Бахшҳо
06 июл 2013 08:48Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Бақозода: “Касе ду ширкат мекушояд, ба рӯйхати сиёҳ ворид мешавад”

Қаҳрамон Бақозода, роҳбари Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало”, мегӯяд, дар Тоҷикистон нафареро, ки ба номаш ду ширкат ё ташкилот мекушояд, ба рӯйхати сиёҳ ворид мекардаанд.

Бақозода зимни ҳамоиши «Мусоидат намудан ба соҳаи бизнес дар самти амалӣ намудани қонунгузории нави андоз, ҳамчунин ҷамъи пешниҳодҳо ва омодасохтани тавсияҳои мувофиқ» дар шаҳри Душанбе гуфт, “як вақт мехостам ташкилоти дигареро ба номи худ кушоям, аммо дустонам гуфтанд, ки дар Тоҷикистон дар зери номи худ ду ташкилотро кушода наметавонӣ. Агар кушоӣ дар руйхати сиёҳ номнавис мешавӣ”.

Саидаҳтам Абдуллоев, масъули воломақоми Кумитаи андоз, ин иддаоро рад накарда, суол гузошт, ки чӣ зарурат дорад, як шахс ба номи худ ду ё зиёда ширкат кушояд: “Аз рӯи қонунгузорӣ дар доираи як ширкат метавонӣ 100 намуди фаъолиятро роҳандозӣ кунӣ. Ягон маҳдудият нест.”

Ин масъули Кумитаи андоз мавҷудияти рӯйхати сиёҳро таъйид карда, афзуд, ки ин рӯйхат ба он хотир шудааст, ки “баъзе нафарон дар зери номашон 2-3 ширкат навишта буданд ва аз андозсупорӣ даст кашидаанду ҳоло онҳоро пайдо карда намешавад.”
Аммо Қаҳрамон Бақозода суол гузошт, ки “фарқаш чӣ, ки дар номи худ чанд ширкат кушоем. Мо андоз месупорем ку. Дар куҷои қонун навишта шудааст, ки мумкин нест.”

Абдуллоев посух дод, “аз ин ҳолате ки шумо пешниҳод доред огоҳ нестам” ва афзуд, ки дар Тоҷикистон бисёри мушкилотҳо аз нофаҳмии қонунгузории андоз сурат мегирад.

Ӯ аз ассосиатсияҳо интиқод намуд, ки бо Кумитаи андоз ҳамкории суст доранду корҳои фаҳмондадиҳиро суст ба роҳ мондаанд: “Аз рӯи феҳристи ягона дар Тоҷикистон беш аз 40 асотсиатсия номнавис шудааст. Ман дар назар дорам асотсиатсияҳое, ки бевосита ба дастгирии соҳибкорӣ вобаста ҳастанд. Аммо мутааъсифона дар самти фаъолияти худ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба андозсупорандагонро кам мегузаронанд. Ба ғайр аз 3 асотсиатсия ҳамкории дигари онҳо бо мо хеле суст мебошад.”

Абдуллоев инчунин зикр кард, ки дар сомонаи кумитаи андоз навишта шудааст, ки “ҳар фикру ақидае, ки дар масъалаи кодекси андоз доред, ирсол намоед, аммо аз аввали моҳи январи соли ҷорӣ то ба имрӯз ягон андозсупоранда фикру ақидаи худашро нанавиштааст.”
Аммо намояндагони доираҳои соҳибкорӣ мегӯянд, дар марҳилаи таҳияи Кодекси нав ҳазорҳо пешниҳодро ироа кардаанд, вале мақомот аз ҷумла Кумитаи андоз аксари онҳоро сарфи назар намуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)