Бахшҳо

Суҳбати Раҳмон бо Назарбоев баъди ҳамовозияш бо Каримов

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 3-юми июл бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ доштааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни суҳбат оиди вазъи кунунӣ, дурнамо ва рушди ҳамкориҳо дар самтҳои мушаххас мубодилаи афкор намуда, оид ба масоили байналмилаливу минтақавӣ ибрози назар намудаанд.

Ин нахустин тамоси Эмомалӣ Раҳмон бо Назарбоев баъди он аст, ки раисиҷумҳури Қазоқистон дар Тошканд гуфт, оид ба масоили обу энержӣ дар минтақа бо Узбакистон мавқеи яксон доранд.

Ахиран раҳбарони Узбакистон ва Қазоқистон дар нишасти муштараки иттилоотияшон дар Тошканд дар бораи тарҳи Роғун ва тақсими захоири оби минтақа сӯҳбат доштанд ва Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон гуфтааст, “мо мавқеи якхелаамонро нисбати низоми боадолатонаи истифодаи об дар минтақа тасдиқ кардем. Ҳамаи мушкилоти обию энержӣ бояд дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти манофеи тамоми кишварҳои минтақа ҳал гарданд.”

Каримов махсусан нерӯгоҳҳои барқи обии “Роғун”-и Тоҷикистону “Қамбарота”-и Қирғизистонро зикр карда, таъкид намудааст, ки “чунин иншооти бузурги обӣ дар болооби дарёҳо бояд, ҳатман аз ташхиси байналмилалӣ таҳти назари Созмони Милал гузаранд ва бо кишварҳои поёноб мувофиқа шаванд.” Ӯ бори дигар садди Роғунро бо баландии 335 метр ва Қамбаротаро бо 250 метр баландӣ, “гигантӣ” унвон карда, таъкид намудааст, бунёди онҳо дар мавқеи зилзилахези то 9-10 бал дар назар аст.

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар навбати худ таъкид кардааст, ки дар бахши обу энержӣ вазъи мураккаб ҳукмфармост: “Муносибату мавқеъҳои мо бо Узбакистон дар бисёри масъалаҳо, аз ҷумла масоили обӣ яксон аст. Мо ба ҳамсояҳоямон паёми дустӣ мефиристем, ки ин мушкилотро бояд дар ҳамдастӣ тавассути муколама ҳал кунем, на мухолифат.”Дар баробари ин, Назарбоев изҳор доштааст, ки кишварҳои ҳамсоя талош доранд тавассути бунёди нерӯгоҳҳо мушкили иқтисодияшонро ҳал кунанд: “Мушкилотро ҳамаи кишварҳо доранд, аммо онҳо набояд аз ҳисоби дигар давлатҳо ҳал гарданд.”

Раисиҷумҳури Қазоқистон кишварҳоеро мисол овардааст, ки дар истифодаи обҳои фаромарзӣ муваффақ шудаанд ва дар шароити Осиёи Миёна низ гуфтушуниду манофеи тарафайн бояд кор бурда шаванд. Назарбоев дар муроҷиат ба кишварҳои болооб гуфтааст, “ташхис гузаронед ва моро мутақоид созед. Ин ҷо гап сари Каримову Назарбоев нест. Мо бояд мардумро бовар кунонем, ки онҳо зери об намемонанд, ё деҳқон беоб намемонад. Дар ин ҳол мо омодаем, ба истиқболи Шумо бароем.”

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)