Бахшҳо

Зиёӣ?!

Халил ҚАЮМЗОД

Дуруд хонандаи арҷманд!
Ин навбат дар бораи қишри зиёии кишвар менависам.
Вожаи зиёиро метавон бо чанд намуд фаҳмонд. Аммо ба ин чор намуд иктифо мекунем:

1) Зиёии классикӣ
А) - шахси донишманд, эҷодкор, ҳунарманд, дорои ақл ва фаросатро мегӯянд.
Б) - корманди давлатӣ, ба ҷуз мақомотҳои қудратӣ.

2) Зиёии фиребӣ (фиреб-бин!)

А)-зиёии худфиреб. Нафаре, ки фикр мекунад бо пӯшидани шиму костюм зиёӣ шудааст.
Б)- зиёии мардумфиреб. Нафаре, ки бо рафтори “боодобона” ва суханони “оқилона” худро зиёӣ мешуморад ва аз дигарон ҳам талаби эътирофи зиёӣ будани хешро мекунад.

3) Зиёии дарборӣ
Нафаре, ки бо ҳар роҳу усул манфиатҳои дарборро (ҳокимият на давлатро) тарафдорӣ мекунад. Ба хотири ба дарбор наздик будан ва то андозае зиндагии худро обод намудан, ин тоифа зиёиёни дарборӣ ном доранд. Беҳтарин мисол метавонад, шахсияти Бозор Собир бошад. Ин ҳарф ниёз ба шарҳ ҳам надорад.

4) Зиёии ҳақиқӣ (эътирозӣ)
Шахси хирадманд, дорои фаҳмишу ҳисси хоса, интиқодгар. Манфиатҳои Ватану давлатро аз манфиатҳои худу ҳукумат болотар дониста, аз онҳо ҷонибдорӣ мекунад. Зиёӣ агар эътироз кардан натавонад, пас шубҳа пайдо мешавад нисбати донишу фаҳмиши ӯ. Зиёӣ наметавонад эътироз накунад, чунки зиёии аслӣ табиатан нафари волоназар мешавад. Ӯ ҳар чизро қабул намекунад, ҳар чизро нисбати худу Ватанаш сазовор намебинад. Ӯ дар бораи беҳтаринҳо медонад, меандешад, менависад.

Зиёӣ, яъне кӣ? Меҳмон Бахтӣ ё Олга Тутбалина?


Олга Тутабалина, муҳаррири рӯзномаи “Азия-плюс”, рӯзи 30-уми май, матлабе зери унвони “Нозиёиёна дар бораи зиёиён” навишта буд. Ман худи он рӯз матлабро хонда будам. Он ягон шоҳкорӣ набуд. Як дидгоҳи хоси як рӯзноманигор буд. Ва вақте дар пешгуфтори он матлаб, бону Олга Тутабалина лозим донист, гуфтаи Ленинро (“зиёиён қишри ақлонии ҷомеа набуда, наҷосати онанд”) нисбати баргаштани шоири тоҷик, Бозор Собир ба Ватан ҳамчун мисол оварад...

Яке Меҳмон Бахтӣ ҳам дар ниҳоят аз ҷояш хест, дид ҷои нишастааш намнок будааст. Ба ғазаб омад, асабӣ шуд ва ниҳоят лозим донист, ки Олга Тутабалинаро барои ифшои сирри магӯяш ба додгоҳ кашад. Аз ин иқдоми Меҳмон Бахтӣ дигарон ҳам илҳом гирифтанд ва аз ҷой хестанд. Диданд, ҷои нишасташон тар будааст. Асабӣ шуданд ва лозим донистанд бо як бонуи ошкорбаён дар якҷоягӣ мубориза баранд.
Агар Ленин зинда мебуд, мутмаинам, хомӯширо авло медонистанд зиёиёни дар нохунаки мо. Аммо Ленин зинда нест, ва “зиёиён”-и мо баъди марги ӯ бо як суханаш дар як саф ҷамъ омада, мубориза бурдан мехоҳанд. Пас, зиҳӣ Ленин!

