Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:25

Пешниҳоди Русия барои муборизаи дастҷамъӣ алайҳи маводи мухаддири Афғонистон

3 июл 2013, 14:56

Виктор Иванов, раҳбари Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия, пешниҳод кардааст, ки дар доираи Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) маркази мубориза бо қочоқи маводи нашъадори Афғонистон таъсис шавад.

Бино ба иттилои расида, ин пешниҳод дар ҷараёни нишасти Шӯрои сарони ниҳодҳои зидди маводи мухаддири СПАД ироа шудааст. “Мақсади аслии ин марказ бояд коркард, тарҳсозӣ, омодагӣ ва баргузории амалиёти зидди қочоқи маводи мухаддир аз сӯи нерӯҳои СПАД бошад”,- гуфтааст Виктор Иванов.

Тибқи лоиҳа, қарор аст, чорабиниҳои зидди маводи нашъадор дар қаламрави кишварҳои узви СПАД бо ҳамкории Афғонистон, Эрон ва Покистон гузаронда шавад.

Тоҷикистон ҳам узви СПАД мебошад ва бино ба иддаои коршиносон як қисмати маводи мухаддири Афғонистон аз тариқи ин кишвар ба хориҷ, бахусус Русия, интиқол меёбад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!