Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:11

Бе “тағо” ва пул ба мактабҳои олӣ дохил шудан имкон дорад?

6 июл 2013, 10:15

Дар арафаи мавсими дохилшавии довталабон ба макотиби олӣ “Озодагон” миёни устодон, депутатҳо, намояндагони аҳзоб ва довталабон суол гузошт, ки оё бидуни тағо ва пул дохилшавӣ ба макотиби олӣ имконпазир аст?

Марҳаббо Ҷаборова, депутат

Албатта имкон дорад. Мутаасифона, вақтҳои охир сару садоҳо дар бораи пулу тағо доштан миёни мардум паҳн шудааст. Аммо ман фикр мекунам, ки ин сару садоҳо овозаи беасос аст. Пештар ман ректори Донишкадаи забонҳо будам вақте, ки падару модарон назди ман омада мегуфтанд, ки мо шароит надорем, пул надорем. Ман дар ҳайрат мемондам, ки барои чӣ онҳо дар бораи пул гап мезада бошанд. Агар довталаб дар давоми як моҳи охири мактаб нею аз аввали таҳсил нағз хонда омодагӣ бигирад, албатта метавонад, ки ба дилхоҳ макотиби олӣ дохил шавад. Барои ҳамин бояд падару модар аз аввал нисбати фарзандонашон дар таҳсили макотиби миёна ҷиддӣ муносибат кунанд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ

Тавре мушоҳидаҳо гувоҳӣ медиҳанд бидуни додани пора ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шудан имконият надорад ва аз дастгир намудани устодон худдорӣ мекунанд. Вале дар ҳамаи ин корҳо худи роҳбарони донишогоҳҳо бевосита сару кор доранд ва пушту паноҳи онҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаст. Албатта сатҳи дониши хатмкунандагони зинаҳои марбута дар замони истиқлол хеле паст шудааст ва маълум аст, ки хатмкунандагони донишгоҳҳо аз рӯи касбу корашон кор намекунанд, зеро музди маошашон ва дигар кафолатҳои иҷтимоӣ таъмин нагардидааст. Муносибатҳои корупсионӣ низ дар ин соҳа ҳаст ва чунин ба назар мерсад, ки гуё дар сатҳи хеле баланд мувофиқа шудааст. Бино бар ин ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам роҳбарияти соҳа вонамуд, мекунанд, ки гуё фасод ва пора набошад. Аммо аз рӯи мушоҳида маълум аст, ки бе пора дохил шудани довталаб ба донишгоҳ имкон надорад.

Хикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ

Ман ба ин боварам, ки дар ҷо-ҷое ва дар баъзан аз факултаҳо афкори омузгорон, устодони донишогоҳҳо ва ё донишкадаҳо, дар ин масъала тағйир хӯрдааст. Мутаасифона, дар ҷомеа фазо тағйир нахӯрдааст. Яъне ба ҳамон воқеият таваққуф дорем, ки дигар ҳеҷ чизе тағйирпазир нест , ҷуз пардохти маблағ. Ва ҳамон фарзанд, бародар ё хоҳари худро тибқи ҳамин вокеияти рӯз омода намесозему доимо думболи пардохт ё пайдо кардани пул мегардем. Ман намегӯям, ки нест, ҳаст ва ҳамин ду паҳлӯи масъала бо ҳам рабт дорад. Вале комилан ба ин бовар ҳастам, ки агар ҷавоне ё хоҳаре дониши комили масъаларо дорад ва як гуна аз худ ҷасорати баҳсро дар ҳамон маҳдуда, рӯ ба рӯ дар супоридани имтиҳон ё ширкат дар озмун дорад, метавонад баҳс кунад, ӯ аллакай ҷои хешро дорад. Ман чунин таҷрибаро дорам ва шоҳид ҳам ҳастам.



