Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:04

(АКС) Сафари президент дар Хатлон, роҳбандон ба бор овардааст

5 июл 2013, 17:13

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии Бохтару Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ, ки то 7-уми июл идома хоҳад кард, барои сокинони ин навоҳӣ як қатор мушкилотро ба бор овардааст.

Тавре ҳамкори “Озодагон” аз шаҳри Қӯрғонтеппа хабар дод, “дар пайи вуруди корвони мошинҳои президентӣ ба минтақаи Қӯрғонтеппа, ки бо шумули меҳмонони хориҷӣ ва кормандони матбуоти расмӣ аз 20 адад ҳам фаротаранд, роҳи ҳаракат барои дигар нақлиёт дастикам то дусоатӣ дар якчанд масир баста гардид, ҳатто дар чунин шоҳроҳҳои серравуое амсоли Душанбе - Қӯрғонтеппа ва Қӯрғонтеппа - Кӯлоб.”

Ба иттилои манбаъ автовокзали шаҳри Қӯрғонтеппа, ки сафари мусофиронро ба самти Душанбе, Кӯлоб, Шаҳритус, Панҷ, Норак ва дигар таъмин менамояд, ҳарчанд мусофирони зиёде хоҳиши сафар доштанд, бо сабаби дар сайрхати ҷаноби Раҳмон қарор доштан анқариб ду соат маҳкам гашт.”

Ба иттилои сокинони Қурғонтеппа, дар як гӯшаи тамоман аз сайрхати раисиҷумҳур дур низ як ҳолати намоишкории мақомоти маҳаллӣ мушоҳида шудааст: “Баробари ба шаҳри Қӯрғонтеппа қадам ниҳодани Эмомалӣ Раҳмон кори кандани зерасоси бинои понздаҳошёна, ки сохтмонаш ҳанӯз соли 2010 аз ҷониби Президент ифтитоҳ ёфту то ҳол мавқуф гузошта шуда буд, аз саҳари имрӯз оғоз гардид. Онҷо як автомашинаи борбар ва як экскаватор ба кандани хок машғул буданд.”
Мувофиқи ваъдаи Шарифхон Самиев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ин “бинои баландтарин дар вилояти Хатлон” бояд соли оянда ба истифода супурда шавад, вале аз ҳафт метр чуқурии пешбинигарда барои зербино ҳанӯз чор метраш канда шудаасту бас.

Дар ҳамин ҳол сафари раисиҷумҳур бо иштирок дар хатнасури дастаҷамъонаи 150 кӯдаки ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд ва ҳамчунин тӯйи арусии 10 ҷуфти навҷавонони камбизоат оғоз ёфт. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур ин чорабинии дастаҷамъонаи хайрия дар тарабхонаи хусусии Бандари куҳани шаҳри Қурғонтеппа баргузор гардид, ки худи ҳамин рӯз ифтитоҳ ёфтааст.

Инчунин раисиҷумҳур дар ифтитоҳи майдони мошинронӣ, теннисбозӣ, мактаби ронандагӣ ва ғайра иштирок намуда, марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Қурғонтеппа-Дӯстӣ ба масофаи 18 кмро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com

Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!