Бахшҳо

Президент ҷиноятҳои “мулло” ва ҳоҷиёнро номбар кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо руҳониён гуфт, бархе соҳибони унвони мулло ва мартабаи ҳоҷӣ даст ба қонуншиканиҳо мезананд.

Ба иттилои раисиҷумҳур танҳо дар соли 2012 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ 50 нафар ҳоҷиён ҷиноят содир кардаанд: “Имрӯз расм шудааст, ки баробари унвони муллоро соҳиб шудан баъзе шахсон ба амалҳое даст мезананд, ки қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ ҳисоб шуда, ному мартабаи шахси диндор ва мусулмонро доғдор месозад.”

Эмомалӣ Раҳмон мисол овардааст, ки ба қарибӣ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон шаҳрванд Абдураҳмонов Ҷаббор бо лақаби “Мулло Ҷаббор” 7 нафар ҷавононро гумроҳ намуда, ба онҳо талқин кардааст, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро кӯрхат мекунад ва касе аз корҳои анҷомдодаи ҷинояткорон огоҳ намешавад: “Дар натиҷаи чандин амали ҷинояткорӣ тавассути ин ҷавонони гумроҳ, ки мулло ба онҳо роҳбаладӣ намудааст, молу амволи шаҳрвандон ба маблағи қариб ду миллион сомонӣ дуздида шуда, аз ҷониби иҷрокунандагони ҷиноят ба мулло ба маблағи қариб дусад ҳазор сомонӣ музд пардохта шудааст.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома гуфтааст, чанд сол пештар Собир Гиёеви 34-сола сокини ноҳияи Восеъ, ки ӯро мардум бо лақаби “Мулло Собир” мешиносанд, бо як зан издивоҷ мекунад ва пас аз чанд муддат духтари хурдсоли ин занро, ки аз ӯ 27 сол хурд, яъне ноболиғи 12-сола мебошад, ба никоҳи худ дароварда, ба ҳамин роҳ ҷиноят содир кардааст ва аз рӯи парвандаи ӯ ҳоло тафтишот рафта истодааст. Ӯро имомхатиби масҷиди панҷвақтаи деҳаи Навободи ҳамин ноҳия Хӯҷамов Қурбонназар никоҳ кардааст.

Ҳолати дигари ба ҷинояти нанговар даст задани шахси дорои мартабаи ҳоҷӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бо роҳи фиреб ноболиғонро дар хонаи истиқоматии худ ба майнӯшӣ ҷалб намуда, дар ҳолати мастӣ бо роҳи зӯроварӣ ба номуси зани тоҷик гурӯҳӣ таҷовуз намудаанд, ки аз ин амали нафратовар як зани боиффат бадном гардидааст.

Моҳи феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Рӯшон шаҳрванд Ардабоев Собир бо лақаби “Шайх Собир” дастгир шуд, ки якҷо бо шахси қаблан ду бор судшуда 20 килограм маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол додааст.

Мисоли дигар. Аҳроров Мирғиёс сокини шаҳри Истаравшан худро ба мардум ҳамчун домуллои табиб муаррифӣ карда, нисбати як зани бемор ҳаракатҳои бадахлоқона содир намудааст ва тибқи Кодекси ҷиноятӣ аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Ё худ дигар сокини шаҳри Истаравшан Султонов Дилшод низ худро чун домуллои табиб муаррифӣ карда, дар муносибат бо як зани бемор, ки аз ӯ қариб 20 сол ҷавон аст, ба рафтори бадахлоқона роҳ дода, тибқи қонун ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудааст.

Шаҳрванд Ашӯров Мусаям сокини ноҳияи Рашт дар хонаи истиқоматии худ дар шаҳри Душанбе дар ҳолати ғайрисанитарӣ ба таълими ғайриқонунии ноболиғон машғул шуда, яке аз шогирдони худро барои азхуд накардани сабақ бо роҳи сӯзонидан бо дарзмол ҷазо додааст.

Ё ин, ки Пардаев Шералӣ сокини ноҳияи Ёвон, ки ду бор бо гуноҳи нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва қаллобӣ маҳкум шудааст, баъди озод шудан аз маҳбас дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод худро ба одамон ҳамчун табиби бисёр бемориҳо, аз ҷумла табиби бемориҳои нобиноӣ, безурётӣ ва бисёр бемориҳои дигар муаррифӣ карда, инчунин бо муллогӣ ва фолбинию ҷодугарӣ машғул шуда, молу пули зиёди мардумро азхуд кардааст, дар ҳоле, ки худаш то ҳанӯз гирифтори бемории нашъамандӣ мебошад.

Раисиҷумҳур таъкид намудааст, имрӯз бо 4 ҳазор масҷиду 6 мадраса, як гимназияву як донишкадаи исломӣ, беш аз 7 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти динии дохиливу хориҷӣ ва 200 ҳазор нафар ҳоҷӣ дар ҷомеа хурофотпарастӣ ва ифротгароиву таассуб афзуда истодааст.

Президенти Тоҷикистон таъкид намудааст, ки мулло дар ҳар сурат, агар аз аҳли савод ва тақво бошад, набояд аз дин истифодаи моддӣ кунад ва динро воситаи касб дар зиндагии худ қарор диҳад: “Қуръони карим возеҳан мегӯяд, ки намунаи диндории ҳақиқӣ адои рисолат ва иҷрои воҷиботи динӣ барои ҳар як мӯъмин, хосатан ходимони масҷидҳо ҳамчун ибодат барои ризои Худост ва подоши он низ дар дасти Парвардигор мебошад.”
Мӯҳр
naim
salom rosti az inguna vokhuriho dar hayratam
avval inu on meguyand va ba,dan ta,nai mulloho inash ajibtarast agar chunin vokhuri boSHAD chi darkor faqat TA,NA magar nameshavad khudro maskhara nakuni Emomali Rahmon

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)