Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:13

Ширкатҳои ҳавоӣ омилони гаронии чиптаҳоро номбар карданд

5 июл 2013, 07:45

Нилуфари КАРИМ

Ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон, ки нархи чиптаҳояшон аз ҷумлаи баландтаринҳо дар бозори мусофиркашонии минтақа мебошад, дар ин гаронӣ фурудгоҳ, хадамоти аэронавигатсия ва ниҳоди фурӯши сӯзишвориро муттаҳам мекунанд.

Лола Кенҷаева, котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоии “Точик Эйр” дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, нархи сузишворӣ дар фурудгоҳи Душанбе нисбат ба сузишворие, ки дар хориҷа фурухта мешавад, ду маротиба гаронтар аст: “ Ин албатта ба нархи чиптаҳо бетаъсир намемонад. Ширкатҳои хориҷие, ки ба самти Тоҷикистон парвоз мекунанд, аслан аз сузишвории худӣ истифода мекунанд ва бинобар ин нархи онҳо каме арзонтар аст.”

Масъулини фурӯши сӯзишвории ҳавоӣ далели гарон будани маҳсулоташонро ба боҷи содиротии Русия рабт медиҳанд, ки аз моҳи майи соли 2010 барои Тоҷикистон ҷорӣ шуда то ҳол лағв нагардидааст. Аммо омори гумрук нишон медиҳад, ки қисми зиёди сӯзишвории ҳавоӣ ба Тоҷикистон аз Туркманистон ворид мегардад.

Сабаби дигари баланд будани нархи чиптаҳоро Лола Кенҷаева дар гарон будани хизматрасонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва “Тоҷикаэронавигатсия” гуфт, ки хидмати ин ду сохтор ба талабот ҷавобгӯ набуда, нархи гарон дорад.

Дар ширкати “Сомон Эйр” масъулин аз шарҳи гарон будани нархи хизматрасониҳояшон нисбат ба нархгузориҳои дигар дар минтақа худдорӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон мегӯянд, ҳаққи дахолат ба нархгузориҳо дар хатсайрҳои байналмилалиро надоранд ва нархи чиптаҳо аз қонунҳои бозор, - рақобат, талабот ва пешниҳод вобаста аст.

Назар Одинаев, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тибқи қонунгузорӣ ин ниҳод танҳо ҳаққи назорати нархгузории ширкатҳое дорад, ки зиёда аз 35 фоизи бозорро дар ихтиёр доранду мавқеи ҳукмфармоиро соҳиб мебошанд: “Дар натиҷаи таҳлилҳо дар бозори мусофиркашонии ҳавоӣ муайян шуд, ки дар ин бахш ширкате, ки мавқеи ҳукмфармоиро дошта бошад, мавҷуд надорад. Бино бар ин нархгузории ширкатҳои мусофиркаш бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа намешавад, зеро дар ин бозор рақобати солим вуҷуд дорад ва субъектҳои хоҷагидор мустақилона нархи чиптаҳоро муайян мекунанд. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон се ширкати ватанӣ хизмат мерасонанд, ки дар маҷмӯъ 48% парвозҳои байналмиллалии кишварро иҷро мекунанд ва 52% дигари бозор ба ширкатҳои хориҷӣ тааллуқ дорад.”

Назар Одинаев афзуд, ки ҳамин тавр мувофиқи қонун Хадамот метавонад танҳо нархгузориро дар хатсайрҳои дохилӣ назорат намояд вале нархҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ аз рақобат, талаботу пешниҳод вобаста аст.

Таи чанд соли ахир ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар мавсими баҳору тобистон арзиши чиптаи хатсайрҳои Тоҷикистон-Русияро ба маротиб боло мебаранд. Тирамоҳу зимистон бошад, аснои бозгашти муҳоҷирин ба ватан арзиши чиптаи хатсайрҳои Русия-Тоҷикистон якбора гарон мешавад, ки як зарбаи аслӣ ба буҷаи муҳоҷирон ва мувофиқан ба буҷаи мардуми оддӣ ба шумор меравад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!