Аммо агар ман, нависандаи ин сатрҳо, дар симои раиси Иттифоқи нависандагон, мӯҳтарам Меҳмон Бахтӣ, як нафар зиёии ҳақиқиро медидам, бовар кунед, пеш аз ҳама аз гиребони Олга мегирифтам, ки чаро ин тавр навиштӣ, зуд узр бипурс.

Шумо, зиёиёни дар бораи г..ҳ фикр мекарда бас набудед, ки имрӯз боз чанд корманди як сохтори қудратӣ ба сафи шумо пайваста, ба идораи рӯзномаи “Азия-плюс” рафтаанд. Зиёӣ буданро аз Барзу Абдураззоқов биомӯзед, ки берун аз Тоҷикистон ҳам тавонист обрӯи миллати тоҷикро боло барад.

Пас, зиҳӣ ҳақиқат!

Зиҳӣ Олга, ки тани танҳо, тани садҳоро ба ларзиш даровардаӣ!
Мӯҳр
Дарвеш
Дар Точикистони азизи мо,кариб,ки зиёи намондааст. Хамаи онхое,ки хусусан Мехмон Бахти ё Бозор Собир ,худро зиёи мешуморанд ,дар асл онхо хато мекунанд. Зиёи хамеша бояд бо халк бошад на бо хукматдорону мансабдороне,ки халкро ба ин ахволи бад оварда расонидаанд.
Навиштахои хонума Олга сад дар сад дуруст мебошанд.

Мухтарам Халил Каюмзод!!!

Ту худатро зиеи мешумори??

Бас будагист хушомадгуи ба русхо, ин Олга-и ту мегуфтагия максадаш гавгоангезии халки чангзадаи точик аст.
Як бор ахволи мухочирони точикро дар ватани ОЛГА-Россия бин.
Русхо моро одам хисоб намекунанд. Русхо фашистони асри 21 хастанд.
Мухочирони Мексикои дар Амрико, аз мухочири точики дар Россия буда, бесаводтаранду, корхои сиехро бисертар мекунанд, лекин дар магозахо, банкхо ва хатто мактабхо, барои ХУРМАТИ мухочирони Мексикои, шахрвандони Амрикои ба забони Испани(забони мухочирони Амрикрои лотини, аз чумла Мексика) харф мезананд ва хатто китобхои дарсиашон бо ду забон хам англиси ва хам Испани чоп мешаванд.

Русхо дар ягон аср ба ягон миллат хуби наовардаанд ва нахоханд овард!!!!
Олга бояд дар назди конун чавоб гуяд.

Озодагон, аз хамкорот натарсу, суханхои Маро начаконда чоп кун.

Ха тарсидед, аз чопи КОММЕНТИ ман. Подхалимхои РУСХО!!!

Тутубалина бо навиштаҷоти интиқодиаш дар рӯзномаи "Азия+" овозадор шудааст. Ин зан бидуни ҷазо аз фард фарди тоҷик сар карда то ҳукумату парлумони Тоҷикистон мақолаҳои масхараомез чоп мекард. Пас аз ҳар як мақолаи нангини ӯ банда дар ҳайрат мемондам ки, "чаро масъулини ҳукумат ба ин ҳама тоқат ва таҳаммул мекунанд?" Ман намедонам сатҳи русидонии ишон то чи андоза амиқ аст, вагарна, агар бо он чизе ки О.Т. менавист ва ончи ки дар забони худи онҳо "ПАСКВИЛЬ" ва нигорандаи он "ПАСКВИЛЯНТ(КА)" номида мешавад, шумо ҳамвора ошно мешудед, ин "пасквил"ро пиромуни равшанфикрони тоҷик, аз ҷумла шоири тоҷик оқои Меҳмон Бахтӣ, рӯи коғаз намеовардед. Агар донед, банда маҳз барои ҳамин зани пасквилянтка (писачка) шуда, як сол боз ин ҳафтаномаро на харидорӣ мекунаму на дар инет мекушоям. Намехоҳам асабҳои худро хароб созам!