Фурқат Талбов, устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Бале! Ман фикр мекунам, ки бе пул ва бе ягон воситаҳои иловагӣ ба монанди тағобозӣ ҳам ба дилхоҳ донишгоҳ дохил шудан мумкин аст, агар ба шарте, ки довталаб саводи кофӣ дошта бошад. Баъзан мешавад ҳолатхое, ки мутаасифона довталабон саводи казоӣ надоранд ва даъво ҳам мекунанд, ки мо дохил шуда натавонистем, бе пулу бе тағо дохил шуда намешавад. Масалан, Донишгохи тиббиро бигирем, дар ин донишгоҳ пулу тағо умуман лозим намешавад, ва агар довталаб ба худ боварӣ дошта бошаду исбот карда тавонад, ки ӯ босавод аст, аз имтиҳонҳои тестӣ гузашта ва соҳиби номи донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ мегардад. Боъзан мешунавем, ки мегӯянд дар Донишгоҳи тиббӣ барои дохилшавӣ 10-12 ҳазор доллар лозим аст, ин асос надорад ва аз воқеият ҳам дур аст.

Назири Нусрат, журналист

Ба назари ман, ҳоло чунин шароит ҳаст, ки бидуни ба истилоҳ “тағо” ё “шапка” ба дилхоҳ донишгоҳ ё муассисаи олии таълимӣ дохилшавӣ қариб ғайриимкон аст. Мушкил ин аст, ки дар аксар ҳолат барои дохил шудан имкон намедиҳанд. Ин қабл аз ҳама, ба иродаи комиссияи қабул ва раҳбарияти аввали донишгоҳҳо вобаста аст. Агар Шумо хеш, ҷӯра ё шиноси наздики ректор ё проректор ё кадоме аз масъулини комиссияи қабул ҳастед, ё бевосита ба ягон масъули донишгоҳ иртибот доред, фарзандатон барои дохилшавӣ мушкил надорад. Дар акси ҳол, ё бояд шинос пайдо кунед, ё дар ҷустуҷӯи маблағи шартнома бошед. Аммо мисолҳое ҳам ҳастанд, ки ягон-ягон довталабон комилан ва ба маънои томаш буҷавӣ таҳсил доранд. Як чунин донишҷӯро дар Донишгоҳи тиббӣ медонам, ки соли 2011 дохил шуд: Бидуни ҳеч гуна пора, шинос ва ё воситабозӣ. Ба қавле, «таваккал ба Худо» гуфта, ҳуҷҷат супорид. Довталаби дигареро медонам, ки аз имтиҳоноти аввал-иншо аз адабиёти тоҷик, гузашт, аммо натавонист аз имтиҳони тестӣ гузарад. Сабаб ин буд, ки номаш ба рӯйхати «буҷавиҳо» ворид буд, аммо шиносе ё дастгире надошт. Ин дар ҳоле буд, ки дар ин бахш барои як ҷой 6 нафар мубориза мебурданду аксаран шинос ё фарзанди касе буданд. Ба ин маънӣ, ҳоло давлат иддао дорад, ки барои таҳсили ройгон шароитро фароҳам кардааст, қонунгузорӣ ҳам меъёрҳоро танзим намудааст. Чунин ҳам ҳаст. Аммо омилҳои дигар, ки аз онҳо болотар ном бурдем, имкониятро маҳдуд мекунанд, ё умуман имкон намедиҳанд.

Аъзам Хуҷаев, коршинос

Ҷои бисёр афсус аст, ки имрӯз барои дохил шудан ба донишгоҳҳо дар Тоҷикистон пул додан ба як чизи оддӣ ва маъмулӣ табдил шудааст. Аз ин кор на пулдиҳанда хиҷолат мескашад ва на пулгиранда эхсоси гуноҳ мекунад. Аз гуфтугуҳои хиёбонӣ чунин бармеояд, ки имсол барои дохил шудан ба ин ё он факултет аз ҳоло нархҳоро маълум кардаанд. Аммо дар канори ин як чароғи нимрӯшани умед ҳам мушоҳида мешавад ва он ин аст ки ҷавононе низ ҳастанд, ки ғурурашон иҷоза намедиҳад дониш бо пул бихаранд ва фақат бо омӯзиш ва хондан ба донишгоҳ мераванд ва хушбахтона ин теъдоди ангуштшумор то ҷое муваффақ ҳам ҳастанд. Бале, агар дониши комил бошад, метавон бе пардохти пул ҳам ба донишгоҳ дохил шуд, агарчи ин кор хеле душвор аст. Вале аз он ҷо ки пул додан эътимоди бештаре барои дохил шудан эҷод мекунад, бадбахтона аксар аз ин масир қадам бармедоранд.

