Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:30

Сухангӯи президент: “Аксҳои хонаводагии Э.Раҳмон ҳатто дар бойгонии мо набуд”

3 июл 2013, 13:10

Абдулфаттоҳ Шарифзода, котиби дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, аксҳои хонаводагии Эмомалӣ Раҳмон, ки ахиран дар шабакаи Фейсбук нашр шуд, ҳатто дар бойгонии онҳо вуҷуд надорад.

Оқои Шарифзода рӯзи 3-юми июл ба “Озодагон” гуфт, “аксҳое, ки имрӯз дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дидам, аз бойгонии Хадамоти матбуоти президент нестанд. Онҳоро дар доираи чорабинии оилавӣ аксбардорӣ намудаанд ва дар он аксбардорони расмии президент ширкат надоштанд. Ин аксҳо ҳатто дар бойгонии мо вуҷуд надоранд.”

Абдулфаттоҳ Шарифзода дар идомаи суҳбаташ гуфт, аммо аксҳои расмии Эмомалӣ Раҳмон дастраси ҳамагон аст ва истифода аз онҳо низ мушкиле надорад. Ба қавли ӯ, “солҳои охир вақте мо китобу албомҳоро дар бораи фаъолияти президент ба чоп расонидем, нусхаҳои электронии онро барои дастрасӣ ба мардум дар сайти президент ҷой додем. Шояд баъзе аксҳоро аз он ҷой гиранд.”

Дар як соли охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ акс ва наворҳои хонаводагии раисиҷумҳури Тоҷикистон пайдо ва дастраси корбарони интернет шудаанд. Аз ҷумла, аксҳое аз ҷашни зодрӯзи ҳамсари президент ва видеои тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳур, ки бо вокунишҳои мухталифе рӯбарӯ омад.


Дар акс: Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Шарифзода гуфтани хасти, ки аксхо дуруганд!!!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Не, мухтарам Шарифзода шояд гуфтани аст, ки танхо худаш дар ин маросим даъват нашуда буд. Оператор Каримов Сайфидину фотографи Ориёнбонк Азимов Аминчон дар кадрхо худашон хам хастанд-ку.
Посух додан
  • Замонов Рахмат

  • 10 июн 2014 05:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шарифзода дар хакикат дуруст мегуед. Ин шахсон ночавонмарданд. Зеро таърихи солхои 90 - 92- ро мебоист пеши назар меоварданд. Махз ин шахси баруманди худоназаркарда буд,ки Точикистони азизро аз вартаи нестшави нигох дошт. Имруз он суханонеки дар шабакаи интернет чоп мешаван хама бардуруган. Як маколи хуби точикон ин аст,ки "зурат.ки нарасид биниатро газ" . Вой бар холи ин гумрохон. Эй мардуми шарифи Точикистон. Кур мешвед, агар надонед кадри сулху осоиштагиро ,ки Эмомали Рахмон барои мардуми шарифи Точикистон овард. Худо давлатата аз ин хам зиёда кунад, то абад рохбари точикон боши ва бимони.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!