Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:58

Узбакистон барои таҳкими сулҳ дар Осиёи Миёна ба кӯмаки Малайзия умед бастааст

5 июл 2013, 15:27

Узбакистон интизор дорад, Малайзия талошҳои ин кишварро барои таҳкими сулҳ ва оромӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо далели ҷанги 30 солаи шаҳрвандӣ дар Афғонистон пешорӯи хатар аст, дастгирӣ мекунад. Ин нуктаро Шукур Собитов, сафири Узбакистон дар Малайзия изҳор доштааст.

«Ба сифати кишварӣ калидӣ дар чорчуби Анҷумани кишварҳои Ҷанубу Шарқии Осиё (АСЕАН), ки дар Созмони ҳамкориҳои исломӣ нақши муҳим дорад ва ҳамчунин дар доираи дигар созмонҳои байналмилалӣ мо бесаброна интизори ҳамкориҳои муштарак бо Малайзия ҳастем»,-гуфтааст Собитов, зимни суҳбат дар мизи гирде дар пойтахти Малайзия.

Нашрияи New Straits Times-и чопи Малайзия навиштааст, дар ин нишаст ба мавзӯи ҷанги шаҳрвандии Афғонистон, ки хатари бузурге барои сулҳ ва амнияти минтақа аст, дахл шудааст.

Сафири Узбакистон дар идомаи суҳбат гуфтааст: "Мавқеи Узбакистон ин аст, ки мушкилоти Афғонистон бо роҳи гуфтушунид ҳал карда шавад. Аз ин рӯ сиёсати мо дар нисбат ба Афғонистон содда ва боз аст. Мо ба корҳои дохилии ин кишвар дахолат намекунем».

Кохилан Пиллэй, собиқ вазири умури хориҷии Малайзия гуфта, ки Узбакистон ва гуруҳи «6 +3» бояд дар масъалаи таҳкими сулҳ бо ҳам ҳамкории зич дошта бошанд ва барои ҳалли низоъҳо ҳамеша ба ҳамдигар кӯмак расонанд.

Гуруҳи мазкур соли 2008 бо пешниҳоди Ислом Каримов, райиси ҷумҳури Узбакистон таъсис ёфта, ҳадафаш ҷустуҷӯи роҳҳалҳои низои Афғонистон аст. Дар ҳайати гуруҳ ҳамсояҳои Афғонистон-Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва ИМА-ву Русия, ҳамчунин НАТО шомиланд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!