Бахшҳо

“САҲА-ро аз қазияи Муҳаммадюсуф Исмоилов огоҳ кардем”

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, мегӯяд, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Хабарнигорони бидуни марзро аз қазияи боздошти Муҳаммадюсуф Исмоилов огоҳ кардаанд.

Оқои Қаршибоев мегӯяд, ин кор дар ҳоле сурат гирифта, ки ба унвони онҳо аз номи наздикон ва ҳамкорони Исмоилов номаҳои зиёде мерасанд. “Ҳоло созмонҳои журналистӣ ин қазияро мӯшикофона таҳқиқ доранд”,-афзуд ӯ.

Аз ин пештар, додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар бораи ҳабси Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷик, ҳукм содир карда буд. Аммо вакили мудофеи ӯ гуфта буд, бо ин ҳукм розӣ нест ва қасд дорад, дар ин бора ба додгоҳи вилояти Суғд шикоят барад.

Ӯ афзудааст, Исмоилов танҳо сарпарасти хонавода аст, ки ду кӯдаки хурд, яке сесолаву дигаре семоҳа дорад. Ва ҳамчунин нигоҳубини хоҳари бузургаш, ки ҳафтоду чаҳор сол дошта, маъюб аст, низ ба дӯши ӯ мебошад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷикро, ба гирифтани 100 доллар “пора” муттаҳам дониста буд. Ба қавли мақомоти ин вазорат, оқои Исмоилов ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ аз Санавбар Аҳадова, сокини 39-солаи Ашт, дастгир шуда, ҳоло дар боздошт ба сар мебарад. Ба гуфтаи онҳо, нисбат ба Муҳаммадюсуф Исмоилов бар асоси моддаи 250-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)