Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:43

Илҳоми муллоҳо ба ҷӯш омад…

5 июл 2013, 15:38

Абдулазизи ВОСЕЪ

Зиҳӣ, зиҳӣ роҳбарам,
Роҳбари сулҳоварам,
Эҳёгари ниёгон,
Ҳомии Тоҷикистон...


Фаъолону ходимони дин дар мулоқот бо президенти кишвар бештар ба тавсиф, таъриф ва санохонӣ машғул шуданд. Ин дар ҳоле, ки худи Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, суханҳо мухтасар ва танҳо таклифу пешниҳодҳо ироа шаванд.


Мулоқоти райисиҷумҳур бо намояндаҳои аҳли ҷамоаи кишвар ва руҳониён 4-уми июл дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе баргузор шуд, фишурдаи онро шоми дирӯз телевизионҳои давлатӣ намоиш доданд. Қисмати аввали он чун анъана бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон поён ёфт. Дар бахши дуюм баландгӯякҳо ба ихтиёри иштирокчиён гузошта шуд ва беш аз дуюним соат бештари онҳое, ки сухан карданд, танҳо сифатҳои президентро баршумурда, фурсатро ба тавсифу таъриф сарф карданд. Ин ҳам дар ҳоле ки президент гуфт, танҳо таклифу пешниҳодҳоро баён созанд. «Хизматҳои роҳбари давлатро дар ғоибаш бигӯед. Ман табиатан қабул надорам. Ҳарчи кардам барои халқи худ кардам. Ман ҳастиямро дар сессияи 16-уми Шӯрои олӣ ба мардум бахшидам ва то вақте ҳастам дар хизмати ҳалқам ҳастам»,-таъкид кард ӯ.

Зимнан, интизор мерафт, аз ин фурсат истифода карда, ҳозирин мушкилотро баррасӣ ва роҳи дурусти ҳали онро пешниҳод намоянд. Барои як фазои хуб ва ором таклифҳои муфид ироа карда, мавзӯъҳои муҳимро дар миён бигзоранд. Аммо тавре аз ин суҳбатҳо хулоса шуд, барои намояндаҳои дин дар Тоҷикистон асоситарин мушкил мавҷудияти ҳизби исломист. Чанд нафари онҳо бо таъкиди ин нукта, ки Ислом ба ҳизб ниёз надорад, зоҳиран фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро зери суол бурданд. Як нафар ҳатто ба президент пешниҳод кард, «аз ҳизби наҳзати исломӣ калимаи поки Ислом бардошта шавад, зеро ин ҳизб аз номи поки Ислом ба манфиати худ истифода бурда истодааст».

Саривақтӣ ва дуруст будани «қонуни танзим», беҳтарин ва нодиртарин намуна будани қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ ва озодиҳои виҷдон» аз мавзӯъҳои дигар буд. Аммо тавре ишора рафт, бахши аъзами мулоқот таърифу тавсифҳои болохонадори раҳбари кишвар буд. Гуйё, фаъолони ҷомеа ва ходимони дин дар тавсифи президент бо ҳам мусобиқа доштанд. Ҳар нафаре сухан мекард, талош менамуд аз нафари қаблӣ дида сифатҳои зиёдтареро баршуморад.

Бештари онҳое, ки сухан мекарданд, мегуфтанд, «зери таъсири суханҳои президент назди баландгӯяк омадаанд», мо ҳам зери таъсири ин ҳама тавсиф танҳо бархе нуктаҳоро пешниҳоди хонанда мекунем. Сабқати таъриф аз намояндаи Шӯрои уламо аз вилояти Суғд оғоз шуд. Ин нафар ҳарчанд изҳор кард, ки «хизматҳои Шумо барои халқу миллати тоҷик, хусусан ба дину мазҳаб ба таърифу тавсиф ба таблиғ ҳоҷат надорад», аммо дуру дароз ба шумурдани сифатҳои президент пардохт.
«Давлат бунёд кардед, ваҳдати миллиро барпо кардед, миллатро сарҷамъ кардед, халқу мамлакатро соҳибӣ кардед, дину мазҳабро ҳимоя кардед»,-номгӯи нокомиле аз ҳарфҳои ин руҳонист.

