Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:43

Тоҷикистон ҳам шаҳрвандони Русияро депорт мекунад

3 июл 2013, 11:01

Дар пасманзари афзоиши ихроҷи тоҷикон аз Русия, мақомоти тоҷик низ аз депорти шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла атбои Русия аз қаламрави Тоҷикистон хабар дод.

Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба «Озодагон» иттилоъ доданд, дар 5 моҳи аввали соли равон беш аз 390 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 35 шаҳрванди Русия, 48 шаҳрванди Афғонистон, аз Туркия 100 шаҳрванд, Эрон 11, Узбекистон 53, Покистон 26, Қирғизистон 33 нафар ва аз ҳама зиёд 135 шаҳрванди Чин аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони хориҷаро дар асоси протоколи хуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз кишвар берун кардаанд. Манбаъ мегӯяд, ихроҷи шаҳрвандони хориҷа аз Тоҷикистон нисбати 5 моҳаи соли гузашта афзоиш ёфтааст. Тайи 5 моҳи соли гузашта Тоҷикистон 217 шаҳрванди хориҷиро берун намуда буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як катра дар бахр(Капля в море), 35 шаҳрванди Русия.Хандаовар аст)))),вакте,ки 2 млн.точик мухочир аст.Онхо хар соат метавонад 35 нафарро депорт кунанд.Руссия ба фикрам хатто нафахмид,ки шахрвандони вайро депорт кардаанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Депорти шахрвандони хоричи аз Точикистон магар бо карори суд сурат намегирад?
Посух додан
  • Мухочир

  • 18 сентябр 2014 03:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ранги МС Россия Аввал баран дар Рогун коршон бфарман баъд аз 3 мох роишон кунан

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!