Тасвира, довталаб

Не боварӣ надорам. Дар мо ин маъмулӣ шудааст, ки ҳар куҷое равед, бе тағо ва бе пул корат тамом намешавад. Дар мактабҳои олӣ низ ҳолат ҳамин гуна аст. Шояд довталаб сад дар сад ба талаботи муассисаи таълимӣ ҷавобгӯй бошад, аз имтиҳон гузарад. Лекин баъзе аз омӯзгорон барои пул кор кардан махсус ба довталаб саволҳое пешниҳод мекунанд, ки ҷавоб дода натавонаду маҷбур шавад маблағ пешниҳод кунад. Масалан савол медиҳанд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чанд нафаре вафот кардааст, номҳояшонро номбар кун ва маълум, ки довталаб ба ин ҷавоб дода наметавонад ва аз дигар роҳҳо истифода мебарад, то аз имтиҳони дохилшавӣ гузарад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар дониш дошта боши нест лекин хозир рохбарони аввал худашон одамони худашонро пешаки барои пулгири таёр vtyfvjxyl дар донишгохи кулоб ректор алакаи махалгароиро кор гирифта хамаи хаммахалашро ба комисияи каьул ьа кор гирифтаси
Посух додан
  • донишчу

  • 6 июл 2013 11:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои донишчухои соли гузашта яне соли 2012 сол соли хакикат соли шаффофият ва соли нотакрор буд.Чунки ректори ДДМТ Хаёт Одинаев ба тагобозиву ришва крест баста буд.Шахсан худи у имтихонхои медалистхоро кабул кард.Афсус ки дар хукумати мо чунин олимон рох намеёбанд.Ин кадрхо барои Путину Обама даркор хасту бас.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Донишгохи Тибби бе пул даромада намешавад. Хатто дар тестхое, ки ба абитурентхо дар вакти имтихон аз тарафи Донишгох дода мешавад, чавобхои саволхои тестхо нодуруст мебошанд. Абитуренти бе пул, ки чавоби дурустро аз даст менависад, намегузарад. Ба наздики имтихон барои хонандагони подкурс буд. Журналистон бояд як тафтишоти худро гузаронанд.
Посух додан
  • Х

  • 6 июл 2013 12:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хамаи он нафароне, ки дар ин макола ибрози акида намуданд, ки гуё бе "пулу тагабози" ба донишгоххои кишвар дохил шудан мумкин нест, чунин гуфтаниям. Эй хамватанон, Шумо хар яки дар алохидаги ва аз хама мудхиштараш хамаатон дар чамбаъсти душманони миллати худ хастед. Барои чи, барои он ки:
1. дар чамъияти мо акидаи носолимро густариш дода, ба хамин васила давлати моро, чамъияти моро хамчун фасодзада, чи дар дохили кишвар ва чи берун аз он, муаррифи мекунед.
2. ба зиёда 200 хазор довталабе ки хамасола барои дохил шудан чидду чахд мекунанд, хиёнати мафкурави намуда, ба онхо хизмати хирсона мекунед.
3. ба симои хамаи олимони мо, ректорони донишгоххо, аъзои комиссияи кабул ва умуман ба хамаи сохаи илму маориф хок пошида, беасосона эшонро гайбату танкид мекунед, ки басо гунохи бузург аст ва Худованд магфирататон намояд.
Ин чо далелхои зиёд овардан мумкин аст, вале хулосаи гап хамин, ки чи тавре дар боло кайд карда будам, хамаи шумо душманони миллати худ хастед, ва гумрохии худро ба сари дигарон низ бор кардани хастед. Худо хидоятатон намояд.
Номи ман Хуршед Рафиев, почтаи электронии ман rafiev-85@mail.ru. Ба хамаи довталабоне, ки дар хакикат дониш кофи доранд ва хангоми супурдани имтихони дохилшави ба беадолати дучор шудаанд, мархамат ба ман нависед. Ман хатман бо Шумо вохурда, лозим шавад то ба Президент мактуб навишта, агар Шумо дар хакикат дониши хуб дошта бошед, хатман ба Донишгох дохил мешавед.
Гап дар сари ин, ки довталабони мо дар асл худ бесавод хастанд, ва аз хамин лихоз онхо худ тайёранд, ки ришва дода ба Мактабхои оли дохил шаванд. Ягон нафар довталаби босавод (ба маънои тамаш босавод), хеч гох дар рох намонда, дучори беадолати намешавад, зеро Донишгоххо дар навбати аввал мехоханд, ки хадди акал 20-30 % донишчуёни онхо дар хакикат босавод буда, обруи донишгохи худро баланд бардооранд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хуршед Рафиев, шумо худатон дар чи вазифа хастед, ки ба мардум ин тур ваъдахо медихед? Агар умедатон ба сайти президент бошад, пас тушбераро хоб шумурдед. Ба ин сайт хар руз садхо мурочиат меравад, вале ман надидам холатеро, ки аз он ба касе чавоб омада бошад...Шояд, вакте, ки худи шумо президент шудед, ин вазъ ислох шавад)))
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хонум Чабборова чунон харф мезанад, ки гуё дар замони ректории у хамаи мардум бе пул дохил мешуда бошанд. Шарм хам хуб чизест! Аммо дар масъалаи дохилшави: дар донишгохи миллии замони ректории Сафиев Х. ва Одинаев С. хазорхо донишчуи бе пул ва бе таго ба Донишгох дохил шуданд. Аз тачриба мегуям ва дастамро хам руи дилам гузорида мегуям, харчанд дар ин давра масъули комиссяи кабул набудам. Аммо ба ректорони баъди ва кунуни чунин бовар надорам. Донишгохи тибби хам дар замони ректории ректори кунуни чунин шароитеро фарохам оврдааст! Фасод дар кишвари мо тантана дорад!
Посух додан
  • сарварби

