Бахшҳо

Вокуниш ба пешниҳод дар бораи ҳазфи вожаи “Ислом” аз номи ҲНИТ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) пешниҳоди бархе аз рӯҳониёнро дар мавриди ин ки вожаи “ислом” аз номи ин ҳизб ҳазф шавад, фармоишӣ хонданд.

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, матраҳ шудани ин масъала дар остонаи интихоботи президентӣ танҳо як фазосозӣ буда, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили риояи Қонуни асосӣ набояд ваъдаи мавриди баррасӣ қарор додани ин масъаларо мекард.

“Ҷаноби Раҳмон бори дигар моддаи 28-и Сарқонунро аз назар гузаронанд, ки ин модда дар асоси мубориза ва оштии дуҷониба ба миён омадааст”,-гуфт ӯ. Муовини раҳбари ҲНИТ афзуд, масъалаи мазкурро Шӯрои сиёсии ҳизбаш ба баррасӣ хоҳад гирифт.

Маҳмадалӣ Ҳайит илова кард, “ин пешниҳод ба фаъолияти мо созгор нест, чун ҲНИТ ҳеч рабте ба иттиҳодияи динӣ ва ё Кумитаи дин надорад. Илова бар ин, рӯҳониён салоҳияти дахолат кардан барои номгузории ҳизбҳои сиёсиро надоранд. Пӯшида нест, ки рӯҳониён дар хидмати ҳукумат буда, мо маълумоте низ рӯи даст дорем, ки дар манотиқи кишвар онҳо чи корҳоро бар зидди ҲНИТ анҷом медиҳанд.”

Ҷаноби Ҳайит мегӯяд, давоми 40 сол аст, ки ҲНИТ дар Тоҷикистон фаъолият дошта, аз ин ба баъд низ ба кори худ идома хоҳад дод. Маҳмадалӣ Ҳайит илова намуд, бо садо додани ин масъала фишор болои аъзои ҳизби онҳо боз ҳам бештар хоҳад шуд. Маврид ба зикр аст, ки субҳи чоруми июл Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 1200 имомхатиб ва аҳли ҷамоатчигии кишвар мулоқот анҷом дода, вазъи дину диндорӣ ва созмонҳову масоҷидро ба баррасӣ гирифт.

Дар мулоқоти мазкур 15 рӯҳонӣ баромад дошта, гурӯҳе аз онҳо ба раисҷумҳур пешниҳод доштаанд, ки калимаи “ислом” аз номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бардошта шавад. Ба иттилои “Азия-Плюс”, Эмомалӣ Раҳмон се баромади рӯҳониёнро гӯш карда, дар ҷавоб ба саввумаш гуфтааст, ки ин масъаларо мутахассисон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Мӯҳр
Ашраф
Ана ин падидаро сад фоиз " тафриқа андозу ҳукумат рон " мегуянд. Ҳайфи миллат, ҳайфи номи имом хатиб ва рӯҳонӣ. Даъвои чомеаи демократӣ мекунед ку? Сад фоиз фармоишӣ ва пеш аз ҷаласа муллоҳоро мағзшуи ва домонашонро бо чаҳормағзҳои пуч пур карданд. Ман ҳеч гоҳ ҲНИТ пуштибон нестам, лекин аз руи талаботи қонун ва талаботи чомеаи демокрасӣ эҳсос мекунам, ки чунин муносибати ғаразнок оқибати хуб надорад ва нишонаи бесаводии сиёсӣ мебошад.

Далер
Бехтарин пешниход аст! Бигузор дини мубини ислом "бозича"-и сиёсии баъзехо нагардад. Ман худ шохидам, ки як аъзои ин хизб ба ман таъна зада буд, ки "намозхониат бефоидаанд, зеро ту мукобили хизби ислом овоз додй". Ин суханхо то хол аз ёдам набаромадааст ва он нафар то хол худро аъзои фаъоли ин хизб шуморида хамсояхоро талкин мекунад, ки агар мусулмон бошед мукобили ХНИТ набароед. Магар ин дуруст аст? Бигузор номи мукаддаси Исломро гиранд ва онхо мардонавор катори дигар азхоб муборизаи сиёсй баранд!!!!!!

Салом. Инки "мулло"-хо ин масъаларо матрах кардаанд, супориши буданаш маълум аст!!! Вале ба назари ман чизе ки дар сарконун сабт шудааст намешавад иваз кард!! Вале мутаасифона ин чо Точикистон аст, яъне хама кор мешавад.

бале!!! бародарони азиз шахсан узви ҳизби наҳзати исломи набудему нестам лекин ҳамчун мусалмон омодаам ҷонамро фидои Ислом кунам.мутаасифона на фақат баъзе емомхатибон балки муфтии мо худ хизматгори ин ҳукумати зидди дини Ислом мебошанд ва дар лаб муҳри сукут мезанад вақте,ки мубориза бар зидди Дини Ислом мебаранд,дунё ин дори имтиҳон аст ва ҳар кас зуд аст,ки подоши амалҳояшро мебинад чи хайр бошаду чи шар.(фа ман яъмал мисқола заратин хайран яраҳ,ва ман яъмал мисқола заратин шарран яраҳ) садақаллоҳ.

Фаррух
Фигон зи аблахии ин харони бе думу гуш,
Ки чумла шайхтарош омаданду шайхфуруш.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)