Бахшҳо
03 июл 2013 16:01Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Тоҷикстандарт” маҳсулоти тоҷиронро ба сагҳо додааст

“Тоҷикстандарт” дар вилояти Хатлон тайи шаш моҳи соли равон 158 тоҷирро бинобар фурӯши маҳсулоти муҳлаташ гузашта ҷарима карда, қисме аз маҳсулоташонро мусодира ва ба сагҳои Вазорати умури дохилӣ додааст.

Масъулини ин ниҳод мегӯянд, тоҷироне, ки ба фурӯши маҳсулоти муҳлаташон гузашта машғул будаанд, ба маблағи 46 ҳазору 236 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Кормандони “Тоҷикстандарт” дар Хатлон бо зикри узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умимиҷаҳонии Савдо мегӯянд, “мо маҷбурем, аз ин пас тибқи стандарти ҷаҳонӣ кор кунем. Бо ин мақсад ҳоло мутахассисони мо бо ширкатҳо ҳам кор карда истодаанд, то маҳсулоти босифати рақобатпазир тавлид кунанд.”

Мӯҳр
Стандарт, ин меъёр аст. Магар дар Тоҷикистон як стандарти тасдиқшудаи давлатӣ ҳаст? Аввалан, ман номашро дар назар дорам. Масалан, дар Шӯравии пешина стандарт номи ГОСТ( Государственний стандарт) дошт, ки чун аз худашон аст, ҳоло ин номро Руссия гирфтааст. Боз стандартҳои машҳури дунёро ҳастанд, ки яке DIN (Deutsche Industrie-Norm) мутааллиқ ба Олмон аст. ISO - меъёри байналмилалӣ. Амрикоиҳо аз худашонро AM - American Standard (агар хато накунам) мегӯянд.

Пас стандарти Тоҷикистон чи ном дорад?

Дуввум инки, оё дар ватани мо ягон стандарт риоя мешавад? Аз он молу амволе ки ҳамарӯза мо дар бозору мағозаҳо харидорӣ мекунем, мебинем, ки ҷавоби ин савол манфӣ аст. Масалан: нонфурушон бо ихтиёри худ вазни нонро (ба қавли худашон: "весашро") кам мекунанд. Хлебҳо умуан дилла надоранд ва будагияш ҳам часпак аст. Ба наздикӣ ман даҳонакии (кришка) пластмассии банка харидам. Бовар кунед, он пардаи пиёз барин тунук шудааст. 50 дирам як дона. Чун дигараш набуд, маҷбур харидам. Манқалҳои барқӣ (электроплита) ҳам минҷумла. Ҳамаи онҳо аз оҳани баландсифат неву аз тунука ва симҳои беҷон сохта шудаанд. Хулосаи калом инки, ҳамаи он ҳазорҳо намуд амволе, ки вориди бозорҳои Тоҷикистон меоянд паст ё бесифатанд. Аз шунидани банда, худи савдогарон ба Хитой рафта, ана ҳамин хел маводро фармоиш медодаанд. Муҳимаш, арзон бошад. Масалан, либоси NIKE ё ADIDAS ба қиймати 10 доллар фармоиш (заказ) шуда, инҷо 50,70 доллари савдо мезананд. Попӯшҳо низ ҳамин аҳвол. Вақте он мол аз даст ба даст савдо мешавад, нархаш дучанд ё се баробар афзойиш меёбад. Ҳоло мавсими пухту пази тарбузу харбуза аст. Ба бозорҳо онҳоро нимпухт оварда, бо нархи осмонӣ савдо мезананд. Тарбуз дар бозор сурх мешавад, вай ҳамин хел хусусият дорад. Мисли помидор. Харбуза ё ҳандала харида, таваҷҷӯҳ кардаед, ки он пажмурда аст? зеро аз замин норасида, хом канда шудааст, танҳо барои онки, зудтар ва қиматтар ба фурӯш равад. Илова бар он, аксари маҳсулоти боғдорӣ ва обчакорӣ дар бозорҳо зери офтоби 60 дараҷавии тобистон бе рӯпӯш ба савдо гузошта шудааст, ки ин худ барои саломатии инсон басо хатарнок аст. Чизи офтобзадаро ниёконамон намехӯрданд, онро мепартофтанд. Мо мехӯрем. Мо ҳама чизро мехӯрем, зеро чора надорем!

Ин ҳамаро қӣ назорат мекунад? Тоҷикстандарт неву Ҳоҷӣ Аҳрори Валӣ? Кӣ ба саволҳои банда ҷавоб менависад? Сипосгузор хоҳам шуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)