  • 7 июл 2013 11:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Соли 2012 ман хуччатхои ду набера ва як писарамро дар ДДМТ дар факултахои хукуку забонхо супоридаам аз ду набераам дилпур будам ки агар адолати устодон бошанд наберахоям дохил мешаванд,чунки наберахо лицейхои бокуввати шахрро тамом карда буданд.Писарам бошад рузхоро бо бозию бекорагардихо паси сар мекард.Аз бисёрихо пурсон мешудам барои дохил шудани бачахо хамагон мегуфтанд,ки савод хам бошад пул ё таго набошад хама бефоида хаст!.Билохира ба ДДМТ ба кабулгохи ректор Хаёт Одинаев рафтам.Вай манро муддати 5ё6 дакика кабул кард ва ман уро фахмондам,ки 2 набраам лицейхои бокувватро хубу аъло тамом кардаанд,нашавад,ки ноадолати рух дихад.У кас факат бо як чумла гап моро дилпур сохт,ки агар лицейро бо бохои хубу аъло тамом карда бошанд, дилпур бош ки наберахо донишчу хастанд.Хулоса харду наберагон бо сари баланд гузаштанд,лекин писарам,ки намехонд аз имтихони аввалин тарки чазира кард.Ана инсоф ана адолат ман шахсан ба ин гуна рохбарони донишгох тарафдорам ва мефахрам,ки чунин олимхои хакики вууд дорад.Худованд хамаи фарзандхои моро чун ХАЁТ ОДИНАЕВ олими бокувват гардон,ки имруз мардуми мо сахт бо илм ниёз дорад ОМИН!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Х,
Зинда бод, оқои Рафиев. Агар ҳама шумо барин ватандӯсту миллатдӯст шаванд, пас порахӯру ришваситон чи гуна зиндагӣ мекунад? Банда бо шумо дар он мувофиқам ки, на 20 илло 30 фисад, балки ягон, ягон доно, ба тарзи истисно, бо ақлу дониши худаш ба донишгоҳ дохил мешавад, яъне танҳо ба ҳамин як ё ду нафар "имконият" дода мешавад. Бас, боқӣ бояд тӯъмае диҳанд, вагарна дар он муассисот касе кор намекунад. Ин аҳвол сар то сари мамлакат аст.
Боре бо яке аз мудирони кафедраи яке аз донишгоҳҳо, ки рафиқам аст, дар ин бора баҳс рафт. Ӯ рӯирост гуфт: "Дар ҳар як гурӯҳи академикӣ ректор фалон нафар одам дорад (фалон % квота), декан инчунин. Ин ҳарду тоифа луқмаи калон доранд. Боқӣ одамони мудирони кафедра ва муаллимони қаторӣ. А бача, и сезонай. И я солда я бор мешава. Мо яксола ризқу рӯза дар ҳами вақт меёвем!" Пас ман савол кардам ки, "оё шумо наметарсед, ки ягонтаи онҳо аз болоятон шикоят мебарад?" Маълум шудки "ҳатто пасттарин ва последний твар абитуриент" шикоят намекардааст, зеро дар он сурат худаш низ ба ҷавобгарӣ кашида мешудааст. Ҳамсӯҳбатам илова кардки, "дар ҳар як гурӯҳ яктогӣ ҷойи холи монда мешавад, на всякий случай, ягон вундеркинд (бисёр доно) омаданаш мумкин. Боқӣ ҳамаи ҷойҳо ҳанӯз имтиҳон сар нашуда, "пур" мешаванд. Пешакӣ!"
Биноан, онеки "агар довталаб доно бошад, худаш дохил мешавад", хаёли хом аст. Мешавад, фақат як ё ду нафар. Ҳатто аз рӯи тахминҳои оқои Хуршед Рафиев, агар 20,30% худашон дохил шаванд, 70,80% пулакӣ дохил мешудаанд. Яъне аз 100 нафар 70,80 нафар ришва медиҳанд. Аз ҳазор нафар 700, 800 нафар..... он тарафашро худатон ҳисоб кунед. Ҳосилаш адади "ДАҲШАТ" (УЖАС) хоҳад шуд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Mardum to kai hamin chizhoro bahona mekuned in bahonaho digar ba in zindagii imruza rost namegirad,mahz hamin fikrhoi dar borai "pul" va таго" dovtalabonro ba tanbali va dilhunuki ovarda merasonad, ohir hamin odami bosavodi ba hud bovari doshta metavonad ba hama donoishgoho dohil meshavad man tarafdori fikru akidahoi Hurshed Rafiev ki 4unin fikrroni kardaast roziyam, in fikri shahsii man ast
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин устоди донишгохи тибби руша сиёх мекунад.Аз аз хама бисёртар корупсионерхо дар хамин донишгох хастанд.Бе тагою бе пул хох дониш дошта боши хох не ба донишгох кабул шудан наметавони,махсусан дар донишгохи тибби.

