Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:09

“Чӣ гуна як муҳоҷир дар мулоқоти ҷаноб иштирок мекунад?”

8 июл 2013, 15:36

Кабирҷон Ҷӯраев, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, сарусадо дар бораи он ки ҷавононро барои мулоқот бо раисиҷумҳур аз қабл омода мекунанд, беасос донист. Ӯ, ки рӯзи ҳаштуми июли соли ҷорӣ дар нишасти хабарӣ суҳбат мекард, гуфт, ба мулоқоти президент натанҳо хизматчиёни давлатӣ аз корхонаву идораҳои пойтахт, балки ҷавонони фаъол аз манотиқи кишвар низ даъват шуда буданд.

“Шумораи нафароне, ки мехостанд дар мулоқоти президент ширкат варзанд, 12 ҳазор буд. Вақте шумораи иштирокчиёнро муайян карда, ба президент пешниҳод кардем, ҳарчанд дар он ҷавонони фаъол номнавис шуда буданд, аммо президент онҳоро хат заданд ва ба ҷавонони мақомоти маҳаллӣ такя карданд. Аз 2200 ҷавон, 1700 нафар аз шаҳру навоҳии кишвар буданд, ки аксаран омӯзгору олимони ҷавон ва гирандагони стипендияи президентӣ буданд",-гуфт ӯ.

Оқои Ҷӯраев афзуд, "чӣ гуна як ҷавоне, ки муҳоҷир аст ва бекор буда бо шуғле фаро гирифта нашудааст, дар мулоқоти ҷаноб иштирок мекунад? Оё сатҳи ин қабил ҷавонон ба сатҳи мулоқот ба президент баробар аст? Ҳамон ҷавононе, ки дар мулоқот бо президент ширкат доштанд, имрӯзҳо дар минтақаҳои худ бо дигар ҷавонон вохӯриҳо мегузаронанд.”

Ин дар ҳолест, ки Моҳрухсор, хабарнигори “Минбари халқ”, нашрияи расмии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ба Кабирҷон Ҷӯраев гуфт, дар рӯзи мулоқоти раисиҷумҳур бо ҷавонон шоҳиди он будааст, ки нафарони сабтиномшуда имкони савол доданро доштаанду халос. Вай гуфт, вақте ба назди баландгӯяк омаду хост, ба раисиҷумҳур пешниҳодҳояшро ироа кунад, як нафар монеи суҳбати ӯ шудааст. “Ба ман гуфтанд, ки аз назди баландгӯяк дур шавам. Зеро танҳо нафароне ҳаққи савол доданро доштаанд, ки пешакӣ рӯйхат шудаанд”,-афзуд ӯ.

Иддаое, ки Кабирҷон Ҷӯраев рад карда ва гуфт, ин суҳбат озодона сурат гирифта касе ҳам монеи суҳбати ҷавонон нашудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Darvesh

  • 8 июл 2013 15:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Hukumati demokrati. Savolro ba nomnavis medodaand ha ha ha PRIKOL
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ранг бину хол пурс!!!!!!!
Посух додан
  • Содик

  • 8 июл 2013 16:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин мардак аз чехрааш маълум, ки савод надорад. Гапоша мехони точна савод надоштагиша мефахми. Хами хам гап шуд, ки мегуд мухочиро сазовори мулокот бо президент нестанд? Намефахмад чи гуфтосагиша. Мулокоти президентба бе ягон дуругу фиреб руйхат буд, хамая намемонданд ки гап зана.
Посух додан
  • Холмахмад

  • 8 июл 2013 17:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин мардаки хуб мисли раисаш гапро тоб дода наметавонистааст
Посух додан
  • muhojir

  • 8 июл 2013 17:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Садкаи нони мо мухочирин шави, садкаи маоше шави, ки аз хисоби мо ба ту дода мешавад. Ту фикр карди, ки мо-мухочирин саросар бесаводем, агар ки ба хичрат рафтаем??? Сад бор номаъкул карди!!! Мо аз дасти ту барин бесаводоне, ки курсихоро банд кардеду кишварро 20 сол боз дар бухрон нигох медоред, худро аз Ватан берун адохтаем. Аксари мо аз шароити нобуд, маоши ночиз ва аз хама асоси набудани имконияти амалинамои накшахои ободкорона ва ношинохта шудани истеъдодхояшон ба хичрат рафтаанд. Ана назари як масъули сохторе, ки сад дар сад масъул ба такдири чавонон асту сиёсати давлатии онро пеш мебарад.
Ин кадар бесаводона, беандеша сухан кардани як политики чавонро бинед. Охи чи гуям....
Ё Раб, ин навдавлатонро бар хари худшон нишон!!!!

Агар мо бесаводему аз дастамон коре намеояд ва лоики сухбат бо президентро надорем, чаро намояндагони хизби шумо, сад дар сад бовар дорам, ки узви ХХДТ хастед, ба суроги мухочирин меоянд???? интихобот наздик да...
лекин бидонед:
Мо дигар аз он гарибон нестем!!!...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шарм надошта дуруғ мегуед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О и мардаки хув хдаш хдаша фош кардесай ку????
Ба ин суханак аҳамият диед: ...Ҳамон ҷавононе, ки дар мулоқот бо президент ширкат доштанд, имрӯзҳо дар минтақаҳои худ бо дигар ҷавонон вохӯриҳо мегузаронанд.. Давоми мантиқии ин сухан он аст, ки он ҷавонҳо аз кориҳои худ дар минтақаҳо ҳисобот дода истодаанд. Айни ҳаму давраи Комсолии хдмон вори, охи.

Ана ин суханакаш тамоман нишонаи беақлиш будай: чӣ гуна як ҷавоне, ки муҳоҷир аст ва бекор буда бо шуғле фаро гирифта нашудааст, дар мулоқоти ҷаноб иштирок мекунад? Оё сатҳи ин қабил ҷавонон ба сатҳи мулоқот ба президент баробар аст? Президент вазифадор ҳаст он чизера ки мардум мега, гуш кунаду аз паи ислоҳи камбудиҳо шавад. Э чиновники чаласавод, касе ба ту ҳуқуқ надодастай ҳақи конститутсионии як шаҳрванда инкор куни о. Тавба, тавба... ба и дараҷа бесаводаша нав дидум е.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хамин мансабдори хукумати Точикистон фахмондан лозим аст, ки хамон курсии зери кунаш моли бо араки чабини хамон мардикори ба кавли вай бекор харидашуда аст. Вагарна руи замини хоки менишаст. Шояд он гох фикр мекард ва дар хакки беш аз 1 миллион чавони точики сарсону саргардон чунин сухани кабехро раво намедонист. Ман аминам, аз оилаи худи у низ имруз чанд нафаре дар Русия ба хотири пайдо кардани ризку рузи умр ва неруи чавонашонро мефарсоянд. Хайф бар ту ай бемагзи хукумати!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикрам,ки баръакс будагист.Бояд.ки президенти Точикистон Рахмон худаш бояд ба мухочирон вохури намояд.Дар аввали мохи ноябрь,кариб 80-фоизи мухочирон ба Точикистон бармегарданд.Чаноб дар Кохи Миллат бо мухочирони мехнатии Точикистон,ки аз мухочират баргаштаанд,метавонад вохури намояд.Эй Рахмон,назари худо дар пастист,як бор бо хамин мухочирони гарибу саргардон хам вохури намо.Аз хама савоби бузург бо гарибон гамхор будан аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!