Бахшҳо

Ҳаводиси Миср аз нигоҳи Ҳ.А. Тӯраҷонзода ва Р.Ғ. Абдулло

Дар пасманзари ҳаводиси ахири Миср, ки низомиён, раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсиро барканор карданд, таҳлилгарони тоҷик дар суҳбат ба “Озодагон” вазъ дар ин кишварро шарҳ доданд.

Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ки Муҳаммад Мурсӣ бо сари қудрат омадан худ ба чанд хатоӣ роҳ дод ва ин боис гардид, то дигар мардум атрофи ӯ ҷамъ нашавад. Ба андешаи ин коршиноси тоҷик Муҳаммад Мурсӣ, ки дар гузашта таҷрибаи давлатдорӣ надошт, дар иҷрои салоҳияти раисҷумҳурӣ сару калобаи худро гум кард.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
, коршинос ва рӯҳонии тоҷик мегӯяд, ки дар воқеаҳои имрӯзи Миср бештар нерӯҳои ҳориҷӣ даст доранд. Ба гуфтаи номбурда давлатҳои Халиҷи Форс тарафдори ҳокимияти нерӯи сиёсии исломӣ дар минтақа набуданд: “Бештар давлатҳои Аморат зиди қудрат омадани ихвониҳо буданд. Ин буд, ки дар дохили кишвари худ онҳо бештар аз сад нафар аъзо ва тарафдонри Ихвон ал муслимро бо ҳар баҳона зиндонӣ карданд. Тахминҳое ҳам меравад, ки маҳз давлатҳои Аморат сармоягузори асосии ҳаракатҳои Салафия дар Миср ҳастанд”.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки илова бар ин сабаби дигари сарнагун кардани ҳукумати Муҳаммад Мурсӣ ҳам дар он аст, ки борҳо дар робита ба мавқеъи Исроил садо баланд кард: “Бо ин рафтори ӯ давлатҳои Арупову Ғарб, ба хусус Амрико чандон розӣ набуданд. Барои Амрикоиҳо ва Ғарбу Аврупо беҳтар аст, ки Миср бо ҳамон даргириҳои худ машғул буда, ба сиёсати минтақаӣ кордор набошад. Муборизаҳои густарда алайҳи ҳокимияти Мурсӣ аз рузҳои аввал шурӯъ шуда буд. Бари давлатҳои Ғарб беҳтар аст, ки вазъи Миср ҳам ба монанди Сурия ноором буда, ин кишварҳо ба сиёсати худ машғул бошанд. Ноором кардани Мисру Сурия беҳтарин тӯҳфаи Ғарб барои Исроил хоҳад буд”.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки аз рӯзи аввали президентии Муҳаммад Мурсӣ давлатҳои Ғарб бо ҳар роҳу баҳона барои пиёда кардани сиёсати худ, ҳамарӯза то 700 соат барномаҳои телевизионӣ тавассути маҳвора бар зидди ҳукумати Миср пахш мегардид.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, ки имрӯзҳо низ ҳодисаҳои Миср якҷониба инъикос мешаванд: “Зеро тамоми расонаҳо аз тазоҳуроти 16 милион мардум алайҳи қудрати Муҳаммад Мурсӣ гузориш медиҳанд. Дар ҳоле, ки ҳамарӯза ҳудуди 12 милион тарафдори Муҳаммад Мурсӣ низ ба хиёбон мебароянд, аммо аз ин гурӯҳ ҳеч хабаре пахш намешавад.”

Муҳамиад Мурсӣ, ки имрӯз, 4-уми июл, аз тарафи нерӯҳои низомии кишвараш барканор ва боздошт шуда буд, ба шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира гуфтааст, қарорҳои артиши кишвар барои барканор шудани ӯ аз мақоми раисҷумҳури Миср набояд қабул шавад.

Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури барканоршудаи Миср дар ин навор аз мардуми кишвараш даъват кардааст, то барои рехтани хуни шаҳрвандон саҳмгузор набошанд. Ҷаноби Мурсӣ мегӯяд, ки воқеъаҳои чанд рӯзи охир бештар ба инқилоби низомӣ монандӣ дошта, мардуми Миср набояд аз ин инқилоб пуштибонӣ кунанд, чун он давлатро аз рушд бозмедорад.

Бино бар иттилои расонаҳои хабарӣ Муҳаммад Мурсӣ ҳеч мушкилеро барои нишастан сари мизи гуфтушунид бо мунтақидони ҳокимияти худ надида, ҳамчунин тарафдори баргузории ҳарчи зудтари интихоботи парлумонӣ низ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Муҳаммад Мурсӣ баъди як соли ҳукмронӣ барканор шуд. Артиши Миср Муҳаммад Мурсиро, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаста буд, аз мақомаш барканор кард. Фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср шомгоҳи чаҳоршанбе, 3-юми июн, бо қироати баёнияе тасмими артишро ба иттилои мардум расонд. Дар ҳоли ҳозир раиси Додгоҳи олии Қонуни асосӣ ба сурати муваққат ва то баргузории интихоботи зудҳангом идораи умури кишварро бар уҳда дорад.
Мӯҳр
али
худованд ихвонихоро пируз бахшад ва хамаи мардуми Мисрро бошад аз шарри гарбихо нигох дорад.

Mulloi buzurgi Misr al Tayeb chi tafakkur dorand?

Charo javobi Dr. Rashid Ghani Abdulloh kutoh ast ?
Charo hama ghamu nooromiye zindagiye beshtari mamoliki muslimon az boisi neruhoi khoriji ast? Mepursam: dar tuye jomeai khudashon sakhti va mushkili, beadolati nest?

МУСАЛМОН ФОКА МАСТУ ЧАНДА ПУШ АСТ,
ЗИ КОРАШ ЧАБРАИЛ АНДАР ХУРУШ АСТ.
БИЁ ТАРХИ ДИГАР МИЛЛАТ БИРЕЗЕМ,
КИ ИН МИЛЛАТ ЧАХОНРО БОРИ ДУШ АСТ.
Рухаш шоду гураш пур нур бод хазрати Мухаммад Икболро, ки гумрохии баъзе аз бародарони мусулмонро аёнан медиду номуси мусулмони азобаш медод, ки ба кадом дарача халки мусалмон бо якдигар душману душман параст шудааст.
Ва садхо дарег ки лафзи поки АЛЛОХУ АКБАР-ро бар забон такрори ба такрор мехонанду бар зидди гурухи бародарони мусалмонаш душмани ва тирандози мекунанд. Халки гузашта хуни дил хурданд ислом чори карданд ободу зебо гардониданд ватанашонро ва ин бадбахтоне, ки дар Ливия дар Сурия ва акнун дар Миср гуё ин, ки мехоханд дини поки Исломро чори кунанд бародарону хохарони мусулони худро ба катл мерасонанд ва ватани зебои худро вайрон мекунанд, ки он бадбахтон дар ватанашон хатто як дарахт хам нашинондаанд. Бинед дар хафтод фоизи (70 %) давлатхои исломи чангу хунрези ва митинг рафта истодааст ва дар давлатхои насрони ободию пешрафт ва бар холи мо мусулмонон механданд ва масхара мекунанд. Арабистони сауди гуломи халка бар гуши Амрико барои чанг дозии давлатхои исломи хама сола чандсад мтллионхо долар чудо мекунад чи чои суханаст дигар...........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)