Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:52

"Шаҳри бехатар": Оғози насби камераҳо дар роҳҳои Душанбе (АКС)

3 июл 2013, 13:09

Нилуфари КАРИМ

Шурӯъ аз 2-юми июл дар Душанбе насби чароғакҳои нав бо камераҳои назоратӣ оғоз шудааст, ки дар оянда ҳаракати воситаҳои нақлиёту роҳгузаронро сабт хоҳанд кард.

Шукрӣ Зубайдов, сардори корхонаи васлу истифодаи назди Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, насби чароғакҳои нав бо наворбардор аз чорроҳаи хиёбони Рудакӣ дар назди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон оғоз гардид: “Дар нақша дорем, ки дар 74 чорроҳаи пойтахт чароғакҳои нав бо наворбардор насб кунем. Ба ғайр аз 74 наворбардоре, ки дар чароғакҳои нав насб карда мешаванд, боз зиёда аз 80 наворбардори дигар дар ҷойҳои махсуси пойтахт гузошта хоҳанд шуд.”

Тӯли чанд моҳи ахир бештари чароғакҳо бинобар сабаби таъмир дар роҳҳо кор намекунанд. Дар баъзе ҷойҳо танҳо як LED-лампаи он кор мекунад, ё яке аз чароғҳои он – ё сабз, ё сурх равшан мешавад. Ин барои ҳаракат дар роҳ ва убури пиёдагардон аз кӯча халал эҷод мекунад ва дар ҳолатҳои алоҳида танбаҳои калон ва ҳатто сониҳаҳои нақлиётӣ дар пай дорад.

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки то моҳи ноябри соли равон дар пойтахти кишвар 855 камераи назоратӣ насб мешаванд, ки хароҷоти миёнаи насбу ба истифодадиҳии ҳар кадомашон ҳудуди 25 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, камераҳои назоратиро ширкати чиноии «Huawei Technologies Co. Ltd.» дар кӯчаҳои Душанбе, дар доираи барномаи “Шаҳри бехатар” насб мекунад, ки арзиши умумии он 22 миллион доллари амрикоӣ мебошад. Абдулло Навҷувонов, муовини вазири умури дохилӣ, ахиран зимни муаррифии лоиҳаи мазкур дар парлумони кишвар гуфт, аз 22 миллион $-и лозима, 20,9 миллион $ қарзи дарозмуддати Чин ва 1,1 миллион доллар аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пардохт мегардад.

Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com

Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!