Бахшҳо

Се назар: Духтарони тоҷик ҳамсари ғайримусалмон дошта бошанд ё на?

Саодат Амиршоева, вакили парлумон

Мо занони тоҷик, ки ҳамзамон мусалмон ҳастем, ҳуқуқи издивоҷ кардан бо шаҳрвандони хориҷӣ ва ё аниқтараш намояндагони адёни дигарро надорем. Издивоҷи духтарони тоҷик бо хориҷӣ, ба хусус бо хитоиҳо маро ҳамчун модар ба ташвиш овардааст. Дақиқан имрӯз мо мебинем, ки духтарони тоҷик дар пайи боигарӣ ва сармоя бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ мекунанд, ки ин қобили қабул нест. Ҳарчанд сарқонун озодии комилро ҳангоми интихоби ҳамсар ба шаҳрвандон додааст, вале ман ҳамчун вакили парлумон ваъда медиҳам, ки барои монеа гузоштан ба ин раванд чораҳои қатъӣ хоҳам андешид.

Лола Олимова, коршинос

Хонум Саодат Амиршоева қабл аз ибрози назар бояд биандешад, ки суханони ӯ на ҳамчун як зани оддӣ ва ё модар, балки ҳамчун вакили мардумӣ, ҳамчун мавқеъи парлумон мавриди баҳс қарор мегирад. Ман комилан зидди он ҳастам, ки интихоби духтаронро барои издивоҷ дар Тоҷикистон маҳдуд кунанд. Набояд фаромӯш кард, ки интихоби ҳамсар ва издивоҷ ин кори шахсии ҳар як инсон буда, мансабдоре ҳуқуқи дахолат кардан ба онро надорад. Ҳама инсон асту аз ҷониби Худо халқ шудааст ва касе ҳақ надорад, монеи хушбахтии дигарон гардад. Ҷаҳон хеле бузург буда, ҳамзамон маҳдуд шудааст, духтарони тоҷик низ дар баробари духтарони миллатҳои дигар ҳуқуқи издивоҷ бо шаҳрвандони хориҷиро доранд. Гузашта аз ин аксари мардҳои тоҷик дар муҳоҷират қарор доранд. 5 сол қабл сару садо атрофи он буд, ки аз сабаби муҳоҷирати мардҳо ҳудуди 300 ҳазор зани тоҷик бешавҳар мондаанд. Барои ман хеле ҷолиб аст, ки чаро вақте мардҳои тоҷик ба муҳоҷират мераванд, ҳамсари рус мегиранд, аммо барои духтарони тоҷик хонадор шудан бо шаҳрвандони хориҷӣ бояд маҳдуд бошад. Ман занони тоҷикеро медонам, ки бо намояндагони миллати дигар издивоҷ кардаву зиндагии хуш доранд. Агар мардҳои мо эҳтиром кардани занони тоҷикро аз худ бикунанд, ман сад дарсад кафолат медиҳам, ки духтарони тоҷик ба ҳеч ваҷҳ хориҷиҳоро ба унвони шавҳар интихоб нахоҳанд кард. Дар ҷомеаи тоҷик кам андар кам оилаҳоеро пайдо кардан мумкин аст, ки дар он зан ҳамчун инсон эҳтиром дошта бошад.


Темур Варқӣ,
адиб

Ба ҷойи машғул шудан бо ин корҳои музахраф, беҳтар мебуд агар вакилон қонунеро қабул мекарданд, ки мардҳои тоҷик кори муносибе пайдо кунанд, то имкони таъмини оиларо дошта бошанд. Ин гуна мансабдорон танҳо ба популизм ва худнамоӣ, машғул буда, тавре вонамуд мекунанд, ки гуиё ғамхори миллат ҳастанд. Ба ҷойи қабул қонунҳои нодаркор вакилон тамоми имтиёзҳои ширкати IRS-ро бардоранд, то маҳсулоти кишоварзии Хуҷанд дар бозорҳои Душанбеву ҷануб арзонтар аз маҳсулоти чиноӣ бошад.
Мӯҳр
muhammad
Албатта на мо мусалмон хастем, мусалмон духтар бояд факат бо марди мусалмон издивоч кунад... ин конуни Ислом мебошад.

