Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:12

Модари Ҳамза: “Чӣ гуноҳ дорем, ки президент қабул намекунад?” (ВИДЕО)

26 июн 2013, 16:05

Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода, мегӯяд, бо гузашти нӯҳ моҳ аз замони марги писараш дар зиндони рақами 1-и Душанбе натавонистаанд омилони марги писарашро ба муҷозот кашонанд.

Ӯ, ки рӯзи 25-уми июн дар намоишгоҳе бахшида ба рӯзи ҷаҳонии зидди шиканҷа дар Душанбе иштирок мекард, гуфт, ҳатто муроҷиати батаркрори онҳо ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бепосух мондааст.

“Моҳи нӯҳум аст, ки дар дари додситонӣ ва дигар мақомот ҳастем, аммо касе ба додамон намерасад. Агар бегуноҳ мешуданд, магар дар ҷанозаи писари ман иштирок намекарданд? Марг ҳақ аст, ҳама мемирад, аммо ба ин дараҷа не. Ҳамин қадар муроҷиат кардему навиштем, аммо як бор намонданд, ки президент моро ба ҳузур пазирад. Чаро президентҳои дигар бо мардумашон гап мезананд-ку. Мо чӣ гуноҳ дорем? Президент ҳам фарзанд дорад, Иззатуллоҳ Шарифов ҳам фарзанд дорад. Фақат фарзанди камбағал гуноҳ мекунаду фарзанди мансабдорон не?!”,-гуфт ӯ.

Шикояти волидони бархе аз зиндониён, назари намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ва масъули Идораи Омбудсмени Тоҷикистонро дар бораи шиканҷа дар ин навори видео бубинед ва назари худро бинависед.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мухочир бачаи точик

  • 13 июн 2014 20:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Авал истифои призиденти диктатури

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!