Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:51

Покистониҳо: Сементи моро дар Тоҷикистон “бадном" кардаанд

5 июл 2013, 14:33

Нилуфари КАРИМ

Ширкатҳои сементбарории Покистон иддаои пастсифат будани маҳсулоташонро қатъиян рад карда, хостаанд, барои санҷиши сифати сементи Покистон дар Тоҷикистон гуруҳи махсус ташкил шавад.

Муҳаммад Иқбол, менеҷери генералии корхонаи сементбарории “Fauji cement company” имрӯз 5-уми июл зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки “мутаасифона вақте тариқи расонаҳо шунидем, ки сементи Покистон аз ҳама пастсифат аст, тамоми намояндагони корхонаҳои сементбарориро гирд овардем, то ру ба ру бо шарикони тоҷикистонӣ суҳбат кунанду нодурустии ин тасаввурро собит созанд. Бо намояндагони Агентии сохтмонии Тоҷикистон созиш кардем ва барои назорати сифати сементи Покистон комиссияи муштарак ташкил кардем”.

Муҳаммад Иқбол афзуд, ки “дар раванди интиқол ва фурӯши сементи Покистон ба Тоҷикистон чандин далолу савдогарон фаъолият доранд. Дар ин байн онҳо чӣ кор мекунанд мо намедонем. Вале мо пеш аз он, ки сементамонро ба фуруш барорем онро аз ташхис мегузаронем ва онро бо сифати баланд ба бозор мебарорем.”

Ин масъули покистонӣ таъкид намуд, ки дар Покистон ба ширкатҳои Тоҷикистон як тонна семент ба ивази 60 доллар фурӯхта мешавад. Ба суол, ки чаро сементи Покистон дар Тоҷикистон гарон аст, Муҳаммад Иқбол афзуд, ки он ба хароҷоти молиёту нақлиёт бастагӣ дорад.

Муҳаммад Иқбол таъкид намуд, ки аз Покистон ба Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз 700-800 ҳазор тонна семент ворид мешавад ва ин нишондод сол аз сол афзоиш ёфта истодааст. Дар мавриди он, ки чаро ширкатҳои покистонӣ барои бунёди корхонаи тавлиди семент дар Тоҷикистон фаъол нестанд, Муҳаммад Иқбол илова намуд, ки барои як корхонаи сементбарори дар Тоҷикистон на камтар аз 200 миллион доллари амрикоӣ зарур аст: “Барои ташкил намудани чунин корхонаҳо дар Тоҷикистон мо бояд додугирифти дуҷонибаи молро беҳтар ба роҳ монем.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!