Бахшҳо

Камол Қулчудр: Урдуғон аз оқибати Мурсӣ ибрат бигирад

Раҳбари ҳизби ҷумҳурии халқи Туркия, корномаи Урдуғонро ба амалкарди Мурсӣ ташбеҳ дода, гуфтааст, ки «наметавон бо саркуби иродаи мухолифин иқтидорро ҳифз кард.»

Ба гузориши хабаргузории Форс ба нақл аз Курдпресс, Камол Қулчудр- Уғлӯ, раҳбари ҳизби ҷумҳурии халқ, рӯзи шанбе дар бораи руйдодҳои Миср изҳори назар кард. Вай эълон кард, ки таҷаммуъи миллионҳо нафар аз мухолифини Муҳаммад Мурсӣ дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷилваи бошукуҳе аз талош барои эҷоди тағйироти демократӣ ва анҷоми кудито дақиқан ба маънои нодида гирифтани иродаи мухолифини Мурсӣ ва соири шаҳрвандони мисрӣ буд.

Вай дар идома зимни ташбеҳи Раҷаб Тайиб Урдуғон, нахуствазири Туркия ба амалкарди Мурсӣ гуфт: «Урдуғон бояд аз оқибати Мурсӣ дарс бигирад ва қабул кунад, ки наметавон бо саркуби иродаи мухолифин иқтидорро ҳифз кард. Мурсӣ низ аз ҳимоят ва орои болои мардуми Миср бархурдор буд, аммо дақиқан монанди Фиръавн ва Урдуғон бо мушкилоти кишвараш рубару шуд ва ба хотири касби оро тасмим ба нодида гирифтани муолифони худ гирифт ва дидем, ки танҳо як сол тавонист давом биёварад.»

Қулчудор Уғлу дар идома афзуд, «аз Урдуғон мехоҳем даст аз тақлиди Фиръавн бардорад ва бовар кунад, ки таҷассуми демократӣ дар шумориши орои сандуқҳои интихобот нест ва як мақоми сиёсӣ дар баробари ҳамаи шаҳрвандони кишвараш масъул аст ва наметавонад фақат нахуствазир ё раиси ҷумҳури касоне бошад, ки ба у раъй додаанд. Ҳар ҳукумате, ки монанди давлати Мурсӣ аз дин истифодаи абзорӣ ба амал биёварад, ба чунин сарнавиште маҳкум аст ва Урдуғон низ бояд то дер нашуда, асли лойизмро ба унвони аслитарин мабнои ҷумҳурии Туркия мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳад. Аз ин гузашта фаромуш накунем, ки Миср яке аз муҳимтарин ва таъсиргузортарин кишварҳои Ховари Миёна аст ва бидуни шакк шикофҳои эҷодшуда дар ин кишвар дар ояндаи наздик бар руи ҳамаи минтақа ва бавижа дар Туркия низ таъсир хоҳад гузошт.»
Мӯҳр
Rustam
Мутаасифона мардуми мусалмон ва шарк аз вокеият дур рафта истодаанд ва бозичаи дасти дигарон. Хуб худ казоват кунед, агар Туркия мисли Миср шавад, баъдан чи? Ин хунрезихо ба ки даркор? Роххои демократи хастанд аз он истифода кунед, агар мардум овоз надод Эрдугон дигар дар мансаб намемонад...Чаро Амрикову Аврупо ба ин гуна хушунат даст намезананд ва мо бояд хамеша мунокиша кунем. Оё Мурсиро худи ошубгарон ба кудрат наоварданд? Оё хамон дасисабозон набуданд, ки кишвари ободу оромро ба хун дароварданд? Бародарон сулх ва амният бехтарин неъмат аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)