Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:53

«Симурғи пурфайз» аз Кумитаи андоз пинҳон шуда натавонист

10 май 2011, 07:08

Кумитаи андоз дурустии нишонӣ ва суроғаи ҷойгиршавии  ширкату муассисаҳоро тафтиш мекунад.

Зимнан,  бо мақсади муайян намудани тартиби дурусти иваз намудани маҳалли фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва гузариши онҳо аз як нозироти андоз ба дигар нозироти андоз гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, санҷиш нишон дод, ки 88  шахсони ҳуқуқие ҳастанд, ки ба қайдгирии давлатиро дар шӯъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва сохибкорони инфиродӣ дар шаҳри  Душанбе гузашта, суроғаҳои худро ба дигар ноҳияҳо иваз намудаанд. Дар  баъзе ҳолатҳо бошад, тартиби муайянгардидаи гузариши андозсупорандагон аз як нозироти андоз ба дигар нозироти андоз риоя карда нашудааст. Гуфта мешавад, соҳибкороне  ҳастанд, ки ҳангоми пешниҳоди маълумотҳо барои бақайдгирии давлатӣ оиди маҳалли ҷойгиршавиашон ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирӣ маълумотҳои бардурӯғ пешниҳод менамоянд. Масалан, аз сабукиҳои қонунгузории бақайдгирӣ истифода намуда, ҶДММ «Симурғи пурфайз» дар асоси қарори муассиси корхона суроғаи ҳуқуқии  корхонаро аз шаҳри Душанбе ноҳияи Шоҳмансур ба ноҳияи Рӯдакӣ шаҳраки Сомониён кӯчаи Бӯстон 14, иваз намудааст. Бояд қайд намуд, ки дар кӯчаи Бӯстон 14  шаҳрванд Мухторов Р.А. истиқомат намуда, ба корхонаи мазкур ягон алоқамандӣ надорад. Айнан  чунин ҳолат нисбати ҶДММ «Субҳи  ноз» , ҶДММ «Каёнуш» , ҶДММ «Хуталон»  ва чанд ширкати дигар низ ба назар расидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!