Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:56

Боздошти ду мансабдори “Тоҷиктелеком”

5 июл 2013, 08:41

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ду мансабдори ҶСК “Тоҷиктелеком”-ро боздошт кардааст, ки дар расонидани “зарари махсусан калон” - беш аз 300 ҳазор сомонӣ ба муассисаи фавқуззикр муттаҳам мешаванд.

Ҳикматулло Исматов,
сардори шуъбаи пешгирии коррупсия дар Хатлон мегӯяд, “Тӯрахонов Искандар Мадиевич аз 31 январи соли 2012 дар вазифаи сардори филиали ҶСК “Тоҷиктелеком” дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ кор карда, дар давраи фаъолияташ бо истифода аз ваколати мансабиаш молу мулк ва маблағҳои нақдии дар ихтиёрдоштаро тибқи маслиҳати пешакӣ бо мудири анбори филиали зикршуда Маҳмудхӯҷа Партоев, бе ҳуҷҷатгузории расмӣ бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, барои эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардаанд ва ба филиал ба маблағи 333 ҳазору 204 сомонӣ зарари молиявӣ расонидааст.”

Исматов афзуд, ки нисбати боздоштшудагон барои сӯиистифода аз мақом ва азхудкунии молу мулки ғайр парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.

Масъулини Агентии мубориза бо фасод дар вилояти Хатлон мегӯянд, аз аввали сол то моҳи июн нисбати 201 мансабдор парвандаҳои маъмурӣ оғоз шуда, аз ҳисоби шахсони гунаҳкор 184 ҳазор сомонӣ ҷаримапулӣ ба буҷети давлат ворид гардидааст: “Дар маҷмуъ зимни санҷишҳо, ба маблағи умумии 8 миллиону 892 ҳазору 743 сомонӣ зарари умумии молиявӣ ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб 5 миллиону 697 ҳазору 401 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шуд.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!