Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:57

Барзу Абдураззоқов -- коргардони беҳтарини соли Қирғизистон

8 июл 2013, 11:55

Доварони фестивали панҷуми театрӣ дар шаҳри Норини Қирғизистон Барзу Абдураззоқов, ҳунарманди маъруфи тоҷикро коргардони беҳтарини сол дар ин кишвар эълон карданд. Ин ҷоиза дар ҳоле ба оқои Абдураззоқов дода шуд, ки рӯзи бистуми июни соли ҷорӣ намоишномаи “Қиёмат”-и ӯ аз рӯи асари Чингиз Айтматов барои нахустин бор дар Бишкек ба намоиш даромад.

“Ман он лаҳза хеле хушҳолу хушбахт будам”,-гуфт Барзу Абдураззоқов дар сӯҳбат бо “Озодагон”. Ҳоло ӯ ба Театри давлатии академӣ ба номи Абдумомунови Қирғизистон даъват шудааст, то намоишномаеро аз рӯи асари Чингиз Айтматов -- "Пегий пес, бегущий краем моря" ба рӯи саҳна орад.

Қарор аст, моҳи сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 85-солагии Чингиз Айтматов, нависандаи маъруфи қирғиз, дар Қирғизистон як ҷашнвораи вижае баргузор шавад. Гуфта мешавад, ин намоишномаҳои Барзу Абдураззоқов маҳз барои ҳамин фестивал таҳия мегарданд.

Барзу Абдураззоқов, яке аз коргардонҳои саршиноси Тоҷикистон аст, ки дар гузашта раҳбарии Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳидро ба уҳда дошт.


Акс аз бойгонӣ: Барзу Абдураззоқов ҳангоми таҷлил аз 70-солагии Театри Камоли Хуҷандӣ дар маркази вилояти Суғд


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Барзу Абдуразоков, бурдбори, тани сихат таманно дорам... Доимо рузи баддат ба хурсанди гузарад. Афсус, ки чунин шахсиятхои маъруф берун аз кишваранд.
Посух додан
  • Азиз

  • 8 июл 2013 12:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чунин пирузии ҳамватани мо ба ҳамаи тоҷикони дунё муборак ва ҷои ифтихор аст. ИН аст истеъдоди баланд, фарҳанги воло, дар кишвари бегона низ исбот мекуни ки ту вокеан кадри тавонои, савод дорӣ. Зиҳӣ Барзуи тавоно ва ҳунарманд! Афсус ки имрузхо дар кишвар як тоифаи муаяни вазифанодида ҳунармандон ва ашхоси покдилу босаводро чашми дидан надоранд ва аз идораву мақомоти давлати қасдан танг ва нагузоштанд, ки истеъдодҳо ба миллату ватанашон хидмат кунанд. Ин ҲАҚИҚАт аст!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!