Бахшҳо

Муфтӣ “Мо хостем, ба низоми яккамазҳабӣ диққати ҷиддӣ дода шавад”

[b]Сайидмукаррам Абдулқодирзода[/b], раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, гуфт, рӯҳониён ба [b]Эмомалӣ Раҳмон[/b] пешниҳод кардаанд, ки ба масъалаи яккамазҳабӣ, яъне мазҳабӣ ҳанафӣ дар кишвар диққати ҷиддӣ дода шавад. Зеро ба гуфтаи ӯ, [b]"оромию пешравии ҷомеа аз ин хеле вобастагии зиёд дорад."[/b]

Оқои Абдулқодирзода, ки аз мулоқоти президент Раҳмон дар “Кохи Ваҳдат”-и Душанбе берун омад, бо хабарнигори “Озодагон” гуфтугӯи кӯтоҳе анҷом дод ва афзуд, [b]“ин мулоқот бисёр одию шаффоф ва озоду васеъ гузашт. Ҳар шахсе, ки гуфтанию дархосте дошт, ироа кард. Дар он на танҳо шунидан, балки аз ду тараф гуфтугӯшунидҳо ва суҳбатҳои ҷиддӣ ҳам буданд.” /b]Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ин мулоқоти оқои Раҳмон аз вохӯриҳо қаблӣ фарқ мекунад: “Аз вохӯриҳои қаблӣ бо ин фарқ менамуд, ки дар ин дидор ҷамоатчигӣ ва рӯҳониёну тамоми ходимони дин иштирок карда, ҳамаи дархосту мақсадҳои худро иброз намуданд.”

Сайидмукаррами Абдулқодирзода гуфт, президент аз иттиҳодияҳои динии кунунии кишвар ҳеч нигароние надоштааст: [b]“Читавре мебинем, дар Олами Ислом бо таъсис ёфтани маҷмуаву гуруҳҳои тундарав кишварҳои исломӣ ноором шуда истодааст, вале раҳбари давлат аз иттиҳодияҳои динии кишвар нигароние надоштанд.”[/b]

Мулоқоти [b]Эмомалӣ Раҳмон[/b] бо рӯҳониён ва аҳли ҷамоатчигии кишвар субҳи чоруми июл дар “Кохи Ваҳдат” оғоз ва бештар аз панҷуним соат идома кард. Дархости рӯҳониён дар мавриди ҳифзи низоми яккамазҳабӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар муқаддимаи Қонуни нави дин ҳам навишта шудааст: [b]“Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад.”[/b]

Гузашта аз ин, борҳо раисиҷумҳури Тоҷикистон мазҳаби ҳанафиро ба унвони мазҳаби таҳаммулпазир муаррифӣ карда, пайравӣ аз онро таъкид доштааст. Ин аст, ки соли 2009 давлати Тоҷикистон бо баргузории ҳамоише аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, таҷлил кард.

Мақомот мегӯянд, навад дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмон ва аксари онҳо пайрави мазҳаби ҳанафиянд. Дар баробари онҳо пайравони мазҳаби Исмоилия низ кору зиндагӣ мекунанд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле ба таблиғи мазҳаби ҳанафӣ бештар пардохт, ки пайравони Салафия, як равияи тозапайдои аҳли суннат ва ҷамоат дар оғози солҳои 2000 ба майдон омада, бо пайравони мазҳаби ҳанафӣ вориди баҳс шуданд.
Мӯҳр
Бобои муфти гунохи бенамазони то сини 18 сола дар гарднат фарз аст нагуфти Бобои Рахмона ки кудако дар мохи муборак браван намозошона масчида бхонан чихел муфтии ки конуни Худора намегуи . Вазифа монаyди чирки даст меравад аз дастат

"Аҳли ҷамоатчигии кишвар" - яъне чи? Аз барои Худо, забони точикиро масхара накунед!

И муфти оли ба тамоми и(ХАМОХАНГИош) дар назди Аллох чавоб мега, дуруг мега сурх намеша

и муфти як одами бе саводай ...о е ахмак дин васеъ хаст дар як мазхаб хама дин чамъ нашудааст ва Парвордигор баром Мухаммад С А В дин нозил кард на мазхаб ..4 мазхаб хар чораш дуруст хаст е бесаводи лак ..факат занои ёш ёшак мегираю тамом и муфтии

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)