Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:37

Назари роҳгузарон: Пешрафти Тоҷикистон аз чӣ вобаста аст?

3 июл 2013, 10:45

Роҳгузарони хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон дар боари чигуна пешрафт кардани Тоҷикистон назарҳои гуногун доранд. Иддае ба ин боваранд, ки танҳо аз тариқи рушди соҳаи маориф имкони пешрафти Тоҷикистон вуҷуд дорад. Бархе ҳам рушди бахши кишоварзиро муҳим медонанду онҳое низ ҳастанд, ки вазъи имрӯзаро дар муқоиса ба даврони гузашта беҳтар мешуморанд. Инак, посухи баъзе аз роҳгузарони шаҳри Душанбе дар посух ба суоли хабарнигори “Озодагон”, ки чигуна Тоҷикистон метавонад рушд ёбад?


Людмила Астапова, тарҷумон: "Барои рушди давлат, бояд сохтори ҳукуматро ислоҳ намуд, баъдан бояд ба ташкилоти истеҳсолӣ, соҳаи аграрӣ ва сифатнокии кори онҳо таваҷҷуҳ намуд."

Карима Абдуллова, иқтисодчӣ: "Дар аввал барои рушди давлат зарур аст, то системаи маориф беҳбуд ёбад, чунки имрӯз Вазорати маориф тақрибан аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ намебарояд. Сипас, зина ба зина бояд истеҳсолотро равнақ диҳем, дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобатпазир бошем. Ҳадди ақал таҷрибаи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дар мавриди рушди соҳибкории хурду миёна дар манотиқи дигари кишвар татбиқ шавад."

Олим Тоҳиров, донишҷӯ: "Мо бояд чизеро тағйир надиҳем, коре накунем, барои он ки мо бе ин ҳам рӯ ба рушд овардаем."

Абдуқаҳҳор Маҷидов, кӯчаруб: "Буданд вақтҳое, ки ин гуна серию пурӣ набуд. Имрӯз бошад ҳама чиз ҳаст. На танҳо ғизо, инчунин ҳар чизе, ки ба инсон лозим мешавад, фароҳам аст. Албатта каме гарон ҳам бошад, ҳаст ва рӯз то рӯз зиндагӣ боз ҳам хубтар шуда истодааст."

Сафар Қосимов: Рушди давлатро аз тарбияи насли наврас бояд сар кард. Бояд ҷавононро ватандӯстӣ ва ба пеш қадам гузоштан бо ақлро омӯзонем, на ҳамчун имрӯз бо пул баҳо гирифтану бо «тағо» ба кор даромадан ва пора додан. Фикр мекунам, бо ин роҳ ба ҷое намерасем."



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!