Воқеан, яке аз саркардаҳои пешниҳоди ба ҳизб эҳтиёҷ надоштани Ислом ҳам ҳамин нафар буд, ки гуфт: «Ҳазору чорсад сол беҳизб омадем, Ҷаноби Олӣ, ҳамин ҳисоба нигоҳ дорем».

Суҳбати ӯ бо ҷумлаи «Ходимони дин ва имомхатибон доим мехоҳанд таҳти роҳбарии ҷаноби Шумо тинҷу ором бошад» поён ёфт. Имомхатиби ноҳияи Шоҳмансури Душанбе мулоқот бо райиси ҷумҳурро дар арафаи Рамазон «нишонаҳои хушбахтӣ» унвон кард.
Намояндаи шуғнони Бадахшони Куҳӣ кам наомад ва гуфт: «Ҷаноби Олӣ, президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, сарвари тоҷикони куллӣ олам, пешвои асри 21… Ҷаноби Олӣ мегӯянд, хуршеди ҷаҳонтоб дар осмон месӯзаду дар замин месозад. Шумо низ президенти ваҳдатофарину ваҳдатшиори мо ба хотири рифоияти мардуми худ, ба хотири саодати мардуми худ сӯхтед, сохтед, кохи бегазанди ваҳдату сулҳу якпорчагиро дар ватани азизамон бунёд кардед. Дар бораи хизматҳои фарзандонаву падаронаи Шумо Ҷаноби Олӣ, дар бораи баланд бардоштани рифоияти рӯзгори мардум ва дар бораи садоқати бепоёнатон, дар бораи истеъдоди фавқуллодаи фитриятон дар бораи имону саодататон бисёриҳо гуфтанду навиштанду хоҳанд навишт ва ин ҳам ҳанӯз кам аст, чаро ки ин муҳаббат ҳар рӯзу ҳар соат, ҳар лаҳза бо ҷиллову рангҳои тоза нав мешавад ба дилҳо шодиву сурур ва ба дидаҳо нур мебахшад… Ҷаноби Олӣ мардуми соҳибақл, мардуми бофарҳанг бо шумост, Шуморо дӯст медоранд».

Ва нафари дигар, ки худро муаррифӣ накард, афзуд, «дар аҳодиси пайғамбар (с) омадааст, ки агар Худованд дар кадом мамолике хубиеро биоварад аввало як шахси одилро бар сари онҳо ҳоким мегардонад. Шукри Худованд мардуми сарзамини Тоҷикистон ба ин неъмати пурбаҳо ноил гардидаанд (воқеан ин нафар ҳам яке аз афроде буд, ки мегуфт Ислом ба ҳизб ниёз надорад ва ба президент пешниҳод кард, «аз ҳизби наҳзат калимаи поки Ислом бардошта шавад, зеро ин ҳизб аз номи поки Ислом ба манфиати худ истифода бурда истодааст)».

«Парвардигоро ин ин сулҳу салоҳ, ин тинҷиву амонӣ, пешравиҳову иншооти бузург, ин дастурхони пурнозу бобаракати мардуми сарзамини Тоҷикистонро бо ҳамроҳии сарвари давлатамон доимо пойдор ва устувор бигардон ва сарвари давлатамонро дар олам руйсурху сарбаланду обруманд бигардон»,- дуо кард вай.

Аз тавсифҳои намояндаи ноҳияи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ пораи шеъриеро ҳам менависем:
Зиҳӣ, зиҳӣ роҳбарам,
Роҳбари сулҳоварам,
Эҳёгари ниёгон,
Ҳомии Тоҷикистон.


…Он ибораҳои тиллоие, ки дар ин маҳфил, умуман дар баромаду паёмҳои Шумо меоянд, зиракии сиёсӣ, зиндагии шоиста ва аҳдофу мақсадҳои миллӣ, инҳо дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои зарин иншоолоҳ навишта шудаанд… Мо дастуру супоришҳои Шуморо ҳамчун қаҳрамон нури дида рӯи чашм медорем».

