Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:54

Бонкҳо то 10-уми июл вазъи “Мовароуннаҳр”-ро меомӯзанд

5 июл 2013, 10:20

Ду бонки тиҷоратии Тоҷикистон -"Тоҷиксодиротбонк" ва “Ориёнбонк” барои омӯхтани масъалаи қарздории ширкати "Мовароуннаҳр" аз муштариёни ин ширкат то 10-уми июл муҳлат хостаанд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи саҳмдорони ширкати “Мовароуннаҳр”, 5-уми июл дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ин бонкҳо бояд то 10-уми июл ҷавоби худро ироа кунанд ва дар сурате, агар маблағи барзиёду фоиз талаб кунанд, “Мовароуннаҳр” ночор барои дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ба додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат хоҳад кард.

Чанде қабл Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк», бо ирсоли як нома гуфтааст, «Мовароуннаҳр» аз ин бонк наздики 5 миллион сомонӣ қарздор мебошад ва то ин қарз пардохт нашавад, биноҳои дар гаравмонда ба муштариён бозгардонда нахоҳанд шуд. Чунин як иддаоро алайҳи “Мовароуннаҳр” “Тоҷиксодиротбонк” низ пеш гузоштааст.

Ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров “аз рӯи ҳисобу китоби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ширкати «Мовароуннаҳр» аз “Ориёнбонк” ҳудуди 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ қарздор аст, на панҷ миллион сомонӣ.”

Ёров дар мавриди афзудани қарзҳо аз ҳисоби фоизу ҷаримаҳо барои саривақт напардохтани қарз афзуд, “қонунгузорӣ мегӯяд, агар ягон шароити ногувор ба вуҷуд биёяд, пас, дар ин ҳолат тарафҳо аз уҳдадорӣ озод карда мешаванд. Ин аст, ки “Ориёнбонк” нисбати “Мовароуннаҳр” набояд ҷаримаю фоизбандӣ татбиқ намояд. Ба ҳама маълум аст, ки муддати се сол ҳамаи амволи "Мовароуннаҳр аз тарафи мақомоти қудратӣ ба ҳабс гирифта шуда буд ва имкони фаъолият кардан надошт.”

Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд.

Аммо ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба қазияи муштариёни ин ширкат дахолат карда, дастур дод, ки масъалаи онҳо омӯхта ва ҳал шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!