоҷик тозаву озода ба дунё ояд. Саволатон дуруст аст ва ҳар гоҳ, ки ман фарзанди касро маъюбу озурда мебинам, ҷонам месӯзад, чунки ин бадбахтӣ ҳам ба сари оила ва ҳам ба сари миллат мебошад. Оилае, ки дар он кӯдаки маҷрӯҳ ба дунё меояд, зиндагӣ барои онҳо бисёр душвор аст. Ба як чиз қазоват кунед, ки дини мубини ислом покизатарин ва бузургтарини динҳост ва гарчанде дар Қуръон манъ накарда бошад ҳам, иҷозат ҳам надодааст. Дар сураи Нисо ояти 23 танҳо хешутаборӣ гурӯҳи якумро дар назар дорад. Агарчанде ба духтари хола, амма ва тағо иҷозат доданро манъ накарда бошад ҳам, иҷозат надодааст. Қуръон ҳеҷ гоҳ бар хилофи саломатии инсон амал накардааст, баръакс он чизеро, ки барои саломатӣ ва зиндагии осоиштаи мардум зараровар аст, маҳкум менамояд. Дар яке аз ривоятҳо Паёғамбари Ислом Муҳаммад (с) гуфтааст, "Бо бегона издивоҷ намоед, то ки бегона ба Шумо хеш шавад. Бо хешованд издивоҷ накунед, то ки хеш ба Шумо бегона шавад». Қонун қувваи бозгашт надорад ва аз инҷо мо бояд фарзандҳои худро дар рӯҳияи хешутабории наздик ба монанди писари тағо барои ту ака мешавад, духтари тағо барои ту апа мешавад гуфта тарбия кунем мо аз ин вабо халос мешавем. Мӯҳтарам Исфандиёр, ҳоло ин як пешниҳод аст ва ман дар бораи меъёрҳои ҷазодиҳанда фикр ҳам накардаам ва мехоҳам, ки ҳамаи Шумо масъалаи мазкурро бо назари тоза нигаред. Тоза намудани хуни миллат ё генофонди миллӣ ҳадафи асосии ин пешниҳод аст. Ташаккур!

Саволи Солим:
Салом муаллима!
Вақтҳои охир вакилон қонунҳое қабул карда истодаанд, ки хилофи дину оини мо тоҷикони мусалмон аст. Масалан қонуни "Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" комилан хилофи дини мубини ислом аст. Агар қонуни пешниҳоднамудаи Шумо роҷеъ ба хешу табори қабул шавад ин дуввумин қонунӣ зидди дини ва зиддиисломи хоҳад буд. Аз Шумо пурсидан мехоҳам, ки чаро вакилони мо ва аз ҷумла Шумо зидди ислом овоз дода истодаед? Ё Шумо ва вакилони мо дар дини дигар қарор доранд, ки чунин қонунҳо қабул мекунанд? Хуб нест, ки ба ҷои ин қонуне дар бораи шаффоф гузаронидани интихоботҳо қабул мекардед?

Ҷавоб ба Солим:
Пешниҳоди мо ба зидди шариати ислом нест ва ин дар аҳкоми шариат манъ карда нашудааст. Мӯҳтарам Солим, ба саволи Шумо ман дар боло ҷавоб гуфтам. Саломат бошед!

Саволи Ҷек:
Сабаби асосии бемории ирсии кӯдакон гуруснагии модарон, набудани шаваҳарон дар наздашон, танҳо чойу чапотӣ хӯрдан, маҳсулоти мухлаташ гузаштаи хитоӣ аст, на чизи дигар. Шумо иқдом мекардед, ки ҳар соле 1000 нафар-1000 нафарро аз муҳоҷират бармегардонидед, пешниҳоде барои амнияти озуқаворӣ мекардед, дар солимии насли оянда саҳмгузор мебудед. Ҳа, воқеан, шумо ва ҳамаи мо 100% бовар дорем, ки ин гуна қонун амал карда наметавонад. Шумо чӣ хел исбот карда метавонед, ки ду нафар оилабунёдкунанда хешу таборанд ва даҳҳо пункти дигар. Пешниҳоди бепоя дар шароити мо. Ташвиши зиёдати, манбаи порахӯри барои як зумра одамон, дигар чизе нест.