Намояндаи Дарвоз: «Моро зиндагии шоиста ва серию пурӣ бо Эмомалӣ Раҳмон дар пеш аст. Мо дарвозиёни Бадахшон танҳо ва танҳо ба Эмомалӣ Раҳмон эътимод, эътиқод, ва боварӣ дорем, ки дунболи ӯ нодиртарин ва пурарзиштарин уфуқҳои зиндагиро фатҳ менамоем».

Ва як намоянда аз Рашт афзуд, ки «Ҷаноби Олӣ! Агар хизматҳои шоёни Шуморо дар роҳи дин чанде ҳисоб кунем, рӯзҳои тӯлонӣ ва моҳҳои тӯлонӣ каманд, ки дар шумор биёрем». Аммо ба қавли ин нафар бузургтарин хидмати Раҳмон ин будааст, ки танҳо баъди ҳарфҳои ӯ дар минбарҳои баланд, ҷаҳон фаҳмид, ки Ислом пок аст ва ҳеч иртиботе ба ифротгароиву ҷанг надорад.

Илҳоми қофиябандии намояндаи Файзобод ҷӯш зад: «Мо мардуми тоҷик шукргузор, посдор, вафодор, амонатдор, бурдбор, дӯстдору ҷонисори ин сарзамини муқаддаси куҳанбунёди аҷдодӣ буда, тарафдору нигаҳдору пуштибони сиёсати хирадмандонаи Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ будем, ҳастем ва хоҳем монд»

Мусобиқаи тавсиф идома дошт…


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Патриот

  • 5 июл 2013 15:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз паси ин "мулло"-хои тамаллуккор ва хушомадчи намоз хондан магар дуруст аст?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Афсонаи "Буду набуд"-и Мавлави Абдурахим Каримов моро моту махбут кард. Гуё пешоруи намояндаи КГБ маълумот медод ва мурофиаи додгохиро ба ёд меовард... Аз гиряхояш хуб хандидам, актёр дар барномаи шоу
Посух додан
  • safo

  • 5 июл 2013 16:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аслому алайкум ин муло нестан
инҳо чоплусҳои ҳукумат ҳастанд
инҳо барои дунё шуда охираташонро фурухтан
барои чи як бор намегуянд ҷаноби оли аз шумо илтимос ҳамин ҳукумҳое ки дар бораи намоз хондани фарзандони мо аз 18 сола манъи ҳиҷобро дар донишгоҳо ва манъи мондани ришро барои ҷавонони мусалмон ва ғайра...... илғо кун
локин афсус барои ҷайби худашон парвои ислом надоран
Посух додан
  • курбон

  • 5 июл 2013 17:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ой муллоАбдрахим ришат ку?укададар аз ухдаи актёри баромада метонистабудаи! бади интихобот дар сирк хатман шуморо ба вазифаи КЛОУНИ пешбари мекунем.ха ха ха...
Посух додан
  • ASAD

  • 5 июл 2013 17:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ASLOM INKI PESHNIHOD DORAD KI ISLOM AZ HNIT DUR KARDA SHAVAD KOOR KHONDAI YO NAQSHAE DORED INHAM NAQSHAI SHUM AST AZ TARAFI ISLOMSITEZON/
ALLOH TABORAK VA TAOLO MEFARMOYAD *VA MAKAROO VA MAKARALLOH VALLOHU KHAYRULMOKIREEN*
Посух додан
  • Рахмонкул,

  • 5 июл 2013 17:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Абдулазизда гап нест....
Посух додан
  • Точикбача

  • 5 июл 2013 18:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин лагандбардорон дину имонашон сусту заъиф аст .
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Маддоҳон! Ин ҳама ҷуз мазҳака чизи дигаре нест. Ин муллоҳо ҳазору чаҳорсад сол боз тағйир намеёбанд. Бо хондани ин мавод як лаҳза хаёлам ба замонҳои амир Олимхон рафт. Ҳаминқадараш кам будки ин маддоҳон ба пойи президент ба зону биафтанд, замин бибӯсанд ва бо калимоти "Шоҳаншоҳам, шумоед офтоби ҳафтоду ҳафт олам...", гуён, ба сухан бипардозанд. Дуруст аст ки мегӯянд: "Шоҳонро (раҳбаронро) маддоҳон вайрон мекунанд".

