Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:04

Президент дар бораи супурдани қудрат суҳбат кард

5 июл 2013, 14:43

Нурсултон Назарбоев, райиси ҷумҳури Қазоқистон гуфтааст, “ҳолатҳое мешавад, ки мардум ба дидани як нафар одат мекунанд ва мегӯянд, ӯ равад чӣ мешавад? Вале чизе нахоҳад шуд».

Назарбоев ин нуктаро ҳангоми филми ҳуҷҷатие бо номи “Назарбоев.Live” изҳор доштааст. Дар посух ба суоли хабарнигор - Оё шуморо канорагирӣ аз қудрат нигарон мекунад, чунин гуфтааст: “Ҳар як сиёсатшинос ва президент, бахусус барои нафаре, ки солҳои тӯлонӣ ҳукумат меронад, ба ин бояд фикр кунад. Ҳар сиёсатшинос ва президент фикр мекунад, ки корҳояш идома ёфта, барҳадар нараванд. Намунаҳо дар ин маврид хеле зиёданд ва онҳо мавриди баррасӣ мебошанд. Аз ҳама ҳолати вазнин ҳолати тағйир мебошад. Ҳар фарде, ки даст ба ислоҳот мезанад, ӯ ҳамеша таваккул дорад. Аз ин рӯ, доимо дар фикр ҳастӣ, ки он чӣ гуна мешавад”.

Раисиҷумҳури Қазоқистон афзуда, ки як низоме бояд ба вуҷуд овард, ки устувории он аз тағйири ҳукумат набошад. Барои мисол, Ли Куан Ю, нахуствазири Сингапур баъди 30 соли ҳукуматдории худ ба таври мусоламатомез қудратро ба ҷавонон супурд. Айнан ҳамин тавр, Махатхир, нахуствазири Молайзия, ки 20 сол қудратро ба ҳизбе, ки дар асоси арзишҳои демократӣ бунёд ёфтааст, дод. Намунаи аз ҳама қариб, метавон Русияи пас аз Елтсинро овард. Гарчанде он ҷо баъзе гардишҳо ҳам буданд. Вале қудрат мусоламатомез супорида шуд.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • dima

  • 5 июл 2013 18:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агар бо рахмон чунин савоб бти .пагашда делата мекушоян(хоини ватан гуфьа)

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!