Ин устоди донишгохи тибби руша сиёх мекунад.Аз аз хама бисёртар корупсионерхо дар хамин донишгох хастанд.Бе тагою бе пул хох дониш дошта боши хох не ба донишгох кабул шудан наметавони,махсусан дар донишгохи тибби.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй бародархо шумо аз осмони хафтум фаромадиги ми?
Дар Точикистон бе пул катит саг гап намезанад.
Ин хобатона ба об гуед. Сафсатаи бисёр нахонед. Ина хама медонанд ки бе пул саломат алейк намегиранд.

Азизам, зиннати дунё ба мол аст,
На бар ақлу на бар ҳусну камол аст.
Ҷавоне, ки надорад моли дунё,
Агар шаҳзода бошад, бекамол аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чавоб ба хамаи нафароне, ки назархои (комментарияхои) худро гузоштаанд.
Ба хамаи довталабон - Ман танхо донишгоххои шахри Душанберо дар назар дорам, зеро хам вакт надорам, ки берун аз шахр равам ва хам хакикати дигар донишгоххои чумхуриро намедонам.
1. Ба Абитуриент. Чи хеле ки дар назари пешакии худ навишта будам почтаи электронии ман rafiev-85@mail.ru. Агар ту дар хакикат босавод боши ва дар Донишгохи тибби нисбати ту беадолати карда бошанд, илтимос ба ман навис ё почтаи электронии худро навис ман хатман бо ту дар тамос мешавам ва иншооллох хакикат руи об мебарояд. Бовар кун абитурент, гунахкорон чазои худро мегиранд.
2.Ба Барзу. Чаноби Барзу ман умед ба сайти чаноби оли надорам (ин маънои онро надорад, ки ман ин сайтро эътироф намекунам) ман умед ба хакикат дорам. Бехтараш шаф-шаф накарда, ягон довталабе, ки ба фикри Шумо дар хакикат дониши аъло дошт, вале аз беадолатии комиссияи кабул дохил нашударо ба назди ман биёред, харду якчоя мебинем, ки комиссия кабул гунахкор аст ё довталаби Шумо бесавод аст.

