Бахшҳо

Президент гуфт, тамоми имомхатибон бо униформ ва маош таъмин шаванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба масъулони Кумитаи дин дастур дода, ки то охири соли ҷорӣ тамоми имомхатибони масоҷиди кишварро бо либоси ягона ё униформ ва маош таъмин кунанд.

Оқои Раҳмон ин ҳарфҳоро дар мулоқоташ бо имомхатибон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар, ки субҳи чоруми июл дар "Кохи Ваҳдат"-и Душанбе баргузор гардид, баён дошт. Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ки оё маблағи либоси ягонаи имомхатибонро худи рӯҳониён пардохт хоҳанд кард ва ё Кумитаи дин, як ниҳоди расмии нозир бар фаъолиятҳои муассисаҳои динӣ дар Тоҷикистон.

Дастури президент Раҳмон дар бораи униформи имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи чоруми июл низ гуруҳе аз рӯҳониён бо либоси ягона ба мулоқоти ӯ рафта буданд. Ин либоси ягонаро бо дархости Кумитаи дин ширкати “Ёқут 2000” омода кард, ки то ҳол маълум нест, имомхатибон онҳоро бо пули худ харидаанд ва ё ин ки ба ҳадя гирифтаанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди чаҳор ҳазор масҷиди ҷомеи марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта сабтином шудаанд, ки имомхатибони онҳо бо мувофиқаи Кумитаи дин ва Шӯрои уламои Тоҷикистон таъин мешаванд. Ҳамчунин, як сол инҷониб мавъизаи имомхатибон дар намози ҷумъа пешакӣ бо мақомот ҳамоҳанг ва сипас ироа мегардад.

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, мулоқоти рӯзи чоруми июли Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён анъанавӣ буда, ба интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ рабт надорад. Аммо ба ин мулоқот рӯҳониёни саршинос, аз ҷумла хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ва аъзои Маҷмаи уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даъват нашудаанд. Ин мулоқот дар ҳоле баргузор гардид, ки шоми чаҳоршанбе, севуми июл, Шабакаи аввали телевизони Тоҷикистон навори зиёрати президент Раҳмон аз Маккаву Мадинаро ба намоиш гузошт. Ҳамчунин наворҳое аз лаҳзаи бузургдошти соли Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, пешкаши тамошобинон гардид.

Ин мулоқоти дувуми Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониёни тоҷик мебошад. Вай бори нахуст соли 2009 бо гуруҳи рӯҳониёну донишмандон бахшида ба бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам дар “Кохи Ваҳдат”-и Душанбе дидору мулоқот анҷом дода буд.

Ҳарчанд Тоҷикистон бар асоси Қонуни асосияш кишвари демократист, аммо бештар аз навад дарсади сокинонаш пайрави дини мубини Исломанд. Бештари рӯҳониён аз маҳдудиятҳои динӣ дар чанд соли охир дар Тоҷикистон шикоят мекунанд, аммо мақомот мегӯянд, ҳадафи онҳо на эҷоди маҳдудият ва монеасозист, балки ҷилавгирӣ азифротгароист.
Мӯҳр
Мавлави фармудааст: Мулло шудиву шайх шуди донишманд, Билчумла шуди вале мусалмон нашуди. Мавлави мега мулло шуди шайх шуди рохбари дасгоху хукмат шуди савдогару хочи шуди хама хамаша шуди аммо афсус мусалмон нашуди...

Имомхатиб
Барои чи дар вакти баромади Сайидюнуси Истаравшани дар шабакаи телевизионии К+, мавч гум мешавад ва баъди баромадаш, тез кушода мешавад?

na harkas ki musalmon shud tavon guftash ki salmon shud ... az avval boyad salmon shudu vongah musalmon shud.

Шикорчи
Аз кадом замон муллои касб шудааст? Магар дин аз давлат чудо нест?

Хар агар Макка равад боз ояд хаму хар.....


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)