Масъулини андозу дигару дигар ҳамеша барои кучактарин интиқод чи қадар ҳафтанома ва устодони рӯзноманигории тоҷикро тайи ин солҳо таҳти таъқиб қарор медоданд, шояд аз ин хабар доред? Онҳоро ҳафтаҳои тӯлонӣ мебастанд! Пас ягонтаи он қаҳрамонон ягон ҳафтаномаи русиро ягон маротиба , ба истилоҳ, ғам додаст? Ёд доред? О.Т. ана дар ҳамин шароит қалам тез кардааст. Эркатулмаъобони кишвари азияткашидаи Тоҷикистон! Ҳамаи русҳо инҷо эркатулмаъобанд. Онҳоро як маротиба дарси адаб додан даркор. Ба қавли худашон "надо их раз и навсегда посадить на место!"

Акнун қисми дигари сӯҳбат. Чӣ, ба назари шумо шоири тоҷик вазифаи худро яксу гузошта, ба интиқоди ҳукумату даъват ба митингу саркашӣ пардозад? Интеллигенсия танҳо шоиру нависандагон ҳастанд? Магар ҳар як фарде ки бо қалам ва илму дониш сару кор дорад ба интеллигенсия дохил нест? Аз муаллимон сар карда, то духтуру журналисту инженеру коргари давлатӣ. Аз ҷумла шумо ҳам. Пас тасаввур мекунед пусханду ҳақорати "дугонаатон" Тутубалина ба чӣ миқдор сокинони Тоҷикистон таалуқ дорад? Қариб нисфи аҳолӣ! 3,5 илло 4 миллион!

Аз тарафи дигар шумо аз О.Т. боре пурсидед ки, ӯ чи ҳақ дошт он суханони диктатор Ленинро ба "қисме" аз интеллигенсияи тоҷик нисбат диҳад? Бо чи мақсад? Аз зиёиёни тоҷик чӣ интизор буд, ки бароварда нашуд? Не, албатта! Вале ӯ ба ин саволҳо дар суд ҷавоб медиҳад.

Шумо, мӯҳтарам, як фарди тоҷик ҳастед. Фикр мекунам, мисраҳои зерин барои шумо гуфта шудааст: "МАН АЗ БЕГОНАГОН ҲАРГИЗ НАНОЛАМ, БО МАН ҲАР КОР КАРД, ОН ОШНО КАРД!"

Шохрух
Ба хар хол Олга нисбати бозор собир хак аст

Зиёи
Ташаккур Халил барои ин матлаб!
Шармандаги ба Бахти ва тарафдорони у. Аз ин гуна зиёи буданатон, набуданатон бех. Ин чи кадар ба инхо алам кардаги бошад, ки аз Олга 200 000 ва молу амволи уро талаб мекунанд? Баъди ин зиёиони хакики худро пинхон мекунанд барои он ки Бахти ва Ко хамаашро шарманда кард. Зинда бош Олга!

Лоик видоят карду рафт..... Зиёй............)))) нест нест нест дигар нест ((((

ОФАРИН ЧАМШЕД!!!

Ин мардуми мо аз хушомадгуии русхо хеч сер накард, да.
Хамаи ин кафомондагии мо аз сабаби зиеда аз 70 сол мустамлика будани мо ба СССР аст. Мардуми мо бошад холи хам сарашро аз таги куни русхо бардоштани нест.

Дар давлатхои ГАРБ, русхоро одам хисоб намекунанд ва хамчун миллати найрангбозу гавгоангез мешиносанд. Дар назари халки мо бошад, русхо фаришта хисобанд.
Агар Халили Каюмзод, худашро зиеии ТОЧИК шуморад, бояд камбудихои мухочирони бечораи точикро ки дар ватани ОЛГА-РОССИЯ гулом барин кор карда истодаанд, ба гуши ХУКУМАТДОРОН расонаду, дар рохи хали ин масъалаи шавад.
Лек афсус, ки моро ин русхо хамавакт таъна мезананду мо "СПАСИБО" гуфта шиштем. АЗ МОСТ КИ БАР МОСТ!