Вакили парлумон бисер фикрхои хуб гуфтаст бояд ояндаи миллатро фикр кард ба духтари точик намезебад расму оини мо кучо шуд

Хонум-генерал ва вакили мардуми Саодат Амиршоева аз он дар ташвиш аст,ки духтарону занхои чавони точик ба хитоихо ба шавхар мебароянду генофонди миллии точикон рахна шуда.симову афту андоми насли омехтаи онхо дилкашу дидадаро нахоханд шуд.Дар ин бора ман хамчун точик ин хонумро хамеша ва доимо тарафдор хастам.Хонум Лола Олимоваи коршинос дархол мисолхое меоварад,ки ба мардони мухочири точик дахл доранду бо оханги эътироз баён месозад.ки мардони точик хам дар Россия бо занхои рус хонадор мешаванд.Аввалан ин ки занхову духтарони русу дигар занхои россияги хар кадоме дар сари рохе чун нихол намеистанд,ки онхоро барои максадхои хиссиву тангири ва хонадоршави мард бо худ барад.Дуюм,ки онхо хам сафедро аз сиёх фарк карда,дар боби хонадоршавиву барпо кардани оила,аз хешону наздикони худ хам маслихатхо мепурсанд ва чидди ба ин максадхо рози мешаванд.Духтарони рус хам хело бо мулохизаву бо андеша ба чавонон,хусусан бо хоричиён сару кор менамоянд.Мардону чавонони мухочири кори аз Точикистон,дар бораи ба даст овардани дили зебосанамхои рус,хело ва хело дасткутоханд.Хонумхои рус,аз руи рафтору кирдори хеш бо мардхое хонадор мешаванд,ки агар рафтору кирдори зангирхо ба худи онхо монанди ё карини дошта бошад.Масалан хеч гох духтари донишчуи донишкада,ба чавони мухочири гунгу кари точик хатто майли салом доданро надорад.Ба гумон аст,ки дар байни чавонони мучарраду зандори мухочири точик касоне ёфт шаванд,ки бо маданияту хушгуфтори ва донишу маърифати хеш диккати чашмкабудакони тилломуи русро чалб кунанд.Дигар тарафи андешахо,чунин аст,ки занхову духтарони сабукпову майнушу майзадаи рус,на ба худи мардони рус маъкул мешаванду на ба мухочирон.Аз ин ру мушохида мешавад,ки мухочирони сигоркашу майнушу хонабезор боз чуфти хамон занхое мешаванд,ки рафторхои онхо бо хам мувофиканд.Бисёр дидаам,марди 40-солаи точикро,ки бо зани 60-солаи рус хамхонаги дорад.Хатто чавонмарди точикро дидам,ки бо кампири 73-сола зиндаги дорад.Аммо дар микдори умуми мардону чавонони точик майл ва имконияти онро харгиз надоранд,ки бо русзанхо оила барпо кунанд.Солхои пеш мардоне,ки дар даврахои СССР ба воя расида буданду бо сабабхои нооромихои сиёси аз Точикистон ба Россия омада буданд,ба ин максадхо кодир буданд.Яъне забони муоширатро медонистанд ва занхои беваву бешавхари русро меттавонистанд,ба хамхонаги моил намоянд.Акнун он наслхо имрузхо бо сабабхои оромшавиву муътадил шудани Точикистон ба ончо рафтанд ё синну соли онхо ба чое расиду ба оилахои худ баргаштанд.Сабаби дигараш дар он аст,ки хонумхои рус озодонаву бо тарзи мухокимаи хубу мехрубони ба мулокотхои мухаббату ишки тайёр мешаванд.Барои бахти худ мубориза мебаранд.Духтарони точик аз чунин сифатхо дуранд.Озод нестанд,мехрубони карда наметавонанд ва мубориза карда наметавонанд.Ман онхоро гунахгор наменамоям.Чунки урфу одати миллии мо хамин тавр аст.

