Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:00

Раиси парлумон: "Тамоми маошамро ба фақирон сарф мекунам"

8 июл 2013, 12:42

Асилбек Жеэнбеков, раиси парлумони Қирғизистон, мегӯяд, аз ҳадди маоши худ ва сарфи он ба оилаҳои камбизоат комилан розист.

Раиси парлумони Қирғизистон, ки дар ин бора зимни нишасти хабарие суҳбат мекард, гуфт, маоши ӯ 30 ҳазор сом буда, бо иловапулиҳои дигар ба 45-46 ҳазор мерасад. Аммо то расидан ба дасти онҳо фисади камаш боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи ин ин намояндаи мардумии қирғиз, фаъолияти парлумони Қирғизистон то рафт ошкортар мешавад ва дар ин замина низ мардуми ин кишвар бояд кумак кунанд. Ӯ мегӯяд, “фаъолияти ҳар як вакил бояд ошкоро бошад ва мо аз ин рӯ, тамоми даромади худро эълон мекунем. Қаблан мо бо орои аксарияти вакилон тасмими махфӣ нигоҳ доштани маошро гирифтем. Парлумони Қирғизистон ба фаъолияти ошкору шаффоф мегузарад ва то он даме ман дар ин симат фаъолият мекунам, талош хоҳам кард, ки то ҳадди имкон фаъолияти парлумон пӯшида набошад. Агар фаъолияти мо куҷое ошкоро набуд. Пас, хоҳиш мекунам, аз он интиқод кунед, то ислоҳаш кунем.”

Асилбек Жеэнбеков хотиррасон кард, ки тамоми маоши худро ба оилаҳои камбизоату фақир сарф мекунад. “Метавонед ба эълонномаи ман дар бораи даромади солонаам назар кунед. Ман шахси камбизоат нестам ва ба ман ин кифоя мебошад”,-афзуд ӯ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Раиси Парлумони Точикистон бошад мохона наздик ба 26 хазор сомони маош мегирад, бе назардошти иловапулихои хархела. Иловатан барои зарурияти шахси солона такрибан 100 хазор сомон фонди махсус дорад. Лекин аз ин маош дар пушти идораи ГАИ республика каср сохта истодааст. Чи даркор ба у гами камбагала хурдан.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!