Саломат бошед.

ҳами Мехмон Бахти дар худи ҳами итифоки нависандаҳо обру надорад,ба гуфти мирзо шукурзод вай Бахтакай

Фаришта
Зинда бошед, дуст ва бародари гиромӣ Халилҷон, бисёр ҳам як мақолаи хонданбоб ва воқеияти имрузаро инъикос кардаед, ба навиштаҳои Шумо билкул розиям, тақсимбандии зиёӣ ҳам дуруст ва навоварӣ мебошад. Мафҳуми зиёӣ ро ба мо хонандагон шарҳ дода тавонистед ва маънии лозимаро гирифтем.

Фаришта,
Ай, ФАРИШТАМОҲ, мафҳуми зиёиро ту то ба ҳол намедонистӣ ки аз Х.Қ. омӯхтӣ? Магар аробакашӣ? Шумо аз зиёӣ ё равшанфикрон чӣ интизоред, ки ин қадар ба шоир Меҳмон Бахтӣ часпидед? Ишон нони кадоматонро хӯрд? Ман бо он кас боре ҳам рӯбарӯ нашудаам ва ишонро ба сифати як шоири тоҷик мешиносаму дифоъ мекунам. Ҳамаи шоир, нависанда, ҳунарманд, донишманд ва шахсиятҳои давлатӣ, уламои динӣ нангу номӯси миллати мостанд ва, ин вазифаи фард фарди тоҷик аст ки онҳоро пуштибонӣ кунанд.

Медонед дар валвалаву митингбозиҳои солҳои навад чӣ қадар равшанфикрони тоҷик кушта, таъқиб ва берун аз Ватан шуданд? Магар Тутубалина ва чоплусони тоҷикистонии ӯ дубора инро мехостанд? Ба мақсадашон намерасанд! О.Т. аз рӯи фитнаи "РАЗДЕЛЯЙ И ВЛАСТВУЙ!" бозӣ карда истодааст. Дар арафаи интихоботи президентӣ, маъракаи муҳимми сиёсӣ! Мутаассифона як силсила манқуртони тоҷик ва шояд дигар миллат ҳам, инро нодида мегиранд.

Олгаҳам ҳақ гуфтаасту туҳам Халил рост мегӯӣ! дар ҳаққи Бозор Собир сад дар сад рост гуфтед. Одатан шоир агар як чорчубаи муайяни ақидави надошта бошад, яқи ба гумроҳӣ меравад. Мо да шаъни Устод Бозор ягон сухани таҳқиромез гуфтанӣ нестем, лекин эшон дигаронро таҳқир кард.
Ҳазорон тоҷи сомонӣ, Ҳазорон саллаву дастори рӯҳонӣ, ба он як шапкаи Бозор намеарзад. дигар воқеият ҳаминро нишон медиҳад.

Хуршед
Канд зан Чамшед, хакикати холро ба ин точикофобхо гуфти

Вокеан барои миллати МО зиёи на ба маънои донишманд ва хирадманд шинохта мешавад. Яъне мо зиёи дорем, вале ПЕШВО надорем. Чун ба ин сатх расилем ё Додочон Атовулло мешавем ва ё чун дигаре ин миллатро падруд мегуем.

Mardumi rus da foidai khalqi mo nest va har milateki bar zarari mo boshad khub meshud ki mo bo onho hamaqida naboshem biguzor mo problemahoro baini khudamon hal kunem! Ha boz yakchizi digar mo ziyoii haqiqi nadorem agar dorem pas joi onhoro bazei besharafhoe giriftaand,ki dar vazifahoi gunoguni davlat kor mekunand.

Mardumi rus da foidai khalqi mo nest va har milateki bar zarari mo boshad khub meshud ki mo bo onho hamaqida naboshem biguzor mo problemahoro baini khudamon hal kunem! Ha boz yakchizi digar mo ziyoii haqiqi nadorem agar dorem pas joi onhoro bazei besharafhoe giriftaand,ki dar vazifahoi gunoguni davlat kor mekunand.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)