Хисрав
Ассалому алейкум! Апаи Лола Гуфтанд ,ки хама махлуки Худост рост гуфтанд вале зани Мусалмонро бо марди гайри дини Ислом издивочаш харом аст. Вайроншавии оилахои точик бисёртар дар он аст, ки занони Точик аз илми дин ва Ислом хабардор нестанд, агар хохарону модарони Точик бисёр не камтар шавхархои худро эхтиром олам гулистон мегашт. Боз гуфтанд, ки бисёри мардони точик дар Руссия мераванд, Шумо сохибкор бо чои кор таъмин кунед ягон нафар марди точик аз назди падару модар ва зану фарзанди худ ба хеч кучо намеравад!
Апаи Саодат Мо хамма мардони точик тарафдори шумо!

mirzo
shoyad bahri on Amirshoeva kushish karda istoda boshadki millati khudro begona nakunand

САЛОМ ҲАМ ВАТАНОНИ АЗИЗ ИН МАСАЛЕ ,КИ ИМРУЗ ДАР БАЙНИ МАРДУМ ИН ГУНА РИВОҶ ЁФТА АСТ ҲУКМИ ШАРЪЯШ ҲАРОМ БУДА ВА ИН ҲУКМ БАРОИ ҲАРОМ БУДАНАШ ХИЛОФЕ ВУҶУД НАДОРАД ВА МУТАФАҚ МЕБОШАД ДАР НАЗДИ МУСАЛМОНОН ВА АҲЛИ ЪИЛМ ДАЛИЛИ ИН АЗ ҚУРОН ВА АЗ СУНАТ ВА ИҶМОЪИ МУСАЛМРН ГИРИФТА МЕШАВАД БА ДАЛИЛИ ҚУРОН ИКТИФО МЕКУНЕМ ХУДОВАН ДАР СУРАИ БАҚАРА ДАР ОЯТИ 221 МЕФАРМОЯД (МАЪНОЯШ ИН,КИ) ХИТОБ БА МУСАЛМОНОН МЕ КУНАД ҲЕҶ КАДОМИ ШУМО МУШРИКЗАНОНРО БА ЗАНИ НАГИРЕД ТО ИН ,КИ ЭМОН ОВАРАН ЯНЕ ДОХИЛИ ИСЛОМ ШАВАНД, ВА ЗАНИ ҒУЛОМ ЗАН АЗ ИН МУШРИКЗАН БАРТАРАСТ АГАР ЧАНДЕ,КИ ҶАМОЛУ ЗЕБОГИИ ИН МУШРИКЗАН ШУМОРО МАФТУН СОЗАД. ВА ИНЧУНИН ЗАНҲОРО ХИТОБКАРДА МЕГУЯД ҲЕҶ КАДОМИ ШУМО ЗАНҲОИМУСАЛМОН МАРДҲОИ КОФАРРО БА НИКОҲИ ХЕШ НАГИРЕД ҲАР ОИНА МАРДИ ҒУЛОМ БЕҲТАР ВА АВЛО ТАРАСТ АЗ ИН КОФАР АГАР ЧАНДЕ,КИ ҶАМОЛИ ИН МАРДИ КОФАР ВА СИРАТАШ БАШУМО МАҚБУЛ ВА ҶАЗЗОБ БОШАД. ВА ДАР ИН БОРА САХАН ХЕЛЕ ВА ХЕЛЕ ЗЁД АСТ ВАЛЕ ҲАМИНАШ КИФОЯ МЕКУНАД ,КИ ЛОИҚ НЕСТ БА ЗАНИ ТОҶИК ВА МУСАЛМОН БА ШАВҲАРИ ҒАЙРИ МУСАЛМОН ИЗДИВОҶ НАМОЯД МАН НАСИҲАТ КУНОН МЕГУЯМ БА ҲАР ЗАНИ МУСАМОНИ ТОҶИК ШАРАФИ МУСАЛМОНИ ВА ТОҶИКИАТОРО БАР БОД НАДИҲЕД БА МУҶАРРАДИ ИЗДИВОҶИ ҒАЙРИ МУСАЛМОН ВА СОБИТ БОШЕД ДАР ДИНАТОН КИ ОНҲО МЕШАД, КИ ШКМОРО АЗ ДИНАТОН ДУР КУНАНД ИИН ЭҲТИМОЛ ДУР НЕСТ. БАРОИ ҲАМИН ҲИФЗИ ДИН АЗ ҲАМА ЧИЗ МУҲИМ ТАРМЕБОШАД. ХУДОВНД ҲАММАИ МУСАЛМОНОНРО НИОҲДОРАД ДАР ДИНАШОН ВА БО РОҲИРОСТУ МУСТАҚИМ РАВОНА КУНАД.

