Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:19

Бародари Ҳасан Асадуллозода сардори раёсати фурӯши барқ шуд

3 июл 2013, 14:15

Амоннулло Саъдуллоев -- бародари Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва яке аз чеҳраҳои маъруфи доираҳои соҳибкории Тоҷикистон, раҳбари раёсати фурӯши барқ, ниҳоди навтаъсиси алоҳида дар "Барқи тоҷик" таъин шудааст. Ин раёсат дар доираи таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” таъсис ёфтааст. Оқои Саъдуллоев дар гузашта раиси “Тоҷикэнергоснаб” буд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик”, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ташкили сохтори алоҳидаи фурӯши барқ дар Тоҷикистон таҷрибаи нав нест: “Рёсати фурӯш то соли 2010 сохтори алоҳида буд. Дар соли 2010 ин раёсат ҳамчун сохтори алоҳида барҳам дода шуд ва ба худи “Барқи тоҷик” ворид гардид. Аммо ахиран роҳбарияти “Барқи тоҷик” қарор кард, ки барои беҳтар кардани ҷамъоварии ҳаққи истифодаи барқ ин раёсат ҳамчун сохтори алоҳида боз ташкил шавад.”

Ба иттилои манбаъ бо қарори раиси “Барқи тоҷик” аз 1-уми июли соли равон сардори раёсат Амонулло Саъдуллоев таъин гардидааст, ки то ҳозир раисии корхонаи фаръии “Тоҷикэнергоснаб”-ро ба уҳда доштааст. Нозирҷон Ёдгорӣ таъкид намуд, ки ин раёсат пурра мустақил набуда, зери тобеияти раиси “Барқи тоҷик” қарор хоҳад дошт.

Дар мавриди таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик”, ки дар дар доираи он ширкат ба се сохтори алоҳидаю мустақил ҷудо мешавад, Нозирҷон Ёдгорӣ изҳор дошт, ки то соли 2017 идома хоҳад дошт. Дар назар аст, аз ин се сохтори алоҳида, яке ба истеҳсол, дигарӣ ба интиқол ва сеюмӣ ба фурӯши барқ машғул хоҳад буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • саид

  • 3 июл 2013 14:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
уфффф....... баркро дигар дар шаби хоб мебинем гуед.......
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин замин аз они кист?
Аз хоча Ахрори Валист.
Ин гала аз они кист?
Аз хоча Ахрори Валист....
ИН ВАТАН АЗ ОНИ КИСТ?????!....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои пули барки точик бегона нашавад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баркро ба Афнистон ва Покистон фурухтан бо кулайтар шуд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бародаро хама гап дар калла бисёр хондан даркор баъд шумохам амалдор мешавед одами босавод дар хамачо даркор аст шумо хасад не хавас кунед.

бародаро шумо хасад не хавас кунед
Посух додан
  • Улуг

  • 4 июл 2013 01:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз як кресла ба як креслаи дигар шишт.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!