Бахшҳо

Аз имомхатибону Шӯрои уламо чиро метавон интизор буд?

Ҳумайрои БАХТИЁР

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо имомхатибоне сурат мегирад, ки ҳукумат онҳоро интихоб кардааст.

Шояд гурӯҳе бигӯянд, ки дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имомхатибон маҳдудиятҳои мазҳабӣ аз миён бардошта шавад. Бубинед, тамоми имомхатибони масоҷиди кишвар аз ҷониби ҳукумат интихоб ва таъин мешаванд ва мавзӯи мавъизаҳои онҳоро Кумитаи дин “дикта” мекунад. Аз имомхатибони “ҳукуматӣ” ҷомеа ҳалли кадом мушкилро бояд мунтазир бошад?

Тасаввур кунед, ки гуфтугӯи президент бо рӯҳониён дар кадом шакл сурат мегирад?

Аслан масъалаи маҳдудияти озодии виҷдон барои мардуми тоҷик то андозае ҳассос ва дардовар ҳаст. Чунки дар ҳеч давлати дунё намозгузорӣ, даъват ба дин, азон, гузоштани риш ва доштани рӯсарӣ барои мусалмонон маҳдуд нашудаву намешавад.

Мушоҳида мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон ва мансабдорон дар чеҳраи Ислом ва мусалмонӣ танҳо таҳдидҳоеро дида, бо маҳдуд кардан ҷомеа ва худро аз «бало»-ҳо эмин нигоҳ медоранд. Ба гуфтаи ҷомеашиносон агар таълимоти динӣ ба таври озод ба роҳ монда шавад, ҳеч хатару таҳдиде ба давлату ҳукумат нест.

Аммо вақте имомхатибони мӯҳтарам ба ин ҳама маҳдудияти озодии виҷдон ҷашм мепӯшанд, баъид аст, ки дар баробари раисиҷумҳур онҳо ҳарферо бар манфиати мардум бигӯянд. Ҳарчанд масъулини ҳукумат рабт доштани ин мулоқотро ба маъракаи интихоботи президентии моҳи ноябр рад мекунанд. Вале омодагии “ҷидди”-и ҳукумат барои пазироӣ аз имомхатибон бозгӯи чизи дигар аст.

Ба иттилои Кумитаи дин корхонаи дӯзандагии “Ёқут-2000” ӯҳдадор шудааст, то барои рӯҳониёни даъватшуда, шим, ҷелак, кафш ва пероҳан таҳия кунад. Зоҳирпараст будани ҳукумати Тоҷикистон барои ҷомеа иттилои наве нест. То имрӯз тасмимҳои мақомот бо мушаххас намудани либоси “ягона”-ву “намунавӣ” барои мактаббачагон, донишҷуён ва омӯзгорон сару садои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд. Аммо ин навбат мақомот кӯшиши ба танзим даровардани пӯшиши рӯҳониёнро дорад. Ва боз ҳам он гурӯҳи рӯҳониёне, ки садоқат ба ҳукумат доранд, на дину мардум.

Аз тарафи дигар чиро метавон аз ин имомхатибон ва Шӯрои уламову Кумитаи дин мунтазир буд, вақте масъулини мӯҳтарами ин ниҳодҳо афзоиши теъдоди масоҷидро сабаби аслии фитнаву тафриқа дар ҷомеа медонанд. Вақте дин муқаддас ва аз давлат ҷудост, пас, нофаҳмост, ки чӣ гуна як нерӯи ҳукуматӣ ҳуқуқи дахолат кардан ба озодии виҷдонро дорад?
Мӯҳр
бародар
Хумайрои чон, инхо магар суханони худатанд: Тасаввур кунед, ки гуфтугӯи президент бо рӯҳониён дар кадом шакл сурат мегирад?

Аслан масъалаи маҳдудияти озодии виҷдон барои мардуми тоҷик то андозае ҳассос ва дардовар ҳаст. Чунки дар ҳеч давлати дунё намозгузорӣ, даъват ба дин, азон, гузоштани риш ва доштани рӯсарӣ барои мусалмонон маҳдуд нашудаву намешавад".
агар ин суханони худат бошад пас ьигу ки агар чилави муллохоро нагиранд оё ту метавони инчунин расми зебоятро бо сари луч дар лаби бахри кабуд ба тамошои дигарон гузори то ин ки аз хусни ту халоват баранд, То-то!!!

Шокурбон
Имомхатибон , инкубатор мешаванд гуед имруз ..

хофиз
дар анчоми вохури концерт мешуда бошад? нахандед . интизор шудан мумкин. Нигина Амонкулова хатман мехонад..

Шокурбон
мегум "Озодагон" хаму имомхатиби порно.. аз нохияи Рудаки ба вохури омада бошад. Як маълум накардед.

Zayd
Нигинааш ба хайр, Шабнми Сураё бо суруди блитузаш наброя.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)