Cалом Саодат Амиршоева.. икдоми хеле хуб... Инчо ду масъала метавонад, моннеъи ба шавхар баромадани духтарони точик шавад. Якум бисерзаниро дар Точикистон ичозат дихед. Дуюм шахрванди хоричие, ки мехохад бо духтари Точик ойла барпо кунад, бояд бочи давлати ба микдори 100 сомони ба давлат супорад, баъди он ки боч суупорида шуд, давлат ба у ичозатнома дихад.. Дар гайри хол, акди никохи онхо кабул нагардад ва он гайриконуни шуморида шавад.

Соро
Хак бар шумо Лола Олмова ва Темур Варки. Ин мансабдорони точик мехоханд хатто ба зану шу шудани шахрвандон мудохила кунанд

бандаи. Худо
хукуки зану мардро дар умури зиндаги комилан курони карим барои тамоми бандагонаш хело одилона муайян кардааст, гап дар амал чори кардани амр аст

Лола! Зани точик бояд факат ба марди мусалмон ба шавхар барояд!!!

Салим
Ин лола коршинос неву (коргумкада) будастку........

Ба ЛОЛА ,НАВ ФАХМИДАМ,КИ АКЛИ ЗАН ТО ИН ДАРАЧА КУТОХ МЕШУДААСТ

донишчу аз Амрико
устод Тимур бехтирин гуфтен фикр мекунам ин суханатон барояшон як шапот шуд.. Ман худ дар Амрико зиндаги мекунам шохиди садхо писару духтархои чавони точик шудаам, ки бо духтар ва ё писари амрикои издвоч кардааст ва оилаи хуб хам доранд. Вакилони мухтарам инкадар хукукдон ки хасти як бор фикр намекуники икдоми кардагитон поимол ба хукукхои зан дар чомеа мешавад. ба акидаи устод хамрох шуда аз ин фикри бемаънида як фикре кунен ки барои бехбудии ояндаи Точикистон шавад на заррар.

Taj Pen,
Ташаккуур ба хайати эчодии "Озодагон".. Рости ма дуу пешниход кардам, мутаассифона дар пешниходи дуюм як камбуди пайдо шудааст, мехостам онро ислох кунам. Хуб, пешниходи аввал ин ки ба мардон расман ичозат диханд, ки ду е се зан гиранд. Албатта бо ичозати хатии зани якум ва дюм. Пешниходи дуюм ин, ки агар хоричи хохад ба духтари точик ойла барпо кунад, бояд бочи давлати ба микдори 100 хазор сомони бипардозад. Дар холате аз хам чудо шудан, ин пулро давлат ба духтар (шахрванди Точикистон) баргардонад.

Мастчох
Бисёр гуфтани нестам лекин мусулмон боши ба хитои оиладор нашав. Точикистон хитоихоро эрка кардааст . Гапи бисёр дораму. Афсус

Сафар
Вой бар холи зебосанамхо! Кучои Тохиру Зухро.?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)