Дарёфти 190 тангаи гаронбаҳо дар майдони сохтмонӣ
Дар Туркманистон ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонӣ беш аз 190 тангаи нуқрагинро пайдо намудаанд, ки умри 600-сола доранд.
Расонаҳои туркманӣ иттилоъ медиҳанд, ки дар вилояти Марви Туркманистон зимни корҳои сохтмонӣ 191 тангаи нуқрагинеро ёфтаанд, ки ба қавли бостоншиносони ин кишвар ба асри 15 марбут мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, аз минтақае, ки аз он ин тангаҳои бостонӣ ёфт шудаанд, қаблан корвонҳои тоҷирон ба суи шаҳрҳои Ҳирот, Марв ва Сарахс ҳаракат менамудаанд. Гуфта мешавад, ин шаҳрҳо бахше аз низоми густурдаи Роҳи абрешим маҳсуб меёфтаанд, ки дар густариши равобити тиҷорӣ-фарҳангӣ миёни Шарқу Ғарб нақши калидӣ доштааст. Бар асоси манобеи таърихӣ, дар он давра шаҳри Ҳирот пойтахти Хуросон ба шумор мерафт, ки он замон таҳти раҳбарияти Темури Ланг қарор дошт.
Бояд гуфт, баъди гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ин тангаҳо барои нигаҳдорӣ ба ҷамъовари(колексиюн)-и Осорхонаи Маркази давлатии фарҳанги Туркманистон супорида хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |