Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:39

Нашри аксҳои хонаводагии президент Раҳмон дар Фейсбук

3 июл 2013, 10:40

Ин бор беш аз чиҳил акси хонаводагии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки зоҳиран дар ҷашни мавлуди ҳамсараш бардошта шудааст, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуд. Аз ин аксҳо дидан мумкин аст, ки онро хеле пештар бардоштаанд.

Дар ин аксҳое, ки ҳамакнун дар саҳифаи "Платформа"-и шабакаи Фейсбук нашр шуд, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалқаи хонаводааш ва дӯстону наздикон буда, дар яке аз онҳо ба ҳамсараш ҳадя медиҳад. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба суоли мо дар ин бора ки оё ин аксҳо дастраси ҳама буданд ва ё танҳо дар бойгонии раисиҷумҳур нигоҳ дошта мешуданд, чигуна ба шабакаи Фейсбук роҳ ёфтаанд посухе надод.

Аз ин пештар, навори тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷмуҳури Тоҷикистон, тавассути Додоҷон Атовуллоев, раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор” дар телевизони “К+” намоиш дода шуд. Дар пайи пахши ин навор мақомот дастрасӣ ба шабакаи Ютуб ва ҳамчунин торнамои “K+”-ро масдуд карда, нашрияҳои давлатӣ матолиби интиқодиеро алайҳи оқои Атовуллоев ба табъ расонданд.

Раҳбари ҷунбиши сиёсии "Ватандор" гуфта буд, ин навори тӯйро аз Асадуллоҳ Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, дастрас кардааст. Иддаое, ки то ҳол рад ва ё тасдиқ нашудааст.

Нашри аксҳои хонаводагии президент Раҳмон дар Фейсбук

Нашри аксҳои хонаводагии президент Раҳмон дар Фейсбук

Нашри аксҳои хонаводагии президент Раҳмон дар Фейсбук


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Исмоил

  • 2 октябр 2013 13:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин аксхо. Худо хамин гуна зиндагии тифоку муваффакро ба хама насиб гардонад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!