"Ҷавонони мубталои сактаи қалб, диабет ва саратон зиёд шудаанд"
Саида Ҷабборова, муовини авали вазири тандурустии Тоҷикистон, аз афзоиши мубталоёни сактаи қалб, диабети канд, саратон ё ин ки фарбеҳшавӣ дар миёни ҷавонон изҳори нигаронӣ кард.
Ҷабборова дар ҳошияи конфронси “Стратегияи назорат ва пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ” ба хабарнигорон гуфт, “солҳои охир бархе аз бемориҳои ғайрисироятӣ миёни ҷавонон реша паҳн кардааст. Агар солҳои 60-ум ба бемории сактаи қалб, диабети канд, саратон ё ин ки фарбеҳшавӣ, ки ба фишорбаландӣ оварда мерасонад, шахсони аз 50-60 сола боло гирифтор мешуданд, имрӯз синну соли ин бемориҳо ҷавон шуда истодааст, яъне дар миёни ҷавонон кам нестанд касоне, ки ба ин бемориҳо гирифтор шудаанд.”
Муовини вазир афзуд, ки афзоиши ин бемориҳо боиси пастшавии сатҳи зиндагӣ ва кӯтоҳумрӣ мегардад: “Бемориҳои ғайрисироятӣ натанҳо дар Тоҷикистон балки дар тамоми ҷаҳон зиёд шудаи стодааст ва барои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурусти ва дигар сохторҳои беҳдоштии кишварҳо ташвишовар аст.”
Зимни нишаст дар Душанбе коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар якҷоягӣ бо масъулини Варзорати беҳдошти Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳои дахлдор барои амалигардонии “Стратегияи назорат ва пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ” барои 10 соли оянда ақидаҳои худро иброз намуданд.
Қайд карда шуд, ки стратегияи мазкур аз соли 2010 қабул шудааст ва то соли 2023 идома хоҳад кард. Саида Ҷабборова афзуд: “Дар нишасти имрӯза дар бораи тайёр намудани нақшаи амал оиди дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Тоҷикистон суҳбат кардем. Ҳадафи мо ин аст, ки то охири ин лоиҳа, яъне то соли 2023 роҳҳои пешгириро пурзур намуда, фавти одамон одамон аз ҳисоби бемориҳои ғайрисироятӣ кам карда шавад. “
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |