Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:11

Барканории судяҳои Хоруғ, Истаравшан ва Панҷакент

8 июл 2013, 16:11

Бобобек Файзиддинов, судяи суди ноҳияи Панҷакент дар пайи ошкор шудани камбудиҳо дар фаъолияти корияш аз мақомаш барканор карда шуд.

Дар ин бора Амирхон Исҳоқов, муовини аввали раиси Шӯрои адлия зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки имрӯз 8-уми июл баргузор шуд, иттилоъ дод.

Номбурда камбудиҳои Файзиддиновро мушаххасан шарҳ надод ва ҳаминро илова намуд, ки дар 6 моҳаи соли равон дар фаъолияти ягон судя амалҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Алимшоев Пироншоҳ, раиси суди гарнизони шаҳри Хоруғ ва Рустам Неъматов, судяи суди ноҳияи Истаравшан низ дар ин давра аз вазифа озод карда шудаанд.

Амирхон Исҳоқов иброз дошт, ки Алимшоев ва Неъматов бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон, бо арзизаи худ аз вазифа озод шудаанд.
Шӯрои адлияи Тоҷикистон нисбати 3 судяи дигар- Мирзохон Саидов, судяи суди ноҳияи Шӯрообод, Бурҳонхуҷа Ятимов, судяи суди ноҳияи Вахш ва Раҷабалӣ Наимов, судяи суди ноҳияи Шаҳритус муҷозоти интизомӣ татбиқ намудааст.

Исҳоқов қайд намуд, ки барои ошкор сохтани камбудиҳо дар фаъолияти судяҳо дар Шӯрои адлия гурӯҳи махсуси корӣ ташкил ёфтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шурои адли Нур Нуровро судя хисоб намекунад? Агентии зиди фасод Нуровро барои аъмоли коррупсионияш магар парванда накушод ё? Хисоботи дуруги макомхои давлати боз огоз шуд!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба судя чазои интизомиро танхо Коллегияи интизомии судяхо бояд татбик намояд, на Шурои адлия ё дигар макоми давлати. Мустакилияти судяхо то чое махдуд шудааст, ки Шурои адлияро онхо вазоратхонаи худ мехисобанд. Ва карикатурааш дар он аст, ки дар даромадгохи бинои хамаи судхо Шурои адлия чун макоми болои дарч шудааст. Лекин Конститутсия мегуяд: судя танхо ба КОНУН итоат мекунад. Пас инро барои чи навиштем? Ха, барои шарикони хоричи ва ба дастовардани ГРАНТИ навбати!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!