Давомаш аз Рафиев Хуршед
3.Ба Чамшед. Айни замон хамаи донишгоххои кишвар гайр аз гуруххои бучети гуруххои шартномави ва кабули донишчуёни хоричиро ба рох мондаанд, ки ин ба донишгох фоидаи калон меорад. Роххат ба чавобхо е натичаи имттихони тестии кабул бошад дар сатхи раиси комиссия кабул ва ректори донишгох ва нафарони баландмакоми вазоратхои дахлдошта мебошад, ки ин афрод хечгох ба он порае, ки довталаб медихад ниёз надоранд, зеро барои онхо кабл аз хама обру ва боварии Хукумат дар чои аввал меистад. Шумо маро дуруст нафахмидед, Донишгоххо намехоханд, ки танхо 20-30% донишчуёнашон босавод бошанд, балки онхо тайёранд то 100% донишчуёнашон бо бахои аъло хонанд, вале чунин микдор довталаби босаводро ёфта наметавонанд.
Барои хамин бародар бори дигар мегуям, агар довталаб босавод бошад у 100% дохил мешавад.
4. Ба Шариф. Ман туро намедонам, лекин он нафароне, ки дар ин чо фикри худро менависанд, бо саг гуфтуги кардани нестанд. Барои хамин суханатро санчида ибрози акида намо. Баъдан боз такроор мекунам, ки ман ба дигар сохахои хаёти кишвар кор надорам. Танхо ба довталабоне, ки дар хакикат саводи оли доранд ва комиссия кабул нисбати онхо беадолати кардаанд, мархамат ба ман нависед.
Посух додан
  • Neo

  • 18 июл 2013 23:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман ки тамоми авлодам аз бобоям Сар карда духтуронанд, хамчунин бо итминони комил гуфта метавонам, ки холо ба донишгохи тибби бе пул дохил шудан мумкин. Шахсан худам соли 2006 дохил шуда донишгохро бо дипломи аъло хатм намуда, шукри Худо сохиби кори хуб, соли 2008 писари худорахматии амакам, ки майли 10-15 хазор доллар кудрати додани 2-3 хазорро надоранд, дохил шуд. Хаминтавр шохиди дохилшавии довталабони зиеде гаштам. Солхои охир бисерии онхо дар пеши Хуршед Ганиев ном шахс тайери дида, бе ягон мамоният дохил шуда истодаанд. Аз он чумла 5 6 навар хешовандони худам.

Як чахон ба ректори ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино чаноби Курбонов У. А. ташаккур! Дар вакти рохбарии ин шахс донишгох ба мартабахои чашмрас ноил гашт. Дар ин донишгох бе пул дохил шуда хондан имконпазир АСТ. Номи чунин муассисахоро миенравхое ки ба донишгох хеч алокае надоранду аз 10-15 нафар пулро бо ваъдаи дохил кардан мегиранд ва шахсоне ки дохилшудамондан пулашонро Нигох дошта гуе ки худашон дохил карда бошанд, бад мекунанд.
Посух додан
  • firuz

  • 30 июл 2013 13:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй мардум аз хоби гафлат бедор шавен. Ман бо боварии комил гуфта метавонам касе , ки дониш ва саводи хуб дошта бошад хатман бе ягон дирам ва бе ягон шинос дохил мешавад. Шахсан ман бе ягон дирам ба ДДТТ ба номи Абуали ибни СИНО дохил шудам. Ба онхое ки майли дохил шудан доран ва саводи хуб доранд мархамат ба донишгохи мо. Шуморо интизорем
Посух додан
  • донишчу

  • 19 август 2013 07:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман аз нохияи евон бепул 213-балро сохиб шудам
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!