Фарз кардем, пас аз интихоботи нав Эмомали Раҳмон неву каси дигар президент шавад. Бовар кунед, азизон, он вақт низ ин афроди пуч пӯсти рӯи худро дигар карда, айни суханонро нисбат ба ӯ мадҳ хоҳанд кард. Беҳуда шоир нагуфтааст: "МУНОФИҚРО ҲАРГИЗ НАДОН МУВОФИҚ, МУНОФИҚРО МУНОФИҚ ДОН, МУНОФИҚ"! Дунё аз дасти ҳамин гуна мунофиқон сӯхтааст. Одамро одам вайрон мекунад. Нест бод маддоҳӣ! Зинда ва поянда бод демократия! Нест бод худкомагӣ! Ҷовидон бод Тоҷикистон, тоҷику тоҷикистонӣ!
Посух додан
  • Cангак

  • 5 июл 2013 19:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИН муллохое, ки факат таърифу тавсифи Раиси Чумхурро карданд, пагох агар интихобот шаваду, нафаре дигаре ба макоми Раиси Чумхур интихоб шавад, боз хамон таърифу тавсияро ба унвони раиси чумхурии тозаинтихоб
дарег намедоранд. Ин муллохои чоплусу лагандбардори дарбори хастанд.
Боз худашона пайрави Абуханифа (р.а) мепиндоранд ва намедонанд ё медонанд, ки Имоми Аъзам барои адолат ва хакикат шуда, аз вазифаи козиги даст кашида, дар зиндон аз тарафи чаллодони амир ба халокат расидааст
Посух додан
  • Сафар

  • 5 июл 2013 19:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дустам Абдулазиз бехтаринашро хамшахрии худат гуфт!)))
Посух додан
  • МуллоМушфики

  • 5 июл 2013 20:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як гап занам...Хами худи шумо ба Ислом даркор нестед, на ин ки ХНИТ. angry То ин дарача бевичдони...Ё тобааааааа.Дигар ба ин хел рухонию исломихоба БОВАР НАДОРАМ.Мутаассифона аз Исломи Тозаю Покиза як Исломи ифроти ба вучуд омадааст.. recourse Патриот,
Посух додан
  • Firdavs

  • 5 июл 2013 21:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Пайравони нахзат ба ларза омаден? Баромади мулло Абдурахим барои Шумо гумрохон буд! У рохбаротон фикри худшона мекунан. Шумо Худои худтона бгену шукронаи тинчиву оромии ВАТАНИ АЗИЗАМОНА КНЕН!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ошики ин дуне хастанд.Танхо барои нафси худ харф мезананд.Кариб 2 млн.мухочир дур аз Ваатан хастан,ва аз фарзандону модарони худ дуранд, як калима нагуфтанд.Афсус(((Боз шумо фикр мекунед,ки мардум ба шумо бовари дорад.Руи хамат сиех.
Посух додан
  • Сарирохи куча

  • 6 июл 2013 10:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Монед ин гапхои аблахонаатонро охир одама аз пасаш гайбат карда гаштен мардакен масчидошон равен рушонда гуен ки барои чи ин гапхора гуфтед. Аз паси ким кадом курси нишаста худатона олим профессор метарошен, худатона донову окил мегиред. пеш аз онки менависед як бор ба худ савол дихед оё ин коментарияхои ман чи чиз бароям медихад. Ба чуз гаразхои шахси чизе надоред. Ман шахсан тарафтори ягон шахс ва ё гурх нестам. Лекин ин суханхои дар хаки муллохо гуфтаед но шукрии онхо мезанота. Пагох хамаатон мурдан доред ва шумобарин ношукронро хамин муллохо чаноза мекунанд. Дар сари манзилатон хаминхо оят мехонан писару хешу таборатон як калима намедонанд. Боки Худо нигахботон!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Узр, лекин хато кардед огои мулло 1400 не 1330 сол бехизб будед, охир 70 соли комунистиатонро ба ёд оред. Дар ёд доред давраи комсомолиатонро:
ватанам СССР
гулшанам СССР
Ха гуфтагибарин бо бархам додани ХНИТ шумо бехизб намешавед, охир шумо аъзои ин хизб нестеткууу.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!