Ҷавоб ба саволи Ҷек:
Феълан дар дунё шумораи зиёди одамон аз гуруснагию ташнагӣ вафот мекунанд, ки хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ин сабаби фавти ягон нафар нашудааст. Вобаста ба саволи дуюми Шумо мехоҳам таъкид намоям, ки раванди муҳоҷират ин таърихи дуру дароз дошта, ҳамқадами таърихи инсоният буда, дар тамоми давлатҳои дунё ин ҳаст ва хоҳад буд. Новобаста аз ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз кӯшишҳои зиёд дорад баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар ва умедворем, ки ин раванд дар солҳои наздик рӯ ба поён хоҳад овард, аммо комилан инро манъ кардан ба ягон давлати дунё муясар нашудааст.

Саволи Соҷида:
Салом муаллима. Воқеан Шумо қонуне пешниҳод кардед, ки зидди ислом ва зидди Қурон аст. Манзурам манъи никоҳи хешутаборӣ. Ба ҳамин хотир аз Шумо пурсидан мехоҳам: Шумо дар кадом дин қарор доред? Агар мусалмонед чаро зидди дини мубини ислом ва навиштаҳои Қуръону худо овоз баланд мекунед?

Ҷавоб ба саволи Соҷида:
Соҷидаи мӯҳтарам ҳоло ин Қонун нест, фақат пешниҳод аст, лекин на бар зидди дини Ислом ва на бар зидди Қуръон аст. Ман намедонам, ки Шумо ин суханони бофтаро аз куҷо гирифтед. Пеш аз он ки вобаста ба масъалаи мазкур сухан бигӯед, хуб мешуд, ки маротибе Қуръонро варақ мегардондед, чунки дар ин Китоби муққаддас оиди масъалаи зикршуда ягон вокуниш нест ва он чизеро, ки манъ накардааст, он иҷозат дода мешавад ва мо метавонем бо назардошги аҳкоми шариат баҳри солимии мардум чораандешӣ намоем, ки ин ҳам амри дини мубини ислом аст.

Саволи Пӯлод:
Муаллимаи азиз, лутфан мегуфтед, ки солиёни охир гуруҳ-гуруҳ духтарони тоҷики мо намедонам аз нодорӣ ва ё камии мард бошад, ки ба шаҳрвандони хитоӣ издивоҷ карда истодаанд. Магар ин тамоюли хатарзо ба генофонди миллат зиён намекунад? Қаблан сипосгузорам.

Ҷавоб ба саволи Пӯлод:
Салом Пӯлод, ташаккур барои савол! Саволи Шумо дуруст аст. Дар ҳақиқат имрӯз мо мебинем, ки духтарони мо аз паси бойгарию пулу мол рафта, ба мардони миллати дигар издивоҷ менамоянд, ки барои ҳамаи мо модарони тоҷик бисёр аламовар аст. Мо мардуми тоҷик, ки мусалмон ҳастем ва дар дини мубини ислом қарор дорем, ягон хел ҳуқуқ надорем, ки бо мардони ғайри дин издивоҷ намоем. Ман ҳамчун вакил ба Шумо ваъда медиҳам, ки агар чанде Конститутсия озодии никоҳро кафолат медиҳад Худо хоҳад ман ҳаракат мекунам, ки барои пеши ин амалро гирифтан ягон чораи дахлдор ҷӯям.

Саволи Ширин:
Саодат Амиршоева! Чаро шумое, ки аз тиб, фанҳои биология, химия, физика ва қонунҳои Илоҳӣ бехабар якбора пофишорӣ доред, ки қонуни зидди Худоро қабул намоед, магар аз Худо наметарсед? Бо эҳтиром, Ширин аз Душанбе.

Ҷавоб ба саволи Ширин:
Алакай Шумо бо саволатон исбот намудед, ки кӣ ҳастед ва чӣ қадар фаҳмишу ҷаҳонбинӣ доред, ки гапҳои носанҷидаю беасос мезанед. Барои мисол, Шумо аз куҷо медонед, ки ман аз биологияву химияву физика ва аз қонунхои Илоҳӣ бехабарам. Бисёр мехостам, минбаъд бо мулоҳиза ва дурандеш бошед, ки ин ҳам бо фоидаи худи Шумо хоҳад буд. Ташаккур!


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!